Главная / Чамъият / Низомномаи Шуъбаи хазинадори ва хисоббаробаркуни

Низомномаи Шуъбаи хазинадори ва хисоббаробаркуни

Шуъбаи хазинадори ва хисоббаробаркуни  (минбаъд «Шуъба») сохтори фронт-офисии ЧСП  «Бонки байналмилалии Точикистон»  (минбаъд «Бонк»)  буда, ба худуди чавобгарихои у масъалахои ташкил ва пешбурди амалиётхои хазинадори, ташкил ва хамохангсозии амалиётхои хисоббаробаркунии бонки, таъмини нигохдории пулхо ва арзишхо дар Махзанхои минтакавии накдина, ташкили тахвил ва интиколи пулхои накд ва дигар арзишхо байни  вохидхои амалиётии бонк ва дигар ташкилотхо дохил мешавад.

            1.2. Шуъба дар фаъолияти худ ба Муовини Раиси Бонк тобеъ аст ва у Сарпарасти Шуъба мебошад.

            1.3. Шуъба фаъолияти худро дар асоси конунгузори, санадхои меъёрии хукукии амалкунандаи Xумхурии Тоxикистон, санадхои меъёрию хукукии Бонки миллии Тоxикистон, Оинномаи Бонк ва дигар санадхои меъёрии дохилибонки, инчунин Низомномаи мазкур ба амал мебарорад.

          1.4. Сохтор, микдори хайат ва музди мехнати кормандони Шуъба аз чониби Раиси Бонк, ки аз чониби шуъбаи кормандон пешниход мегардад, тасдик карда мешавад.

         1.5.Шуъбаро сардори Шуъба, ки рохбарии умумиро дар тамоми фаъолияти Шуъба таъмин менамояд ва чавобгарии шахси барои ичроиши вазифа ва масъалахои ба у гузошта шудааст, ба ухда дорад. Ба хайати рохбарикунандаи Шуъба гайр аз сардори Шуъба, муовинони сардори Шуъба, сардорони шуъбахо ва чонишинони онхо, Рохбари Махзани марказии накдина дохил мешаванд. Кормандони рохбарикунандаи Шуъба дар асоси фармони Раиси Бонк ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

            1.6. Тасдики Дастурамалхои мансаби ва талаботхои тахассуси ба вазифахои бастии кормандони Шуъба дар мувофика бо Шуъбаи кормандон аз чониби сардори Шуъба ба рох монда мешавад.

            1.7. Кормандони Шуъба ба вазифахои озод тибки тартиби дар Бонк мукарраршуда бо пешниходи сардори Шуъба таъин карда мешаванд. Кормандон бо карордоди мехнати ба мухлати аз чониби Корфармо мукаррар гардида ба кор чалб карда мешаванд. Пеш аз ба кор кабул кардан, Корфармо хукук дорад озодона сатхи имкониятхои тахассусии корманди чалбшавандаро бахо дихад, ё ки ба Комиссияи тахассусии ЧСП  «Бонки байналмилалии Точикистон»  инро вогузор намояд.

            1.8. Дар холати кисман номувофик будан ба талаботхои тахассуси, мумкин аст ба корманди чалбшаванда мухлати озмоишии на зиёда аз 3 мох, мукаррар карда шавад.

  1. МАКСАД ВА ВАЗИФАХОИ ШУЪБА
    • 1. Максади Шуъба нигох доштани сатхи пардохтпазири дар хадди меъёрхои мукараргардида ва тасдикшуда, зиёд намудани фоидаи Бонк аз хисоби амалиётхои хазинадории бонки, ташкил ва пешбурди амалиётхои хисоббаробаркуни, сарвакт ва бехатар тахвил ва интикол намудани пулхои накд ва дигар арзишхо байни вохидхои амалиётии Бонк мебошад.

2.2 Вазифахои Шуъба инхо мебошанд:

  • Нигох доштани сатхи пардохтпазири дар худуди меъёрхои хавфи пардохтпазири муайян ва мувофикашуда;
  • Чалби захирахои карзи аз бонкхо ва ташкилотхои молияви бо максади таъмин намудани вохидхои амалиёти бо захирахои карзи;
  • Чойгиркунии самараноки воситахои пули бо максади ба даромаднокии баланд расидан;
  • Ичроиши карорхои Кумитаи идоракунии активхо ва пассивхо;
  • Баланд бардоштани обруи сахмияхои ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон»  ба воситаи таъмини чойгиркунии баланди онхо, фаъолияти самарабахш бо когазхои киматноки бонкхои дигар ва чамъиятхои молияви;
  • Муайян намудани арзиши захирахои карзии чалбшаванда;
  • Назорати гардиши пули бо максади таъмини воситахои лозима барои гузаронидани пардохтхои дар пешбуда;
  • Назорат аз руи тахарруки хачм ва фоиданокии мавкеи савдо (харид/фуруши асъор, когазхои киматноки давлати ва ширкати, сахмияхо), инчунин дарачаи афзоиши онхо;
  • Амалиётхои мубодилаи асъор (FOКУX) вобаста ба талабот;
  • Таъминоти хазинахои вохидхои амалиётии Бонк бо пулхои накди;
  • Муайян намудани курбхои фоиданоки тичоратии хариду фуруши асъори хоричи ва мониторинги курбхои мубодилаи асъорхо;
  • Мукаррар намудан, назорат ва ичрои меъёрхои мавкеи асъори;
  • Иштирок дар савдои байнибонкии асъори ва бонкноти ба воситаи низомхои электрони;
  • Ноилшави ба ягонагии ташкил ва назорати амалиётхои хисоббаробаркунии бонки дар хама вохидхои сохтории Бонк, ки имконияти кам намудани хавфхои амалиётии Бонкро фарохам меоваранд;
  • Таъмини бозшумори, навъбанди, мураттабсози ва ташкили назорат аз болои тозагии пулхои накд;
  • Ташкили чорабинихо барои дар сатхи нави технологи ва амалиёти бардоштани хизматрасонихои хисоббаробаркунии Бонк;
  • Назорат ва таъмини саривакт баркарор гардидани маблагхои интиколии додашудаи тамоми вохидхои амалиёти тавассути Низомхои интиколии байналмиллали аз руи Шартномахои басташуда.
  • Ташкили чорабинихои назорати дохили оиди муковимат ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм.
  • Тахвили пули накд, пули майда, арзишхо, хуччатхо ва чамъоварии маблагхои ташкилотхои савдо ва инчунин накли борхои нихоят мухим ва кимматнок.

  1. СОХТОРИ ТАРКИБИИ ШУЪБА

   Сохтори таркибии Шуъба аз 4(чор) Шуъба ва Махзани марказии накдина иборат мебошад:

  • Шуъбаи назорати пардохтпазири,захирахо ва амалиётхои дилинги;
  • Шуъбаи тахвил ва интиколи арзишхо;
  • Шуъбаи хисоббаробаркунии байнибонки;
  • Шуъбаи хамохангсозии хисоббаробаркуни ва интиколи маблагхо;
  • Махзани марказии накдина.

4.      УХДАДОРИХОИ ВАЗИФАВИИ СОХТОР[ОИ ШУЪБА

4.1. Бо назардошти сохтори таркибии Шуъба ва салохиятхои ба он пешниходшуда, дар алохидаги ба шуъбахо ва Махзани ба Шуъба тааллукдошта ухдадорихои зерин вогузор карда мешаванд:

Ба Шуъбаи назорати пардохтпазири, захирахо ва амалиётхои дилинги:

  • Ташкил кардани сохтори матлуби тавозун бо максади гирифтани даромаднокии баландтарин;
  • Назорат бурдан ва ба танзим даровардани сатхи пардохтпазири;
  • Назорат аз болои сатхи кифояти сармоя;
  • Мукаррар намудан ва назорати меъёрхо аз руи амалиётхои фаъоли вохидхои амалиёти;
  • Чамъоварии захирахои карзи аз сарчашмахои беруна ва вохидхои амалиёти барои дубора ва самаранок бозтаксим намудан ба вохидхои амалиёти, ки чойгиркунии ин захирахо (мувофики сиёсати фоизи аз руи захирахои карзи) даромаднокии заруриро таъмин менамояд;
  • Тахияи пешниходот оиди густариши воситахои чалбшаванда ва чойгиркунихои фаъол аз руи мухлат ва арз, барои кабули карор аз тарафи Кумитаи идоракунии активхо ва пассивхо;
  • Баррасии лоихахои шартномахои карзии байнибонки ва додани хулосахо оиди имконияти чойгиркунии максадноки воситахои харидоришуда дар асоси тахлили хусусиятхои холатхои молиявии бонк (бо назардошти дархостхои карзии вохидхои сохтори бонк);
  • Пешбурди кор оиди нархгузори, максади нихои – муайян намудани чуброни хакикии воситахои харидоришаванда (дар алохидаги ба ахдхои байнибонки), хисоби фоиданокии вокеи аз чойгиркунии онхо;
  • Пешбурди доимии омузиши сандуки захиравии ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон»  ва пешниходи маълумотхои тахлили бо максади халли фаврии масъалахои чойгиркунии самаранокии нихои захирахои карзи;
  • Ичроиши амалиётхои лозима дар хамкори бо бакайдгирии мустакили сахмияхои ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон»  оиди тартиб додани фехрасти сахомон;
  • Гузаронидани чорабинихо оиди барориши сахмияхои ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон» ;
  • Назорат ва ба низом даровардани пурсишномахои сахомон;
  • Ташкил намудани кор бо когазхои киматноки дигар сохторхои молияви;
  • Иштирок дар чорабинии гузаронидани мачлиси сахомон;
  • Ташкили кор аз руи тайёр намудани руйхати сахомон ва хисоб намудани суди сахмияхо ба онхо аз руи чамъбасти сол;
  • Чустучу намудани сармоягузорони ватанию хоричии афзалиятнок;
  • Тайёр намудани хисоби арзиши бозории сахмияхои бонк;
  • Тахия намудани лоихаи корхои методологи аз руи сахмияхо ва дигар когазхои киматноки бонк;
  • Тахия ва татбик намудани намудхои нави хизматрасони ва амалиёт бо когазхои киматнок. Ташкили фуруши когазхои кимматноки бонк;
  • Иштирок дар Биржахои фондии ватани оиди нархгузории когазхои кимматноки худи ва дигар корхонахо хамчун дилер брокер;
  • Хизматрасонии андерейтинги, брокери, дилери ва дигар амалиётхои бозори когазхои киматнок;
    • Ширкат варзидан дар савдои байнибонкиии асъори;
    • Гузаронидани амалиётхои форекси ба воситаи низомхои электрони;
    • Гузаронидани хариду фуруш дар асоси дархостхои филиалхо аз руи барномаи «Майдончаи савдо»;
    • Гузаронидани амалиётхои мубодилави бо максади ба танзим даровардани мавкеи асъории Бонк;
    • Гузаронидани амалиётхои асъори-мубодилави аз номи бонк ё ба воситаи ширкатхои брокери ё ин ки ба воситаи миёнаравхо дар бозорхои асъори;
    • Бастани шартномахои форварди ва бонкноти бо бонкхо, ташкилотхои молияви ва шахсони хукуки;
    • Гузаронидани амалиётхои СВОП, СПОТ бо бонкхо ва ташкилотхои молияви;
    • Фавран ичро намудани дархостхое, ки аз тарафи сохторхои амалиётии Бонк ва дигар бонкхо пешниход мегарданд, бо рохи ташаккулдихии амалиётхои мухосибави, тайёр намудани варакахои хазинавии харочоти (даромади) ва пешниходи минъбадаи онхо ба кормандони бэк-офис.
    • Таъмини назорати бакияи хазинахои сохторхои амалиёти ва Махзанхои минтакави дар доираи меъёри хазинави;
    • Тартиб додани мактубхо ба Бонки миллии Точикистон оиди баровардани пулхои фарсуда ва коршоям барои пурра намудани хисоби муросилотии Бонк.
    • Тартиб додани дархостхо ба Бонки миллии Точикистон оиди ворид намудани хамарзишхои пули – сомони, барои пурра намудани хазина ва банкоматхои Бонк.
    • Тартиб додани хисобот оиди амалиётхои тавассути Бонки миллии Точикистон гузаронидашуда.
    • Бурдани мукотибот, пешниходи чавобхо ба мактубхои содир шуда, баррасии аризахо ва пешниходхои шахсони хукуки ва вокеи оиди масъалахое, ки ба фаъолияти Шуъба таалук доранд.
    • Иштирок дар тахияи бучаи бонк нисбати корхои ба Шуъба тааллукдошта.

Ба Шуъбаи  тахвил ва интиколи арзишхо:

  • Тахия намудани хуччатхои методи ва меъёриро, ки ба баланд бардоштани сатхи ташкили интиколи пулхои накд ва дигар арзишхо байни Саридораи бонк ва филиалхо, инчунин расонидани пули накди мизочон, тахвили маблаги савдо ва хифзи комили онхо зимни интикол ва нигохдори равона шудаанд;
  • Ташкил намудани чорабинихо оиди бехатарии кормандони шуъбаи тахвил ва интиколи арзишхо, баланд бардоштани тайёрии чисмони ва бехсозии шароити кори онхо;
  • Ба рох мондани корхо оиди аз чихати техники тачхизонидани шуъбаи тахвил ва интиколи арзишхо, чори намудани навоварихои техникии пешкадам,  таъмини холати техникии автомобилхо ва воситахои алока.
  • Таъмини кормандони шуъбаи тахвил ва интиколи арзишхо бо силох, воситахои модди-техники, либоси махсус ва расми;
  • Омода намудани маводхо оиди дузди, гумкунии арзишхо, хучумхо, горатшавихои инкассаторон, гумкунии силох, захирахои чанги ва далелхои холатхои фавкулодда ба рохбарияти Бонк ва инчунин аз руи ин ходисахо бурдани тафтишоти хизмати;
  • Таъмин намудани риояи коидахои нигохдори ва истифодаи силох, мунтазам гузаронидани дарсхо оиди омузиши кисмхои моддии он, гузаронидани дарсхои амали дар мувофика бо макомоти корхои дохила;
  • Бурдани назорат аз болои ташкили кори инкассаторони филиалхо оиди таъмини хифзи арзишхо, ташкили хатсайрхои тахвилии вокеи, риояи чадвалхои сафари инкассаторон ба муассисахо, тартиби кабул ва супоридани арзишхо ба муассисахо ва филиалхои бонк;
  • Ба тартиби мукарраршуда аз филиалхои минтакахои бонк хисоботхои зарури ва маълумотхо оиди корхои инкассаторон барои тахияи хисоботхои чамъбасти ва маълумотхо, гузаронидани тахлил ва назорат аз болои кори инкассаторони минтакахо кабул мекунад.

Ба Шуъбаи хисоббаробаркунии байнибонки:

  • Амалисози, баркарор намудан ва инкишоф додани муносибатхои муросилоти бо бонкхо ва дигар ташкилотхои карзи:
  • Кушодан ва бурдани хисобхои муросилоти Ностро, Лоро бо асъори милли ва хоричи.
  • Фаврикунони ва бехтаркунонии хисоббаробаркунихои бонкхои муросилоти ва филиалхои Бонк, инчунин бо дигар бонкхо ва ташкилотхои карзи дар асоси кабул намудани шаклхо ва усулхои замонавии хисоббаробаркунихо.
  • Асосноккуни ва чоринамоии технологияхои замонави, ки таъминкунандаи бартарият ва фаврияти гузаронидани амалиётхои байнибонки мебошад.
  • Мусоидат намудан дар чалб намудани захирахои бонкхои муросилоти бо тарзи ба рох мондани муносибатхои муросилоти.
  • Амалисозии назорати ичроиши дастуруламалхо, низомномахо ва дигар хуччатхои дохилибонки, ки муносиботхои байнибонкиро ба тартиб медарорад.
  • Таъмини мунтазами мурофика ва ирсоли ахборотхои молияви тарики шабакаи СВИФТ, махфи нигох доштани рамзхои он.
  • Ташкил ва иштирок дар гуфтушунидхо бо намояндагони бонкхои муросилоти оид ба масъалахои ба муносиботи байнибонки вобастабуда.
  • Амалисозии додугирифти хучxатхои электронии пардохти байни Маркази хисоббаробаркунии Бонки миллии Точикистон ва бонкхои муросилоти, филиалхои Бонк, ки мутобик ба низомномахои амалкунанда ва санадхои меъёри барасмият дароварда шудааст.
  • Таъмини назорати саривакти ва дурустии хисоббаробаркунихо тавассути зерхисобхои муросилотии вертуалии филиалхо, бонкхо ва ташкилотхои карзи тавассути Низоми бисёрасъораи пардохтхои электронии ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон» .
  • Хал намудани масъалахои бахсталаб бо бонкхои муросилоти.
  • Бурдани корхои шикояти оид ба корхои хисоббаробаркуни (транзаксиони).
  • Амалисозии санчиши беруннавиштхо ва хисобхои муросилоти, саривакт  тайёр намудани чавобхо ба пурсишхои бонкхои муросилоти.
  • Омода намудани мактубхо аз руи дархостхои бонкхои муросилоти ва фиристодани онхо тарики факс, SWIFT ё ин ки почтаи электрони.
  • Гузаронидани тахлил ва назорати хисоббаробаркунихои байнибонки ва дохилинизоми.
  • Амаликунонии корхо оид ба пурсишхои бонкхои муросилоти ва филиалхои бонк доир ба интиколи маблагхо ва тайёр намудани чавобхои фаври.
  • Таъмини алокаи фаври бо Маркази хисоббаробаркунии Бонки миллии Точикистон ва бонкхои муросилоти, гирифтани беруннавишт баъд аз коркарди хуччатхои пардохти.
  • Амали намудани хамкори ва мукотибот бо бонкхо ва дигар ташкилотхои молиявию карзи.
  • Таъмин намудани риояи коидахои байналхалкии амалиётхои пардохти.
  • Иштирок дар корхои оид ба накшагири ва афзоиши натичахои молиявии Бонк.

Ба Шуъбаи хамохангсозии хисоббаробаркуни ва интиколи маблагхо:

  • Расонидани кумаки амали ба вохидхои сохтори, филиалхо ва Шуъбахои амалиёти оид ба ташкили корхои хисоббаробаркуни ва интиколи маблагхо.
  • Ташкил ва назорат аз болои ичроиши амалиётхои хисоббаробаркунии интиколи маблагхо ва сабти мухосибавии он дар Низоми автоматиконидаи бонки.
  • Гузаронидани супоришхои хизмати доир ба амалиётхои вобаста ба таксимоти захирахо, хариду фуруши асъор.
  • Хал намудани масъалахои бахсталаб бо Низомхои интиколии байналхалки ва дохилинизоми.
  • Амалисозии хисоббаробаркунихо оид ба баркарорсозии маблагхо ва комиссияхо аз тарафи низомхои байналхалкии интиколи.
  • Гузаронидани тахлил ва назорати хисоббаробаркунихои байнибонки ва дохилинизоми.
  • Корхо оид ба пурсишхои филиалхои бонк доир ба интиколи маблагхо ва тайёр намудани чавобхои фаври.
  • Бо тартиби муайян тайёр намудани хисоботи омори оиди амалиётхои хисоббаробаркуни ба сохторхои вобастаи Бонк ва Бонки миллии Точикистон.
  • Ташкили корхо оид ба автоматикунонии моделхои мухосибавии амалиётхои интиколи ва амаликунонии он дар хама филиалхо ва вохидхои амалиёти.
  • Амалисозии бахисобгири ва назорати амалиётхои кафолати ва хуччати.
  • Ташкил ва назорат аз болои дурусти ва ичроиши саривактии гузаронидани амалиётхои хисоббаробаркуни ва интиколи дар НАБ ва мукоиса бо Низомхои интиколии байналхалки.
  • Ташкили корхо оид ба ичроиши фаврии ариза ва дархостхои мизочон доир ба интиколи маблагхо бо асъори милли ва хоричи.
  • Тафтиши ташкили корхо дар филиалхо оид ба хизматрасонии хисобаробаркуни ва интиколи маблагхо.
  • Баромадан ба сафари хидмати ба вохидхои сохтори ва зерсохорхои Бонк мувофики супориши Рохбарият ва масъалахои ба масъулияти Шуъба дахлдошта.
  • Ташкил намудани чорабинихо оиди пешгири, ошкор ва рох надодани амалхое, ки ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм алокаманд аст.
  • Аз сохторхои амалиёти талаб ва чамъовари намудани хуччатхои аввалия дар шакли когази аз руи маблагхои шубханок.
  • Иштирок дар тахия намудани санадхои меъёрии дохилинизоми дар самти хисоббаробаркунихо ва интиколи маблагхо,
  • Иштирок дар семинархо ва конфронсхои сохави.
    • Ба Махзани марказии накдина:
  • Иштирок дар муайян намудани тартиби коркарди хуччатхои меъёри оид ба амалиётхои хазинави.
  • Баррасии хатогихои хазинави, норасои ва бешомад хангоми кабули маблагхои накди аз филиалхо ва сохторхои амалиёти.
  • Ташкили корхо оид ба назорат аз болои тозагии пулхои накди, ташаккулдихи ва бастубанди пулхои накд мутобик ба санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон ва дохилинизоми.
  • Ташкил ва хамохангсозии корхои хазинави дар Махзанхои минтакавии накдина.
  • Чори намудани усулхо ва технологияхои пешкадами ташкили корхои хазинави дар Махзани маркази.
  • Кабул, коркард, бозшумори ва бастубанди пулхои накди аз сохторхои амалиёти воридгардида.
  • Таъмини нигохдори ва мухофизати пулхои накдина ва арзишхои кимматнок дар Махзанхои минтакавии накдинаи Бонк.
  • Таъмини кабул ва супоридани пулхои накд ба филиалхои Бонк, Бонки миллии Тоxикистон ва дигар ташкилотхои карзи.

4.2.  Дар баробари корхои амалиётии махсус, ба ухдадорихои вазифавии хамаи кормандони Шуъба дар ин ё он дарача, дохил мешавад.

  • Донистани масъалахои ба тавсияномаи низоми бонкхои Точикистон тааллукдошта, дар бораи таърихи рушди ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон» , дар бораи макомотхои идоракунии Бонк ва намудхои асосии махсулотхои Бонк;
  • Омузиши санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон ва санадхои дохилинизомии ЧСП  «Бонки байналмилалии Точикистон» , дар масъалахои барои ичроиши корхо лозимаи ба ухдадорхои Шуъба тааллукдошта;
  • Таъминоти риояи речаи сирри бонки ва тичорати хангоми ташкил ва пешбурди кор дар Шуъба;
  • Баррасии пешниходхои навовар дар масъалахои ба Шуъба тааллукдоштаи ба сурогаи Рохбарияти Бонк, Шуъба воридшуда ё дар матбуот пахншуда, тайёр намудани хулосахои мувофик ба онхо ва кабули чорахо барои амали шудан дар натичаи омузиши онхо;
  • Тахия ва гузаронидани чорахо дар якчояги бо шуъбаи кормандон оиди тайёри ва бозтайёрии мутахассисони Шуъба;
  • Баровардан барои баррасии рохбарияти бонк пешниходот оиди баланд бардоштани самараноки ва сифати корхо, шароити кории кормандони Шуъба. Гузаронидани корхои мархилави барои пурзур намудани тартиботи мехнати, истифодаи хуби вакти кори, баррасии холатхои вайрон намудани тартиботи мехнати ва хизматии кормандони Шуъба;
  • Бо супориши рохбарияти Бонк ичроиши саривакти ва босифати хуччатхои гуногуни тахлили ва маълумоти дар масъалахои ба Шуъба мувофикбуда.
  • Баррасии мактубхо, аризахо ва шикоятхои шахрвандон, корхонахо, чамъиятхо ва муассисахо дар масъалахои ба Шуъба тааллукдошта, тайёр кардани хулоса ва чавобхои лозима ба онхо.

4.3. Сатхи умумии дониш, малака ва имкониятхои тахассусии мутахассисони Шуъба бояд барои пурра ва саривакт ичроиши вазифахои ба Шуъба тааллукдошта, кофи бошад.

  1. [УКУК ВА ВАКОЛАТХОИ ШУЪБА

5.1. Ба хукук ва ваколатхои Шуъба, ки аз чониби Раёсати ЧСП  «Бонки байналмилалии Точикистон»  вогузор шудааст, масъалахои зерин дохил мешаванд:

  • Ташкили майдони савдои дохили барои захирахои карзи ва асъори хоричи;
  • Бастани ахднома барои чалб ва чойгиркунии захирахои карзи бо бонкхо ва ташкилотхои молияви;
  • Чойгиркунии захирахои карзи ба вохидхои амалиётии Бонк;
  • Иштирок кардан дар тахияи сиёсати идоракунии активхо ва пассивхо;
  • Таъминоти методологи барои масъалахои мукаррарот, дастгири ва зиёдкунии амалиётхои хазинадори;
  • Мукаррар намудани меъёрхо ба амалиётхои фаъол ва мавкеи арзи, назорат аз болои риояи онхо;
  • Иштирок кардан дар биржахои фонди ва биржахои байнибонки;
  • Иштирок кардан дар савдои байнибонкии асъор, мукаррар намудани курби тичоратии мубодилаи асъор;
  • Ташкил ва хизматрасонии амалиётхо бо металлхои кимматбахо;
  • Тахияи тавзехот ва пешниходот ба Кумитаи активхо ва пассивхо;
  • Ташкил ва мурофикаи амалиётхои хисоббаробаркуни дар сохторхои амалиётии Бонк бо кайди онхо дар низоми бахисобгирии Бонк, дар мутобикат ба меъёрхои чории бахисобгири ва тартиботи технологи;
  • Хангоми гузаронидани пардохтхои гайринакди танхо барои муносибот бо менечери босалохият оид ба муносибот бо мизоч аз фронт-офиси мувофикаткунандаи сохторхои амалиётии Бонк;
  • Хангоми гузаронидани пардохтхои байнибонки танхо дар муносибот бо менечери босалохият бо дарназардошти бек-офиси мутобикаткунандаи сохтори амалиётии Бонк;
  • Хангоми хизматрасонии хазинавии мизоч ё ин ки инкассаторони бонк танхо дар холати иштироки шахси супоранда ва ё гирандаи маблагхо, ки дар хуччати пешниходшудаи хазинави дарч гардидааст;
  • Таъминоти методологи ва технологи оид ба масъалахои барохмони, дастгири ва васеъкунонии муносибатхои муросилотии байнибонкии ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон»  бо бонкхои- муросилоти;
  • Ташкил намудани корхо оид ба асоснок намудан, чори намудан, ташкил кардани технологияхои замонави, ки фаврият ва самаранокии гузаронидани амалиётхои хисобаробаркунии байнибонкиро таъмин мекунанд;
  • Амаликунонии чорабинихо оиди муковимат ба конунигардонии даромадхои бо рохи чиноят бадастоварда ва маблаггузории терроризм,
  • Ташкили нигохдории пулхо ва арзишхо дар Махзанхои минтакавии накдинаи Бонк, инчунин иштирок дар хизматрасонихои хазинавии онхо;
  • Таъмини риояи речаи сирри бонки ва тичорати дар ташкил ва пешбурди кор дар Шуъба, бо таъминоти назорат оиди холати корхои мазкур дар вохидхои амалиётии бонк ба Шуъба тааллукдошта;
  • Тахия ва пешбурди чорабинихо дар якчояги бо шуъбаи кормандон  оиди тайёр ва бозтайёр намудани мутахассисони Шуъба;
  • Баровардан барои барраси ба рохбарияти бонк пешниход оиди баланд бардоштани самараноки ва сифати кор, бехбудии шароити кории кормандон. Гузаронидани корхо барои риояи интизоми мехнат, истифодабарии хуби вакти кори, баррасии холатхои вайронкунии интизоми мехнат ва иxроиши;
  • Ташкили тахвили арзишхо дар хамаи вохидхои Бонк ва дигар ташкилотхо;

5.2. Сардори Шуъба хукуки гузоштани имзо дар хуччатхои дохили аз номи Шуъба бароянда ва инчунин дар хуччатхои пардохтии байнибонкии дар натичаи гузаронидани амалиётхои бонки хосилшуда, дорад. Хангоми бо сабабхои узрнок набудани сардори Шуъба намояндагии онро метавонад тарики иштирок  ва гузоштани имзо дар хуxxатхои пардохти яке аз муовинони сардори Шуъба таъмин намояд.

5.4. Мувофики тартиби дар Бонк амал кунанда, чанд нафар аз кормандони рохбарикунанда ва мутахассисони Шуъба, дорои хукуки гузоштани имзои электрониро дар хуччатхое, ки ба воситаи шабакаи компютери гардиш доранд, мебошанд.

      5.5. Аз номи бонк бурдани музокирот бо дигар бонкхо ва дигар ташкилотхо оиди масъалахое, ки ба  фаъолият ва салохияти Шуъба таалук доранд.

6. ЧАВОБГАРИИ ШУЪБА

6.1. Рохбари Шуъба дар назди Сарпарасти Шуъба, муовинони сардори Шуъба ва сардорони шуъбахо ва рохбари махзани маркази доир ба ичрои карорхо аз руи масъалахои ба ухдадорихои онхо дохилшаванда дар назди сардори Шуъба чавобгар мебошанд.

  • 2 Дар натичаи баходихии сатхи ухдадори аз чониби Рохбарияти Бонк, сардори Шуъба хукук дорад аз руи сатхи ичроиши ухдадорихои кории кормандони зертобеи худ тибки Низомнома «Оиди низоми хавасмандгардонии кормандони ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон» тахти №112 (Б)-АИБ, хавасманд гардонад.

6.3.  Дар холати ошкор шудани камбудихо ва хунукназари ба кор дар вазифахои таъингардида, аз чониби Раиси Бонк ба чавобгарии шахси кашида шаванд:

  • сардори Шуъба – барои таъмини корхои умумии ба рохбарияти Шуъба тааллукдошта, ичро нагаштани максадхо ва пасмондан аз максадхои пешбинишуда;
  • Сардорони шуъбахо ва чонишинони онхо – барои ичрои вазифахои ба онхо тааллукдошта;
  • Дигар кормандони Шуъба – барои ба вайронкунии меъёри, ки дар Кодекси мехнати Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, ичро нанамудани ухдадорихои кори худ ва амалхои тасдикшуда, ба хисороти молияви ё паст кардани обруи Бонк;
    • 4. Хар як корманди Шуъба дар вакти ичрои вазифаи ба душ доштааш танхо ба манфиати Бонк вазифадор аст, ки манфиатхои шахсии худро дар мадди аввал нагузорад. Дар холати пайдо шудани ракобати хавасманди, корманд вазифадор аст дар меъёрхои ахлокии кабулшудаи мувофик, дар Кодекси ахлоки ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон»  оварда шудааст, дар ин бора ба сардори худ хабар дихад. Дар ин холат, хучатхои ба чунин корманди тартибдодашуда бо имзои назоратии Рохбари Шуъба ва ё дигар шахси масъули рохбарикунандаи Шуъба ба ичро расонида мешавад.

7.  ТАШКИЛИ КОР ВА ХАМКОРИИ МУТАКОБИЛА

            7.1. Фаъолияти Шуъба дар хамкори бо дигар вохидхои Бонк ба рох монда мешавад ва бевосита барои чори намудани сиёсати идоракунии активхо ва пассивхо, иxроиши карорхои Кумита оиди идоракунии активхо ва пассивхо, инъикоси натичахои амалиётхои пардохтии гузаронидашуда дар суратхисобхои муросилоти ва мизочон, хисоббаробаркунихо аз руи амалиётхои интиколи ва инъикоси онхо дар Китоби мухосибавии Бонк. Ташкили назорат аз болои сифати пулхои накди, нигохдори ва мухофизати пурраи пулхо ва дороихо дар Махзанхои минтакавии накдинаи Бонк равона гардидааст.

                7.2.      Шуъба корхои худро дар хамохангсози бо дигар фронт офис ва бек офиси Бонк ташкил мекунад ва фаъолияти худро барои таъмин намудани даромаднокии баланд аз амалиётхои гузаронидаи Бонки равона менамояд.

            Ба салохияти сардори Шуъба назорат аз руи фаъолияти чор Шуъба, Махзани марказии накдина дохил мешавад.

            Ба салохияти Сардорон ва чонишинони Сардорони шуъбахои Шуъба, назорат аз руи фаъолияти шуъбахо ва сохторхои зертобеъ дар минтакахо дохил мешавад.

            7.3. Барои ташкили додугирифти хуччатхои байнибонки Бонк ба Низоми Электронии Пардохтии (НЭП) (СЭП) Палатаи хисоббаробаркуни ва ба терминали дастрасии дастачамъонаи – SWIFTи Бонки миллии Точикистон дастраси дорад. Хисоббаробаркунихои дохилинизоми ва гардиши хуччатхо бо бонкхои муросилотии дохилидавлати дар заминаи Низоми Бисёрасъораи Электронии Пардохти (НБЭП) ташкил карда шудааст.

7.4. Дар хамкории мутакобила бо дигар Шуъбахо ва шуъбахои мустакили (Хадамотхои) Бонк масъалахои зеринро ба худ мегузорад:

Бо Шуъбаи бонкдории корпоративи

Хамкории мутакобила оиди пешниходи захирахои карзи ба вохидхои амалиёти. Муайян намудани талабот ба захирахои карзи ва амалиёт бо мубодила, ба хамаи сохтори идоракунии амудии бонкдории копоративи. Мувофика намудани фоизхои мукараргардида ба захирахои карзии чудошуда бо тасмими алохида ва барномаи карзи. Муайян намудани пешбинии баргардонидани карзхо ва маблагхои озодшуда.

Бахисобгири ва гузаронидани амалиётхои пардохтии мизочони корпоративи, ки тавассути менечерон оид ба муносибатхо (алокаи) бо мизочон дар хама сохторхои амалиётии Бонк, бо таксимбандии маълумотхои бахисобгири оиди натичаи хизматрасонии шартномахои мизочон, ки барои фавран ташхис гузаронидани онхо ва тахлил хангоми гузаронидани хуччатхои пардохти, инчунин назорат мувофики тартиботи дар Бонк кабулшуда замина фарохам месозад.

Бо Шуъбаи бонкдории чакана

Хамкории мутакобила оиди пешниходи захирахои карзи ба вохидхои амалиёти. Муайян намудани талабот ба захирахои карзи ва бо асъори хоричи, ба хамаи сохтори идоракунии амудии бонкдории чакана. Мувофика намудани фоизхои мукараргардида ба захирахои карзии чудошуда бо тасмими алохида ва махсулоти карзи (карз ба мухочирон, карз барои хариди автомошина ва гайра). Муайян намудани пешбинии баргардонидани карзхо ва маблагхои озодшуда.

Гирифтани маълумотхо оиди курбхои асъорхо дар минтакахои алохида, ва хариду фуруши асъорхо ба воситаи нуктахои мубодила.

Бо Шуъбаи идоракунии хавфхо

Хамкории мутакобила оиди паст намудани хавфхои арзи ва хавфхои пардохтпазири, дар рафти ташкил ва пешбурди робитахои мутакобила бо мизочони калон, хамчунин дар вакти ичронамудани ухдадорихои худро Бонк мувофики шартхои карордоди байнибонки.

Хамкори оид ба масъалахои паст намудани хавфхои амалиёти, ки дар рафти ташкил ва бурдани корхои хизматрасони ба бонкхои муросилоти ва мизочон, инчунин хангоми ичрои вазифахои агенти аз тарафи Бонк, ки вобаста ба талаботхои  конунгузории асъори, андоз ва гумрук ё ки шартномаю созишномахои бонки.

         Бо Шуъбаи молияви

  • Сиёсати хисобхои стандарти бо намуди махсулотхои бонкие, ки аз чониби бонк ба рох монда шудааст кабул менамояд. Саривакт ва пурра маълумотхоро дар шакли талабшуда барои мукамал сохтани хисобхои ахбороти пешниход намудан, барои ягонаги ва пешниход намудан ба истифодабарандагони дохила ва беруна;
  • Дар ташкил намудани Бучаи Бонк, бо пешниход намудани исбоди хукуки ва молияви ба маблаги пешбинишудаи даромадхо ва харочотхо аз пешбурди фаъолияти Шуъба иштирок намудан. Хамкори дар ташкил намудани саволхои ахборотии чамъбасти ва тахлили. Саволхо оиди тархрезии тарофахои хизматрасонии бонкиро ки ба фаъолияти Шуъба алокаманд аст пешниход менамояд;
  • Хамкори оид ба масъалахои чори намудан ва истифодаи моделхои мухосиботи, маълумотномахои меъёри- иттилооти ва шакли хисоботдихи дар китоби мухосиботи муттамаркази хайати НАБ;
  • Ислох намудани хатогихо ва норасогихои рохдодаи муайянгашта, дар кор бо китоби мухосибави, дар кисмати хисобхои тавозуни ва махсулот, кайди мизочон дар НАБ, харакати воситахо дар суратхисобхо;

          Бо Шуъбаи тахлили ва муносибатхои байналхалки

  • Хамкори дар пешбинии хачми захирахои карзи, ки барои дар оянда чойгирнамудан ба амалиётхои фаъол имконпазир аст. Хамкори дар гуфтушунидхо ва чори намудани муносибатхои муросилоти ва инчунин дар чамъоварии маълумотхо дар бобати саволномахои Бонк.

         Бо Шуъбаи таъминоти хукуки ва корхои даъвоги

  • Гирифтани дастгирии хукуки дар мавзуъи ба рох мондан ва пешбурди фаъолияти Шуъба.

        Бо Шуъбаи маъмури ва назорати дохили

  • Мувофика намудани масъалахо оиди такмил додани теъдоди кормандон, омузонидан ва азнав тайёр намудани кормандони Шуъба ва ташкил намудани захираи кормандон.
  • Хамкори дар кисми ичроиши талаботхои дар кодекси идоракунии корпоративи ва ахлокии кормандони ЧСП «Бонки байналмилалии Точикистон»  сабт гардида.

           Бо Шуъбаи таъминоти модди ва хизматрасони

  • Дастгири намудан дар пояи моди-техники ва дафтари кории Шуъба ба сатхи зарури, хамчунин мунтазам таъмин намудани молхои харочотшаванда ва тачхизотхои махсус барои истифода ва пешбурди фаъолият зарурбуда. Дар вакти зарури пешниход намудани автомошинаи хидмати барои фавран ва пурра ичро намудани корхои ба корманд мувофикгардонидашуда дар соати кори бо кайд намудани дархости Шуъба.
  • Таъмин намудани Хадамоти тахвил ва интиколи арзишхо бо автомашинахои махсус, саривакт аз таъмир гузаронидани онхо ва таъмин намудан бо сузишвори ва варакахои сафари.

           Бо Шуъбаи технологияхои иттилооти

  • Ворид намудан, санчиш ва мурофикаи таъминоти барномавии чори, коркарди ахбороти бонки ба тарзи автоматикунонидашуда дар Шуъба истифодашаванда.

    Бо Хадамоти бехатари

Таъмини бехатари ва ичозати калидхои махфии имзои электрони.

  1. САРДОРИ ШУЪБА

8.1.  Аз руи мавкеъи худ, сардори Шуъба вазифадор аст:

  • рохбарии тамоми фаъолияти Шуъбаро амали кунад, кори онро аз руи стандарт ва ба сатхи дар Оинномаи Бонк пешбини шуда ташкил намояд;
  • бо дарназардошти тагйирёбии бозор барои ворид кардани тагйирот ба хучxатхои дохили Бонки, ки ба масъалахои амалиётхои хазинадори таалук дорад пешниход тайёр намояд;
  • ухдадорихои вазифавии Сардорони ва чонишинони Сардорони шубахои дар хайати Шуъба бударо мукарар намояд, барои таъмини ичроиши онхо чорахо андешад;
  • аз хамаи норасогихои ошкоршуда дар корхои Шуъба ва дигар вохидхои амалиётии бо Шуъба робитахои мутакобила дошта, бо нишондодани сабабхои ба амаломада ва пешниходи роххои бартараф намудани он, ба рохбарияти Бонк хабар дихад;
  • дар тахия ва татбики хучxатхои меъёрии фаъолияти Бонкро ба танзимдароранда, намудхои пешрафт ва тарзи пешбурди амалиётхои бонки иштирок кардан;
  • ташкили самараноки кор, ичро намудани коргарон коидахои тартиботи дохилии кори, усул ва меъёри ахлоки касби ва маданияти корпаративиро таъмин намояд;
  • аз болои кори кормандони Шуъба назорат бурдан, ба сардорон ва чонишинони сардорони шуъбахо дар ташкил ва гузаронидани баходихии кормандон кумак кардан, хамасола сухбати тахасуси дар коркарди накшаи таракиёти чудогона, мачмуъи чорабинихои пешбинишуда, барои зарфияти касби ва шахсии коргарон равонакардашуда;
  • ба таври мунтазам тагйир додани сатхи ичроиши ухдадорихои вазифавии кормандони Шуъба, дар коллектив тарзи кори дастачамъиро мухайё кардан;
  • иваз кардани чои кор, аз чой ба чой гузаронидан ва аз кор озод намудани кормандони Шуъбаро бо рохбарияти бонк мувофика кардан;
  • саривакт муросилоти ба Шуъба воридшударо барраси намояд ва мухлати ичроиши муросиларо назорат кунад, чавобашро интизор шавад;
  • муросилахои ба номи Рохбарият ва вохидхои дигари Бонк бо масъалахои фаври равонашударо имзо намояд, инчунин муросилахои дигари ба гирандаи дохили ё беруна равона гаштааст, бо масъалахои ба салохияти Шуъба дохилбуда, болохат гузорад (бо назардошти розигии худ).

7.02.  Вобаста ба мавкеъи худ, сардори Шуъба хукук дорад:

  • гузоштани имзои аввал ба Супоришхои хизматии аз Шуъба содиршаванда;
  • пешниход оиди сохтор ва кормандони Шуъба барои баррасии Рохбарияти Бонк, масъалахоро бо онхо мувофика намудан, вобаста бо таъин намудан, аз кор ба кор гузаронидан ё чавоб додани кормандони Шуъба, инчунин мукофотонидани кормандони фарккунанда ё барои вайрон намудани тартиби кори ва норасоихоро дар кор рох додан аз чониби кормандони Шуъба чорахои мучозоти андешидан;
  • ба кормандони рохбарикунандаи ва ба дигар кормандони Шуъба супориш ва дастур додан;
  • дар холати гайриканатбахш ё умуман ичро накардани ухдадорихои вазифавии кормандони Шуъба, андешидани чорахои мучозоти нисбати онхо ё пешниход намудани гузориш ба Рохбарияти бонк оиди пешбини намудани чорахои маъмури;
  • ба Рохбарони сохторхои амалиётии Бонк бо масъалахои ба салохияти Шуъбаи у дохилшаванда, дастур ва супориш додан;
  • бо хамаи масъалахо дар мавриди бо имзои Рохбари Шуъба талабшуда ахборот гирифтан;
  • дар асоси карори Мачлиси умумии Сахомони Бонк бонуси солона (пардохти панчуми музди мехнат) гирифтан;
  • дигар масъалахои ба салохияти Шуъба дохилбударо хал намудан;

     

  1. НАЗОРАТ АЗ РУИ ФАЪОЛИЯТИ ШУЪБА

 9.1. Назорат аз болои фаъолияти Шуъба дар асоси нишондихандахои хисоботхои идоракунии хармохаи аз чониби сардори Шуъба ба унвонии Шуъбаи маъмури ва назорати дохили пешниходшаванда, инчунин бо рохи гузаронидани тафтиши хамачониба ё мавзуи аз чониби Хадамоти аудити дохилии Бонк ё мутахасисони Бонк таъин карда шуда, ташкил карда мешавад.

 9.2. Дар натичаи назорат аз болои фаъолияти Шуъба, бо назардошти натичадихи ва фаъолнокии кории хар як корманд сардори Шуъба вазифадор аст, ки дар мувофика бо макомоти рохбарикунандаи Бонк доир ба пардохти мукофотпулии хисобшуда, мувофики тартиби дар Низомнома «Оиди низоми хавасмандгардонии кормандони ЧСП  «Бонки байналмилалии Точикистон»  пешниходот омода созад.

9.3. Дар холати муайян намудани норасоихо дар натичаи тахлили хисоботхои идоракуни ё тафтиши хамачониба ё мавзуъи дар фаъолияти Шуъба сардори Шуъба вазифадор аст, ки барои ба чавобгари кашидани кормандони рохбарикунандаи дахлдори Шуъба ва мутахассисони тобеи онхо, тибки боби 6 Низомномаи мазкур пешниход омода намояд. Дарачаи чавобгарии корманди мувофик бояд бо амалаш баробар бошад ва набояд аз андозаи дар натичаи дахолат ё бедахолатии хунукназаронаи зарари ба Бонк расонидаи чунин коргар баланд бошад.

  1. МУККАРРОТИ ХОТИМАВИ

11.01. Масъалахои фаъолияти Шуъба, ки дар Низомномаи мазкур ба танзим дароварда нашудааст, дар мувофика бо Оинномаи Бонк, дигар санадхои меъёрии Бонк ва конунгузории чории Чумхурии Точикистон хал карда мешавад.

11.02. Карори тасдики Низомномаи мазкур аз чониби Раёсати Бонк кабул карда мешавад.

11.03.  Рохбарияти Шуъба хукуки тайёр намудани пешниход оиди ворид намудани тагйиру иловахо ба Низомномаи мазкурро дорад. Тагйиру иловахо ба Низомномаи мазкур аз замони бо карори Раёсати Бонк тасдик гардидани даровардани тагйиротхо, кувваи конунии худро пайдо менамоянд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …