Главная / Гуногун / ОБ – МАНБАИ ХАЁТ ДАР ЗАМИН

ОБ – МАНБАИ ХАЁТ ДАР ЗАМИН

 Ниёгони мо чунин мешумориданд, ки сайёрае, ки мо дар он зиндагй мекунем, аз фазохои начандон калони оби, чинсхои сахт ва хок иборат аст. Вале онхо иштибох карданд! Агар одамони кадим медонистанд, ки 70,8% сатхи Заминро об ташкил медихад, онхо хайрон мешуданд. Ин маълумот ба мо тавассути тахкикоти кайхоннавардон ва аксхое, ки тавассути хамсафархо гирифта шудаанд, маълум ме­гарданд.

ob-bahr

Назар ба дигар сайёрахои Системаи Офтобй, дар Замин шароити бисёр хуб мухайё шудаанд. Аз ин ру дар Замин харорате мавчуд мебошад, ки мавчудияти обро дар се холат таъмин мекунад. Танхо дар Замин борон борида, укёнусхо ва бахрхо мавчуд мебошанд. Фазой оби масохати 391 134 060 км2 -и Заминро ташкил медихад. Фазой фарогири обй 3/4 кисми сатхи Заминро ишгол карда, Укёнуси Оламро ба вучуд меоварад. Вай дар худаш 98% тамоми оби Заминро хифз мегунчонад. Географхо шартан Укёниси Оламро ба 4 кисм таксим карда, онхоро чунин ном ниходанд: Ором, Шимолии Яхбаста, Хинд, Атлантик.

Умки миёнаи Укёнуси Олам 3795 метрро ташкил медихад.

Умки Новадони Мариин, ки байни чазирахои Гуам ва Яп дар Укёнуси Ором карор дорад, 11 033 м-ро ташкил медихад. Агар кухи аз хама баланди Эверестро (Албурзкухро) ба каъри Новадони Мариин гузорем, пас аз куллаи он то ба сатхи об дар новадон боз 2 км мемонад.

Дар хама оби Укёнуси Олам газхо, моддахои гайриорганики (намакхои маъдани) мунхал шудаанд. Дар обхои бахрй хама элементхои табии дучор меоянд. Дар онхо беш аз хама хлор (55%) ва натрий (31%) дучор мешаванд.

Пайвастагии ин ду элемент намаки ошии одиро, ки мо истифода мебарем, ба вучуд меоварад. Шурнокии об дар укёнуси кушод ба хисоби миёна 35%-ро ташкил мекунад.

Шумо медонед, ки об дар сайёраи мо на танхо дар укёнусхо, бахрхо, балки дар обанборхои дар хушки сохташуда, дар кулхо, ботлокхо, дарёхо мавчуд мебошад. Об дар Замин дар шакли пиряххои кух, дар вилоятхои кутби дучор мешавад. Об дар хушки хамагй 2% -и Укёнуси Чахониро ташкил мекунад. Беш аз хама вай дар пиряххо, камтар аз хама дар дарёхо захира шудааст. Об дар атмосфера дар шакли бугхо дучор меояд.

Рутубати атмосфера 1/1000 хиссаи захираи умумии обро дар Замин ташкил ку- над хам, накши он бисёр бузург аст. Дарёхо, кулхо, пиряххоро пур карда, вай Замин- ро бо об таъмин месозад. Бугхои обй дар атмосфера монеаи хунук шудани сайёраи мо мегардад. Об ба сурохихои хок ва чинсхои хурди кухй рох ёфта, ба истилох обхои зеризаминиро ба вучуд меоварад. Об хамчунин ба таркиби маъданхое, ки аз чинсхои кухи иборатанд, дохил мешаванд. Вай дар магмаи (тафтаи) вулканхои фавворазадан- да дучор мешавад. Тафта 12% аз бугхои обй иборат мебошад.

А Обе, ки дар тафсии кураи замини Замин (обхои зеризаминй), дар Укёнуси Олам ва дар хушкй (дарёхо, кулхо ва пиряххо) ва об дар атмосфера (бути обй) мавчуд мебошад, кабати ягонаи обии сайёраи моро – гидросфераро ташкил медихад.

Тамоми оби Замин хамеша дар харакати таваккуфнашаванда карор дорад. Об дар сатхи хушкй, дарёхо, бахрхо, укёнусхо, обанборхо бухор шуда, захираи рутубати атмосфериро, ки дубора дар шакли боришот ба Замин бармегардад, пур мекунад. Кариб 90% бугхои обии атмосфери дар кабати поёнии панчкилометра карор дорад.

Кисми калони ин рутубат аз сатхи укёнус ворид мешавад. Шумо акнун медонед, ки хангоми паст шудани харорат, бугхо чамъ мешаванд.

Аз ин ру дар баландй хангоми паст шудани харорат кам-кам абрхо пайдо меша­ванд. Шамолхо обхоро аз як чой ба чои дигар ва якчо бо онхо рутубати атмосфериро аз укёнус ба хушкй меронанд. Бути обй аз атмосфера ба Замин дар шакли боронхо, барф, жола фаромада, гизо мебахшад, обхои зеризаминй, дарёхо, кулхоро пур карда, пиряххо ба вучуд меоварад. Хокро нам карда, тавассути решай растанихо чаббида шуда, тавассути барги онхо бухор мешавад. Вай дубора дар шакли боришот ба За­мин мефарояд. Обхое, ки ба хушкй якчо бо чараёни хаво ворид мешаванд, билохира тавассути дарёхо ба укёнус мерезанд.

Бад-ин тартиб, даврзании абадии об дар Табиат сурат мегирад (расми 74).

Кадом куввахо обро, ки гидросфераи Заминро ташкил мекунад, ба харакат ме- дарорад? Кувваи асосй ин гармии офтоб аст. Дар зери таъсири он об бухор шуда, яху барфхо об мешаванд, чараёнхои об ва хаво пайдо шуда, обро аз як чой ба чойи дитар интикол медиханд.

Хамчунин Кувваи чозибаи Замин накши мухимеро бозида, тахти таъсири он катраи боришхо базамин рехта, об аз чои нисбатан баланд ба чои нисбатан пастчори пгуда, ба замин чаббида мешаванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …