Главная / Чамъият / Номхои объектхои чугрофи

Номхои объектхои чугрофи

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН  

Дар бораи номхои объектхои чугрофи  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2006, №4, мод. 198, КЧТ аз 19.03.2013с. №945). Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 29-уми марти соли 2006, № 287 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 3, моддаи 177) кабул гардидааст.  

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 21-уми апрели соли 2006, № 205 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 4, моддаи 213) чонибдори гардидааст.

xaritai-jahoni

Конуни мазкур асосхои хукукии фаъолияти номгузори ва номивазкунии объектхои чугрофи, инчунин мукаррарсози, танзим, бакайдгири, бахисобгири, истифодабари, хифз ва нигохдории номхои объектхои чугрофиро хамчун кисми таркибии мероси таърихи ва фархангии халки Точикистон мукаррар менамояд.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода бурда мешаванд:

-объектхои чугрофии устувори мавчудаи замин – куххо, каторкуххо, куллахо, дарёхо, кулхо, обанборхо, пиряххо, биёбонхо ва дигар объектхо; фурудгоххо ва объектхои амсоли онхо;

-номгузории объектхои чугрофи – номхои ба объектхои чугрофи додашаванда, ки барои аз якдигар фарк кардану шинохтани онхо хизмат мекунанд;

-мукаррар намудани номхои объектхои чугрофи – муайян намудани номхои объектхои чугрофии мавчуда, номгузори ва номивазкунии объектхои чугрофи;

-танзими номхои объектхои чугрофи – интихоби номхои бештар истифодашавандаи объектхои чугрофи ва муайян намудани тарзи навишти номхои объектхои мазкур ба забони давлати ва ба он забоне, ки истифода мегарданд;

-Фехристи давлатии номхои объектхои чугрофи – руйхат ё номгуй, ба кайд ва ба хисоб гирифтану нигох доштани номхои мавчуда ва номхои ба обьектхои чугрофи гузошташаванда.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи номхои объектхои чугрофи

Конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба номхои объектхои чугрофи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба номхои объектхои чугрофи

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба номхои объектхои чугрофи инхо дохил мешаванд:

-муайян намудани сиёсати давлати оид ба номхои объектхои чугрофи;

-номгузори ва номивазкунии объектхои чугрофи бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

-муайян намудани талабот, меъёр ва коидахои ягона оид ба номхои объектхои чугрофи, инчунин тартиб додан ва чори намудани Фехристи давлатии номхои объектхои чугрофи;

-тахия ва кабули барномаи давлати оид ба номхои объектхои чугрофи;

-муайян намудани макомоти ваколатдори давлати оид ба номхои объектхои чугрофи ва салохияти он;

-муайян намудани тартиби маблаггузории фаъолият оид ба номхои объектхои чугрофи;

-хамкорихои байналмилали оид ба номхои объектхои чугрофи.

 

Моддаи 4. Салохияти макомоти ваколатдор оид ба номхои объектхои чугрофи

Салохияти макомоти ваколатдор оид ба номхои объектхои чугрофи аз инхо иборат аст:

-тартиби ошкор намудани номхои объектхои чугрофии мавчударо мукаррар месозад;

-талабот, меъёр ва коидахои ягонаро оид ба номхои объектхои чугофи тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд;

-пешниходхоро оид ба номгузори ва номивазкунии объектхои чугрофи мутобики талаботи Конуни мазкур ва тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон дида мебарояд;

-номхои объектхои чугрофиро ба кайд ва ба хисоб мегирад;

-корхоро оид ба тартиб додани Фехристи давлатии номхои объектхои чугрофи ва амали намудани он ба анчом мерасонад;

-фаъолиятро оид ба номгузори ва номивазкуни объектхои чугрофи якчоя бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколатхои онхо амали мегардонад.(КЧТ аз 19.03.2013с.№945)

Дигар салохияти макомоти ваколатдорро оид ба номхои объектхои чугрофи мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон Хукумати Чумхурии Точикистон муайян мекунад.

Моддаи 5. Мукаррар намудани номхои мавчудаи объектхои чугрофи

Номхои мавчудаи объектхои чугрофи мувофики маълумоти нашрияхои расмии харитасози ва иттилооти, дигар сарчашмахо, инчунин тавассути пурсиши олимон, мутахассисон, кишваршиносон ва ахолии минтакахои дахлдор мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 6. Танзим ва истифодаи номхои объектхои чугрофи

Танзими номхои объектхои чугрофи мувофики коида ва анъанахои истифодаи номхои объектхои чугрофи ба забони давлатии Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Номхои танзимгардидаи объектхои чугрофи дар маълумотномаю лугатхои номхои объектхои чугрофи ба забони давлатии Чумхурии Точикистон нашр карда мешаванд.

Номхои объектхои чугрофии дар хуччатхо, нашрияхои харитасози ва дигар нашрияхои ба забони хоричи тартибёфта, ки дар Чумхурии Точикистон ва берун аз он истифода мегарданд, бо алифбои лотини навишта мешаванд.

Тартиби дигари танзими номхои объектхои чугрофиро Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба номхои объектхои чугрофи муайян менамоянд.

Номхои танзимгардидаи объектхои чугрофи дар хуччатхо, нашрияхои харитасози ва дигар нашрияхо ба забони давлатии Чумхурии Точикистон истифода мегарданд.

Навиштани номхои объектхои чугрофи бо харфхои алифбои лотини бо тартиби мукарраршуда дар асоси номхои объектхои чугрофи, ки ба танзим дароварда шудаанд, ба забони давлати амали мегардад. Номхои объектхои чугофи дар аломатхои рох ва дигар аломатхо дар каламрави Чумхурии Точикистон ба забони давлати навишта мешаванд. Хангоми зарурат номхои объектхои чугрофи бо дарназардошти манфиатхои ахолии минтакахои дахлдор ба дигар забонхо навишта шуда, метавонанд бо харфхои алифбои лотини низ такрор ёбанд.

Моддаи 7. Тартиби номгузори ва номивазкунии объектхои чугрофи

Пешниходхо оид ба номгузори ё номивазкунии объектхои чугрофи метавонанд аз чониби макомоти махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии махалли, инчунин дигар шахсони вокеию хукуки амали гарданд.

Пешниходхо оид ба номгузори ё номивазкунии объектхои чугрофи ба макомоти ваколатдори давлати оид ба номхои объектхои чугрофи ирсол мегарданд.

Пешниходхо оид ба номгузори ё номивазкунии объектхои чугрофи аз хуччатхои асосноки замимагардида, хисоби харочот оид ба номгузори ё номивазкунии объектхои чугрофи иборат буда, тибки мукаррароти санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба номхои объектхои чугрофи тартиб дода мешаванд.

Номе, ки ба объекти чугрофи дода мешавад, бояд аломатхои хоси объекти чугрофи, махалли вокеи он, хусусиятхои этнографию милли ва фаъолияти ахолии минтакаи дахлдорро инъикос намуда, чун коида аз се калима зиёд набошад ва ба тарзи мукаррари ба низоми амалкунандаи номхои  объектхои чугрофи дохил шавад.

Ба объектхои чугрофи номи шахсоне дода мешаванд, ки бевосита дар кашф, омузиш, азхудкуни ё бунёди объектхои чугрофи иштирок намудаанд. Номи ходимони барчастаи чамъияти, сиёси ва давлати, арбобони илму фарханг, ки дар кайди хаёт нестанд, ба объектхои чугрофие, ки ном надоранд, тибки тартиби мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон гузошта мешаванд.

Додани номи якхела ба ду ва ё зиёда объектхои чугрофии ба хам монанд дар доираи як вохиди марзиву маъмури манъ аст.

Номивазкунии объектхои чугрофи факат дар холатхои зерин мумкин аст, агар:

-номи объекти чугрофи бо аббревиатура (навишти мухтасари номи объекти чугрофи), ракам ё ибора ишора шуда, вазифаи номхои чугрофиро ичро намояд, аммо номи аслии объекти чугрофи набошад;

-ду ва ё зиёда объектхои чугрофии ба хам монанд дар худуди Чумхурии Точикистон номи якхела дошта бошанд. (КЧТ аз 19.03.2013с.№945)

Номивазкунии объектхои чугрофи хамчунин бо максади баргардонидани номи баъзе объектхои чугрофи, ки ба таври васеъ дар гузашта ва имруза маълуму машхуранд, ичозат дода мешавад.

Моддаи 8. Бакайдгири ва бахисобгирии номхои объектхои чугрофи

Фехристи давлатии номхои объектхои чугрофи

Номхои мавчуда ва номхои ба объектхои чугрофи гузошташаванда бояд ба кайд ва ба хисоб гирифта шаванд.

Бо максади таъмини истифодаи ягона ва доимии номхои объектхои чугрофи дар Чумхурии Точикистон ва нигох доштани номхои зикршуда Фехристи давлатии номхои объектхои чугрофи тартиб дода мешавад.

Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати дар доираи салохияти худ тахия ва нашри маълумотномаю лугатхои номхои объектхои чугрофи, инчунин харита ва атласхои Чумхурии Точикистонро амали мегардонад.

Матни маълумотномаю лугатхои номхои объектхои чугрофи пеш аз нашри онхо бо макомоти ваколатдори давлати оид ба номхои объектхои чугрофи мувофика карда мешавад.

Тартиби бакайдгири ва бахисобгирии номхои объектхои чугрофи, нашри маълумотномаю лугатхои номхои объектхои чугрофи, инчунин ичрои корхо оид ба тартиб додан ва амали намудани Фехристи давлатии номхои объектхои чугрофи, тартиби истифодаи онро макомоти ваколатдори давлати оид ба номхои объектхои чугрофи мукаррар менамояд.

Номгузори ва номивазкунии вохидхои марзиву маъмури ва махалахои ахолинишин бо тартиби мукарарнамудаи Конуни конститутсиони Чумхурии Точкистон «Дар бораи тартиби халли масъалахои сохти марзиву маъмурии Чумхурии Точикистон» амали карда мешавад. (КЧТ аз 19.03.2013с.№945)

Моддаи 9. Маблаггузории корхо оид ба номхои объектхои чугрофи

Маблаггузории корхо оид ба мукаррарсози ва танзими номхои объектхои чугрофи, тахия ва нашри маълумотнома ва лугатхои номхои объектхои чугрофи ба забони давлатии Чумхурии Точикистон, ё ба забонхои дигар аз хисоби маблаги бучети давлати, ки барои фаъолияти макомоти ваколатдори давлати бо хамин максад чудо карда мешавад, амали мегардад.

Маблаггузории корхо оид ба номивазкунии объектхои чугрофи, ворид намудани тагйирот ва нашри маълумотномаю лугатхои номхои объектхои чугрофи ба забони давлатии Чумхурии Точикистон ё ба забонхои дигар аз хисоби маблагхои макомоти давлатии дахлдор амали гардонида мешавад.

Моддаи 10. Хифз намудани номхои объектхои чугрофи

Номхои объектхои чугрофи хамчун кисми таркибии мероси таърихи ва фархангии халки Точикистон аз тарафи давлат хифз карда мешаванд. Худсарона иваз намудан ва истифодаи галати номхои объектхои чугрофи манъ аст.

Моддаи 11. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 12. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти Чумхурии Точикистон                    Э.Рахмонов

          ш. Душанбе  29 апрели соли 2006

         № 185

_______________________________

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …