Главная / Илм / ОКИРКИРХО

ОКИРКИРХО

Окиркирхо — Ин гиёхест, ки дар хамаи кухистон ва баландихои Осиёи Маркази, аз чумла дар Точикистон меруяд. Решааш, ки дар тиб хамин кисмаш истифода мешавад, ба дарозии ангуште, каме бориктар аз он, хушбу мебошад. Куввати он то хафт сол боки мемонад. Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: решаи инро куфта гузошта банданд ва инчунин хушкашро куфта бипошанд, гиреххоро мекушояд, майна ва узвхои онро аз моддахои бегона пок мегардонад, баданро аз балгам пок месозад.

Агар инро бихуранд, барои беморихои кач шудани руй, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), ларзак, кузоз, (столбняк), сусти ва лукнати забон, дарди узвхои даруни сина, дарди дандон ва бугумхои бадан, иркуннасо (радикулит), истиско (водянка) даво мешавад, бохи одамони хунукмизочро кувват мебахшад, балгамро бо исхол дафъ мекунад; пешоб, хайз, шир ва аракро равон месозад, табхоро шифо мебахшад ва гайра.

Агар соидаи онро бо равгани зайтун сиришта бимоланд, кузоз, карахти, нотавон ва суст гаштани узвхо ва бехиссии аъзоро дафъ мекунад. Агар инро дар об чушонида, дар он об даромада нишинанд, низ аз иллатхои номбаршуда начот меёбанд.

Куфтаи хушки онро ба тораки сар бипошанд ё бимоланд, майнаро гарм мекунад, назларо аз пайдо шудан манъ месозад ва барои иллати саръ, ки аз чамъ шудани моддаи гализ дар майна бошад, даво мешавад. Агар инро бо мустако пай дар пай бихоянд, низ хамин таъсирро дорад.

Хушки онро куфта, ба воситаи найча дар бини пуф кунанд, бастагихои сари бини ва сурохи биниро мекушояд. Куфтаи инро бо равгани гулисурх даромехта дар бини бирезанд, дарди нимсар, дарди сари балгамии шадидро дафъ мекунад.

Чун решаи окиркирхоро як шабонаруз дар сирко тар карда, ба зери дандони дарднок гузоранд, дарди онро таскин медихад. Чун онро бихоянд ё хушкашро куфта, ба таги забон бипошанд, рутубатхоро аз он чо мекашад ва лукнати забонро дафъ мекунад.

Чун пухтаи онро дар дахан нигох доранд, дандони чунбонакро мустахкам мегардонад. Агар инро дар об чушонида, он обро бо сирко даромехта, дар дахан бигардонанд ё бо он об гаргара кунанд, дарди гулу, афтодани забончаи халк ва сустию нотавонии забонро, ки сабабаш чамъ шудани балгам дар ин мавзеъ бошад, шифо мебахшад.

Соидаи хушки онро бар бадан бимоланд, арак меоварад. Решаи окиркирхоро ба гардан овезанд, саръи (припадкаи) тифлонро шифо мебахшад.

Решаи хушки онро махин ос карда, бо асал хамир сохта, лесида бихуранд, узвхои даруни синаро аз олоишхо пок мегардонад, дарди узвхои даруни сина, сурфаи сарди кухнаи балгами ва сардии меъдаро ба ибро меоварад, ннчунин балгамро аз меъда хорич месозад; бохи одамони сардмизоч ва тармизочро зиёда мегардонад. 17,5 грамм хушки онро биёшоманд, балгамро бо охистаги бо исхол дафъ мекунад.

Куфтаи онро бо равгани зайтун сиришта, пеш аз гирифтани таб бар тамоми бадан бимоланд, табро нест менамояд. Чун пеш аз мучомаат равгани окиркирхоро ба закар бимоланд, онро мустахкам мегардонад ва шахватро бармеангезад, инчунин дар ин амал лаззат мебахшад, вале маниро зуд фуруд меоварад, агар хаминаш мурод бошад.

Окиркирхоро махин куфта, бо об ва орди бокило хамир карда, онро ба даруни халтачаи матоъи молида, закар ва хояхоро дар он чо карда, як рузи комил хамон тавр бигузоранд ва хамон тавр бидоранд, дар одамони сардмизоч бохро афзун мегардонад ва барои касоне, ки дар хояхои худ мавчуд будани сардиро хис мекарда бошанд, давои ачиб мешавад.

Окиркирхоро бо навшодир махин ос карда, ба коми дахан бимоланд, онро аз сухтани оташ манъ мекунад, инро хамин тавр бозингарон истеъмол мекунанд. Чун окиркирхоро дар хамир бипазанд, то он ки монанди хамир гардад, баъд онро ба дандони кирмхурда бигузоранд, кирмашро мерезонад.

Вале ба дарун истеъмол кардани окиркирхо ба шуш зарар дорад — давои ин зиёнаш катиро хурдан аст. Микдори як бор хурдан аз окиркирхо дар як руз то 3,5 грамм аст.

Аз окиркирхо равган хам тартиб медиханд ба ин тарик. 25 грамм решаи хушки онро куфта, дар 300 грамм об то 25 грамми он об мондан бичушонанд. Баъд хуб молида, аз матоъи бофташ зич гузаронида соф карда, бо 50 грамм равгани зайтун бо оташи мулоим то тамом бухор шуда рафтани об бичушонанд, — аз чуш, ки монд — ин аломати тамом гаштани об аст. Ин равгани окиркирхо хисоб меёбад. Дар шиша нигох доранд ва вакти хочат ба кор баранд.

Агар инро бимоланд ва биёшоманд, хамаи беморихои аз сарди содиргашта, аз чумла карахти, кач шудани руй, фолич ва гайраро шифо мебахшад, табхои хунукро дафъ мекунад, бохро кави мегардонад; дарди сар, дарди нимсар, инчунин саръро, ки хама аз сарди бошанд, дафъ менамояд, майнаи хунукро кувват мебахшад.

Абуабдуллои Рудаки вобаста ба чунин навиштааст

Касе хохад, ки он дандони хурда,
Ки дард уро хама сурох карда,
Зи бехаш барканад бе ранчи бисёр,
На саъбе бошаду на ранчу озор.
Кабечак бошаду катрону пилпил
Хама яксон бибояд кард хосил.
Аз ин сурохи дандон пур биёган,
Бичуи гар яке борик сузан.
Вагарна окиркирхо биёвар,
Кушури шибраму зарнихи асфар.
Кушури нужу аз асли кабар низ
Раво дор, ар набошад чуз аз ин чиз.
Бибояд суд ин дар сиркаи хом,
Касе к-аз дарди дандон нест ором.
Ба рузе ду аз ин дору барандой,
Пас он гах баркашаш бе дард аз чой.
Вагарна асли халюн андар у гир,
Бародар, ар бибандандаш ба занчир.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …