Моддаи 175-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Нораво будани вазнин кардани чазои шахси хукуквайрокунии маъмури содирнамуда ё нисбати у татбик кардани конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар дар суди мархилаи кассатсиони
- Суд дар вакти ба тарики кассатсиони барраси кардани парванда метавонад чазоеро, ки суди мархилаи якум таъин кардааст, сабуктар намояд ё ин ки конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии сабуктарро татбик кунад, вале хукук надорад, ки чазоро вазнин намояд ва хамчунин конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтарро татбик кунад.
- Карорро бо зарурати татбики конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтар ё худ барои сабук будани чазо факат дар хамон мавридхо бекор кардан мумкин аст, ки бо хамин асосхо прокурор эътироз оварда ё чабрдида шикоят карда бошад.