Главная / Гуногун / ОЛИМ ШУДИЮ ОДАМ НЕ

ОЛИМ ШУДИЮ ОДАМ НЕ

Рузи шанбе, баъд аз зухр, Мехмон ба тамошои шахр баромада, дар кучаи калон бо шиносаш Ризвон ру ба ру омад. Вай чорчашма ба занхои зебо менигарист. Ризвон азми гурехтан карда буд, ки Мехмон ба у расиду даст ба салом дароз кард:

– Чи хел, Ризвон?

Ризвон пеш шитофтани мешавад, аммо Мехмон дасташро сар намедихад. Вай дар фикри халос хурдан дасташро мекашад, вале рахо хурда наметавонад.

– Сар те, – ба худ киёфаи чидди гирифт Ризвон. – Ман шитоб дорам.

– Чи холу ахвол дори?

– Холу ахволам нагз, хуб, соз, – бо ситеза гуфт Ризвон ва бо кахр пурсид: – Шуд-ми?

– Не, нашуд, – чашм аз у наканда, гуфт Мехмон. – Ха, нашуд, чашмонат бечо.

Ризвон нигохашро гурезонд.

– Агар хато накунам, ту ба шикор баромади-а?

Чунин саволи ошкоро барои Ризвон нихоят ногувор буд. Аз ин ру бетокат шуду бо нуги забон лаб лесида, чи гуфтанашро надонист. Он гох Мехмон бо нафрат ба чехраи у нигариста, бо таассуф пурсид:

– Хамсари зебою окила дори-а?

– Ха, дорам. Ба ту чи?!

– Чаро аз кафои занхои дигар мегарди?

Вай бо нигохи истехзоомез ба Мехмон нигарист:

– Э, ту чиро медони: хар гуле, як буе. Фахмиди?

Мехмон хуштаки дурударозе кашид. Баъд гуфт:

– Шарм намедори?

– Эъ-ъ… хамааш айби дил. “Ман ба фармони дил, кай дил ба фармони ман аст”.

– Такозои табиатам хамин аст гуй… Чи, имруз шикор барор нагирифт?

Ризвони шигифтзада лахзае сокит монд ва сипас:

– Ха, – гуён, икрор шуду пасон бо овози канда-канда пурсид: – Аз кучо фахмиди?

– Аз лабу лунчи овезонат…

– Хайр шуд! – ситеза кард Ризвон. – Бехтараш ба ман ёрдам медоди?

Лаби поёнашро зери дандон гирифта, Мехмон муддате ба Ризвон нигарист. Нигохаш озмоишкорона буд. Вай аз ёри даст кашидан хост. Вале фикри тозае дар сараш чун барк мавч зад. Ва ба Ризвон ру оварда гуфт:

– Хуб, мекушам мадад расонам.

Сипас илова намуд:

– Охир шоир бехуда нагуфта:

                   Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст

                   Дар парешонхоливу дармондаги.

– Офарин! – уро тахсин кард Ризвон. – Сар кардем!

Онхо кучаро муддате зери назар гирифтанд. Занхо бисёр буданд. Меомаданду мерафтанд. Лекин ба Ризвон маъкул намешуданд. Ба хар яке ягон айб мечаспонд. Нихоят зани ба кавли Ризвон “кашанг”-ро диданд. Вай зебову бошукух кадам мезад. Мехмон бо овози паст аз Ризвон пурсид:

– Хуш, чи хел? Ба ту маъкул?

– Хо-о-о, олихаи хусн! – пичиррос зад Ризвон. – Нодираи замон! Аз пасаш мешавем! То ба даст надарорам, намемонам!

– Метавони? – бо марок пурсид Мехмон.

– Чи, ту ба истеъдоди ман шубха мекуни?! – чашмони бозингарашро аз зан наканда, гуфт Ризвон.

– Не, не, ба булхавасии ту заррае шубха надорам…

– Булхаваси не! – сухани Мехмонро бурид Ризвон. – Ман занхоро бенихоят дуст медорам.

– Фахмо, – гуфт Мехмон ва ба у латифае накл кард: “Чавон аз муйсафеде мепурсад:

– Таксир, бо духтар хоб кардан магар гунох аст?

Муйсафед дар чавоб мегуяд:

– Не, писарам гунох нест. Вале гап дар ин, ки шумо – чавонхо хоб намекунед-да”.

Ин дам онхо ба зан наздик шуданд. Ризвон ин мисрахоро баланд замзама кард:

                  Ду абруи хамида чун хилолат,

                  Гирифторам ба он хусну чамолат…

– Ох, ох, чи шеъри оли! – бо хушхоли гуфт Мехмон. – Шеъри худат?

– Ха, боз аз ки мешуд, – бо фахру гурур гуфт Ризвон. – Худи хозир мурги илхомам ба парвоз омаду шарти бофтам.

– Гуш кун, Ризвон!

– Гушам ба шумо, дусти азиз, – ширингуфтори намуд Ризвон.

– Рисолаи номзадиатро химоя карда, олим шуди, а?

– Ха-а, олим шудам, дусти азиз.

– Пас туйро кай мехурем?

– Кадом туйро?

– Туйи хонадошавиатро, – чавоб дод Мехмон. – Охир то кай мучаррад мегарди?

– Бале, гапат рост, – баланд гуфт Ризвон, то ки зан шунавад. – Худам хам дар хамин андешаам. Чанд вакт шуд, ки арус мекобам.

– Рост? Пас Хилоли дар хаки ту гуфта будааст-да:

         Ман ошики девонаву мастам, чи тавон кард?

         Майхорву маъшукпарастам, чи тавон кард?

– Не, не, ман на девонааму на майхора, – гуфт Ризвон ва баъд ин мисрахоро суруд:

                      Аз дараи Камароб

                      Анор овардаме…

– Магар дар Камароб анор меруяд?

– Не, – чавоб дод Ризвон, – намеруяд.

– Пас чаро ин тавр мегуянд?

– Анор номи арус аст, – шарх дод Ризвон.

– Ха-а, фахмидам, – гуфт Мехмон. – Ту хам аз Камароб арус овардани хасти?

– Не, ман аз хамин шахр арус меёбам.

– “Харчи дилам хост на он мешавад, харчи Худо хост хамон мешавад” гуфтаанд.

– Рост. Худо ба ман мехрубон аст.

Ризвон хис кард, ки зан ба сухбати онхо таваччух дорад. Дахонаш аз хурсанди то баногуш расид.

– Дилам гувохи дода истодааст, ки имруз Худо бонуеро насиби ман мегардонад. Бин, хатто офтоб хам ким-чи хел мехрубон, навозиш мекунад, умеду бовари мебахшад.

– Офтобро мону гуё, ки худат ба домоди тайёр хасти охир?

– Набошад чи? Домоди таппа-тайёрам. Чун Юсуф зебо, чун Корун сарватманд, чун Хотам саховатманд, чун Рустам пурзур..

– Ба фикрам хона дори, а?

– О-о, хонаи оличаноб дорам, – бо ифтихор гуфт Ризвон. – Се хучра, тамоми шароит мухайё.

– Дил чи, дори?

– Дил хам дорам. Ана бин, тик-тик мезанад. Танхо дилбар лозим. Як мошини хоричи дораму як дачаи дака-данг, намедонам, ки кадомашро фурушам. Маслихат бидех, ки кадомашро фурушам.

– Надонам, – гуфт Мехмон.

– Агар зани хуб ёбам, хам мошину хам дачаамро мефурушам. Ха, хеч чизро дарег намедорам.

Ин лахза буд, ки зан истоду кафо гашт. Ва Ризвон дар ру ба руяш хохарарусашро дид.

– Хой, Ризвон! – бо кавоки гирифта гуфт у. – Ту на мошин дориву на дача.

Ризвон, ки чунин зарбаро интизор набуд, аз дахшат сари чояш бо чашмони боз карахт шуд.

– Ха, Рустами достон, чи шуд?

Дили Ризвонро тарсу вахм фаро гирифт. Хис кард, ки аз тахтапушташ як мавчи сарде давида гузашт.

– Гап зан? – бесаброна такозо кард хохарарусаш.

– Як сатил оби сард биёред, ки аз сараш резем, аввал хушёр шавад, баъд гап мезанад, – бо табассум гуфт Мехмон.

– Чи, у маст аст?

Ризвон андак ба худ омада, саросема гуфт:

– Не, не, ман маст нестам.

Сипас илтичоомезу канда-канда илова намуд:

– Бу… бубахш… мо… мо шухи кардем.

– Эх, Ризвон, Ризвон! – бо тассуфу нафрат гуфт хохарарусаш. – Олим шудию одам не!

Ризвон нимпайкараи сангинро мемонд.

2 феврали соли 2006

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …