Главная / Илм / Низомномаи Филиал

Низомномаи Филиал

  1. Коидахои умуми 

1.1.Филиал хамчун вохиди Чамъият шахси хукуки набуда, берун аз махалли вокеъгардии Чамъият карор дошта, дар доираи ваколатхое, ки Чамъият ба он додааст, аз номи Чамъият амал менамояд.

1.2.Филиал фаъолияти худро мувофики Конунхои Чумхурии Точикистон «Дар бораи ташкилотхои маблаггузории хурд», «Дар бораи Бонки миллии Точикистон», дигар конунхои Чумхурии Точикистон ва санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон, Оинномаи Чамъият ва Низомномаи мазкур амали мегардонад.

1.3.Филиал аз лахзаи бакайдгирии давлати мутобики талаботу коидахои мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон ««Дар бораи ташкилотхои маблаггузории хурд», ва санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон фаъолият мекунад.

1.4.Муносибати Филиал бо мизочон дар асоси шартнома, ки асоси хукукии амалиёти ташкилот аст, амали шуда, дар он хукуку eхдадори ва масъулияту чавобгарии тарафайн нишон дода мешавад.

1.5. Филиал бо ичозати Чамъият дар асоси хисоби хочагии пурраи дохили чамъият ва худмаблаггузори амал мекунад.

1.6.Макомотхои ичроияи хокимияти давлати ва махаллии Чумхурии Точикистон хукук надоранд, ки ба фаъолияти Филиал ва ба чобачогузории кадрхои он дахолат кунанд.

1.7.Тафтиши фаъолияти Филиал бо розигии Чамъият аз тарафи аудиторхои байналмилли ва ё худ ватани, хамчунин Бонки миллии Точикистон дар доираи муайяни конунгузори сурат мегирад.

1.8.Филиал аз рeи eхдадорихои давлат ва макомоти он низ чавобгар намебошад.

Давлат аз рeи eхдадории Филиал ба гайр аз холатхое, ки e ба дeш гирифтааст, чавобгар нест.

1.9.Филиал хангоми кабули карорхо аз макомоти ичроия ва идораи давлати вобаста намебошад.

1.10.Забонхои расмие, ки дар фаъолияти Филиал истифода мегарданд, забони точики мебошад. хамаи сабтхо, пайнавиштхо ва шаклхои хисоботие, ки Филиал истифода менамояд, хамчунин коргузори бо забони давлати – точики амали мегардад.

1.11. Номи пурраи расмии Филиал:

– бо забони точики – Чамъияти дорои масъулияти махдуди Ташкилоти амонатии карзии хурди «Инвестком»;

– бо забони руси –  Общество  с  ограниченной   ответственностью  микрокредитная депозитная  организация «Инвестком»;

– бо   забони  англиси – Limited   Liaиility  Company   Micкocкedit  deposit  oкganization “Standaкt moliya” .

1.5.   Номи ихтисори  Чамъият:

– бо  забони точики – ЧДММ ТАКХ «Инвестком»;

– бо  забони   руси – ООО МДО «Инвестком»;

– бо  забони  англиси-  LLC MDO «Standaкt moliya»

1.12.Филиал дорои мeхри мудаввар мебошад, ки дар он номи фирмавиаш бо забонхои точики ва хоричи, шакли ташкилию хукуки ва махалли вокеъгардии он сабт мегардад. хамчунин Филиал, тамгахо, варакахои махсус, нишони хусуси ва воситахои дигари аёнии ба он монанд ва тавозуни нотамом дорад.

1.13.Махалли вокеъгардидаи Филиал: Чумхурии Точикистон, шахри Хучанд,                 кeчаи К.Хучанди -181.

  1. Амалиёт ва муомилахои Филиал

2.1.Филиал амалиётхои бонкии дар поён овардашударо ба амал мебарорад:

– чалби амонат ва пасандозхои шахсони вокеи ва хукуки;

– додани карзи хурд  (бо  таъмин  ва  бе  таъмин);

– кушодану пешбурди суратхисобхои бонки;

– интиколи маблагхои пули бо фармоиши муштариён;

– додани кафолат;

– карордодхои форварди ва СВОП барои худ;

– амалиёти кассави;

– амалиёти хисоббаробаркуни ва мубодилави;

– барориши кортхои пардохтии бонки ва амалиёти онхо.

Хамаи намудхои фаъолияти дар боло номбаршуда дар асоси Ичозатномаи Бонки миллии Точикистон бо пули  милли  ва асъори хоричи анчом дода мешаванд.

Нисбати кафолати амонатхои шахсони  вокеие, ки Чамъият чалб менамояд, талаботи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи  сугуртаи пасандозхои  шахсони  вокеи»  татбик   мегардад.

            2.2.хамаи амалиётхо ва муомилахои бонки бо асъори милли ва хоричи анчом дода мешаванд.

  • Воситахои карзии Филиал ва танзими молиявии он

 

      3.1.Воситахои карзии Филиал дар асоси меъёри аз тарафи чамъият муайянкардашуда аз хисоби чунин воситахои пули ташкил карда мешавад:

            а) воситахои пулии худи;

            б) воситахои пулии мутамарказонидашудани карзи, ки аз хисоби захирахои Чамъият гирифта мешаванд;

            в) воситахои пулии мизочон, ки дар хисобхои Филиал мебошанд;

            г) депозитхои шахсони хукуки ва вокеи;

            д) воситахои пулии аз хисоби дигар бонкхо чалбкардашуда;

            е) дигар воситахои пулии чалбкардашуда.

            3.2.Филиал бо розигии Чамъият метавонад ба таври шартномави аз бонкхои дигар воситахои пулиро чалб намояд ва ё ба онхо карз дихад.

            3.3.Чамъият хукук дорад, ки муваккатан воситахои карзии озоди Филиалро истифода барад ва дар холатхои зарури ба Филиал ёрии молияви расонад.

            3.4.Филиал бо максади саривакт баргардонидани карзхо гарав, кафолат ва дигар намудхои таъминотхое, ки мувофики конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон пешбини шудааст, истифода мебарад.

            3.5.Бо максади таъмини мустахкамии молиявии Филиал, Чамъият ба e чунин меъёрхои макбулро муайян мекунад:

-хадди нихоии карзхо (кредитхо);

-тасниф ва бахогузории дороихо, ташкили захира ва фонди талафоти имконпазири дороихо дар заминаи чунин тасниф ва баходихи, инчунин мукаррар кардани мeхлате, ки бо мурури он даромад аз фоизи карзхои пардохтнашаванда наметавонад хамчун даромад хисобида шавад, ба истиснои даромад бо пули накд;

-шартхои кабули амонат, пасандоз ва додани карз (кредит), аз чумла мeхлат ва фоизи онхо;

-мамнуиятхо, махдудиятхо ё шартхои дигари вобаста ба:

а) навъи карзхо (кредитхо), сармоягузорихо ва eхдадорихо, мутобикати дороихо ва eхдадорихо аз рeи мeхлат ва фоизи онхо, инчунин дороихо ва eхдадорихои шарти;

б) мавкеи кушода:

-бо асъори хоричи, металлу сангхои киматбахо;

-воситахои курби ва меъёри фоизи;

-сахмияхо ва дигар когазхои киматноки интиколшаванда;

-карордодхои форварди, созишномаи своп, фючерс, опсион ва дигар хосилахои ба асъор, сахмияхо, вомбаргхо, металлу сангхои киматбахо ё курбу меъёрхои фоизи дахлдошта, ки хавфи онхо сугурта нашуда, аз меъёрхои мукарраршуда зиёд мебошад.

3.6.Барои гузаронидани амалиётхои бонки барои Филиал бо пешниходоти Чамъият дар Бонки миллии Точикистон зерхисоби муросилоти кушода мешавад.

3.7.Филиал захирахои озоди пулии шахсони хукуки ва вокеиро дар асоси шартномахои пасандози бонки ва хисоби бонки бо онхо дар хисобхояшон ва ё дигар хисобхо нигох дошта, истифода мебарад.

3.8.Филиал фаъолияташро мувофики конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон ва Низомномаи мазкур, дар худуди хукукхои мувофики хамин Низомнома додашуда, ба таври шартномави бо шахсони хукуки ва вокеи амали мегардонад.

Бинобар ин дар назди Филиал чунин вазифахо гузошта шудааст:

  • мутобикат ва танзими хисоби муросилоти;
  • бурдани хисобхо ва хизматрасонии амалиёти-хазинавии мизочон;
  • ичрои амалиёт бо асъори хоричи баъди гирифтани розигии хатти аз Бонк;
  • ташкил ва бурдани назорат аз болои хизматрасонии карзи-хисобии мизочон;
  • танзими захирахои умумии карзи, ки бо он Филиал амалиёт мегузаронад;
  • санчиши карор оиди додани карзхо дар хачми баробари меъёри хавф ба сармояи умумии Филиал;
  • тартибдихии хисоботи пурраи чамъбасти дар Филиал;
  • химояи манфиатхои Филиал;
  • тасдики накшаи даромад ва харочоти Филиал бо розигии Бонк ва риояи меъёрхои иктисоди;
  • кабули карор оиди додани мукофот ба коргарони Филиал бо ичозати Бонк;
  • кабул ва чобачогузории кадрхои шахсони масъул бо розигии Бонк;
  • масъалахои дигаре, ки ба ваколати Филиал дохил мешаванд.
  1. IV. Таъмини манфиатхои мизочон

            4.1.Филиал беосеб нигох доштани маблагхои пули ва дороихои дигареро, ки мизочон – муросилон ба ихтиёри вай супоридаанд, таъмин менамояд.

            4.2.Филиал сари вакт ва пурра eхдадорихояшро дар назди мизочон ичро менамояд.

            4.3.Филиал аз рeи eхдадорихояш бо тамоми молумулкаш чавобгар мебошад.

            4.4.Филиал махфи нигох доштани сирри амалиёт, хисобхо ва пасандозхои мизочону муросилони худро кафолат медихад. хамаи коркунони Филиал вазифадоранд, ки сирри амалиёт, хисобхо, амонатхои мизочону муросилони онро махфи нигох доранд.

            4.5.Маълумот оид ба хисобхо ва пасандозхои шахсони хукукию вокеи аз тарафи Филиал ба шахсони манфиатдор бо риояи конунгузории фаъолияти бонки дода мешавад.

            4.6.Хабси воситахои пули ва дигар амволи киматноки шахсони хукуки ва вокеи, ки дар хисоб ва пасандозхо мавчуданд ё дар Филиал нигох дошта мешаванд, дар асоси талаботи конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешавад.

            4.7.Филиал барои зарари ба мизочон расонидааш, ки дар натичаи ба хатогихо рох додани Филиал, ба вучуд омадааст, агар ин зарархо бо гунохи мизочон расонида нашуда бошанд. мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошад.

  1. Хукукхои Филиал 

5.1.Филиал барои таъмини вазифахо, амалиётхо оид ба маблаггузори, карздихи ва хисоббаробаркуни, ки ба зиммаи Филиал гузошта шуданд, хукук дорад:

а) дар асоси шартномахо бо мизочон микдор ва арзиши амалиётхои гузаронидашударо муайян кунад;

б) аз ташкилотхо ва корхонахои карзгир хисобот, тавозун ва дигар хуччатхое, ки кобилияти пардохтпазирии онхоро ифода мекунанд, инчунин таъмини баргардонидани карзхои додашавандаро талаб кунад;

в) дар холати вайрон кардани eхдадорихои дар шартномаи карзи мукарраршуда додани карзро манъ карда, пеш аз мeхлат баргардонидани карзи додашударо тибки шартхои шартнома талаб кунад;

г) дар вакти муайян намудани холатхои пешниходи хисоботи нодуруст оиди истехсоли махсулот, хизматрасони, даромад ё ин, ки дар холати бе назорат мондани хисоботи корхона, додани карз ва гузаронидани амалиёти хазинавию хисоббаробаркуниро боздорад;

д) бо ичозати Бонк воситахои асоси харад, воситахои пулии худро барои бино ва иншоотхо маблаггузори кунад ва онхоро фурeшад;

е) фаъолияти Филиалро таргибу ташвик намояд.

  1. Идоракунии Филиал 

6.1.Идоракунии Филиал ба зиммаи Роњбари Филиал гузошта шудааст.

Роњбар, сармухосибро Директори Чамъият таъин менамояд ва номзадии онхоро бо Бонки миллии Точикистон мувофикат мекунад.

6.2.Роњбар хукук дорад аз номи Филиал амалиётхои зеринро ичро намояд:

а) рохбарии бевоситаи фаъолияти хочагидории Филиал;

б) бо тарзи мукарраршуда коргарони Филиалро ба кор кабул ва озод намояд, коргарони бехтаринро хавасманд намояд, вайронкунандагони тартибу интизомро ба чазои интизоми кашад.

  • Хисобдори ва хисоботдихии Филиал 

7.1.Тарзи хисобот ва хисобдихии Филиал дар асоси санадхои меъёрии Бонки миллии Тоикистон оиди масъалахои ташкили хисобот ва хисобдихии бонкхо, низомномахои дохилии Чамъият амали мегардад.

7.2.Филиал пардохти андозхоро ба бучет мувофики Кодекси андози Чумхурии Точикистон ичро мекунад.

7.3.Баъди пардохтани андозхо ба бучет ва гузаронидани маблагхо ба фондхо фоидаи Филиал мувофики меъёри мукарраркардаи Бонк истифода бурда мешавад.

7.4.Хулосаи фаъолияти Филиал дар тавозунхои хармоха ва солона, дар хисоботхо оид ба даромад ва хамчунин дар хисоботи солонае, ки ба Бонки миллии Точикистон ва Бонк пешниход карда мешаванд, нишон дода мешавад.

7.5.Соли молиявии Филиал 1 январ огоз шуда, 31 декабр анчом меёбад.

  • Даромад, харочот ва фоидаи Филиал

8.1.Намудхои асоси даромади Филиал инхоянд:

  • даромад аз иштироки якчояи чорабинихои инвеститсиони ва инноватсиони;
  • даромад аз амалиёти мубодилаи асъори хоричи;
  • фоизхо аз карзхои ба мизочон додашуда;
  • хизматрасонии музднок, додани маслихат;
  • даромад аз амалиёт бо когазхои киматнок;
  • фоиз аз захирахои карзхои ба бонкхои дигар додашуда;
  • даромадхои дигар.

8.2.Намудхои асоси харочоти Филиал мувофики сметаи тасдиккардаи Чамъият инхоянд:

  • харочотхои маъмури-хочагидори;
  • харочотхо аз карзхои муттамарказ ва аз бонкхои дигар гирифташуда;
  • пардохтани фоизхо ба маблагхои бокимондаи мизочон, ки дар хисобхо ва пасандозхояшон нигох дошта шудаанд;
  • харочотхои дигаре, ки ба фаъолияти Филиал вобаста аст.

8.3. Фонди музди мехнатро дар асоси харочоти меъёри иктисодии Филиал, Директори Чамъият мукаррар мекунад ва онро Шeрои Нозирони Чамъият тасдик мекунад.

8.4.Харочоти нигох доштани Филиал дар хачми сметаи харочотхо, ки меъёри иктисоди пешбини кардааст, муайян карда мешавад.

8.5.Фоидаи Филиал ба тарзи муайянкардаи конунгузори, Оинномаи Чамъият, хамин Низомнома ва меъёри тасдикшуда барои Филиал, ташкил ва истифода мешавад.

8.6.Филиал барои фаъолияти худ ба микдори муайянкардаи Чамъият ба фонди захирави маблаг чудо мекунад.

8.7.Фонди асъории Филиал аз хисоби даромади Филиал, ки дар натичаи гузаронидани амалиётхои бонки бо асъори хоричи ворид шудааст, ташкил карда мешавад.

IХ. Назорати фаъолияти молиявию хочагидории Филиал 

            9.1.Фаъолияти Филиал аз чониби Чамъият, Бонки миллии Точикистон ва бо супориши дигар муассисахои аудитории бетараф ва хадамоти назорати дохили ва аудити Бонк тафтиш карда мешавад.

            9.2.Хулосаи тафтишот, ки хамчун хуччат тайёр карда шудааст, ба Чамъият барои чорахои зарури дидан, пешниход карда мешавад.

Х. Даровардани тагйироту иловахо ба Низомнома 

            10.1. Хамаи тагйироту иловахои ба Низомнома дохил шуда аз лахзаи тасдик шудани ин тагйироту иловахо кувваи конуни пайдо менамоянд.

ХI. Басташавии Филиал 

            11.1.Филиал бо карори Шeрои Нозирони Чамъият, инчунин дар холатхои дигари дар конунгузори пешбинишуда, баста мешавад.

            11.2.Бонк тарзи басташавии Филиал ва мeхлати онро дар асоси конунгузории бонки ва санадхои меъёрии Бонки миллии Точикистон муайян мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …