Главная / Гуногун / Низоми сиёсии Англия дар охири асри XIX – аввали асри XX

Низоми сиёсии Англия дар охири асри XIX – аввали асри XX

Сохти сиёсии Англия дар рафти инкилоби буржуазй ва баъди он дар асрхои XVI 1-ХVIII ба вучуд омада, дар охирхои асри XIX – аввали асри XX такмил ёфтааст. Англияи охири асри 19 – аввали асри 20 давлати мутлакияти парламентй гардид. Хокимияти мутлакаи шохй (ё худ малика) тавассути конститутсия ва парламент махдуд карда шуд. Ин вакт мисли асрхои миёна шох дар мамлакат макоми баланд надошт. Кабинети вазирон тамоми корхои амрдихию ичроияро дар ихтиёри худ дошт.

Дар нимаи дуюми асри XIX дар Англия системам духизбии хокимият ба хукми анъана даромад. Либералхо (виги) ва Консерваторхо (тори) мисли пештара бо навбат (кадомашро, ки интихобкунандагон интихоб кунанд) ба сари хокимият меомаданд. Системам духизбй манфиати аксарияти ахолии мамлакатро ифода мекард.

Вахте ки яке аз ин хизбхо дар сари хокимият мешуд, хизби дигари дар оппозитсиямонда ба фаъолияти хизби хукмрон назорат мекард. Барой сиёсати давлатии гуё нодурусташ хизби оппозитсионй хизби хукмронро ба зери танкидн сахт мегирифт. Дар баробари ин вай ба интихобкунандагон ваъдахои бисёр медод, ки агар дар сари хокимият мебуд, дар сиёсати дохилию хоричй чй тавр рафтор мекард. Вакилони хизби оппозитсиони барон ин максад минбари парлгментро хам самаранок истифода мебурданд. Бо хамин рох хизби оппозитсионй то интихоботи оянда диккати интихобкунандагонро ба тарафи худ мекашид. Дар интихоботи парламентй кадом хизбе, ки голиб мебаромад, кабинети вазиронро ташкил мекард ва намояндаи он сарвазир таъйин карда мешуд.

Хамин тарик, аз соли 1868 cap карда то саршавии Чанги якуми чахони хамдигарро иваз намуда, намояндагони ин хизбхо – гох Гладстону Дизраелй ва гох Чемберлену Солсбери ба хукумати Англия рохбарй кардаанд. Яке ба захматкашон гузашт мекард, дигараш ба инхисорхо, яке дар сиёсати хоричй муваффакият ба даст медароварду дигараш дар сиёсати дохилй. Баъзан хукмронии ин ва ё он хизби сиёси дар хамаи ин самтхо бомуваффакият хам сурат мегирифт. Дар ин маврид интихобкунандагон хамон хукумат, дурустараш хамон хизби хукмронро аз нав интихоб менамуданд.

Системаи духизбй мохияти системаи демократии Англияи онвактаро ифода мекард.

Мохияти империализми янглис. Кабинета Гладстон, ки соли 1868 ба сари хокимият омад, ба сиёсати дохилй бештар ахамият дод. Аз он чумла, он дар интихобот ба парламент овоздихии пинхонии интихобкунандагонро чори намуд, тред-юнионхоро конунй гардонид. Ин хукумат ислохоти додгохиро ба амал баровард, хариду фуруши мансабхои харбиро манъ кард, барои хизматчиёни давлатй имтихон чорй намуд. Ин конунхо хуб буданд. Вале конун дар бораи дар назди корхонахо манъ карда шудани ташкили гирдихамоихо зидди мехнаткашон буд. Шояд аз хамин сабаб бошад, ки дар интихоботи соли 1876 хизби либералй шикаст хурд. Солхои 1876- 1880 ба кабинета вазирон консерватор Дизраелй рохбарй кард.

Консерваторхо бештар ба сиёсати истилогаронаи хоричй машгул шуданд. Дизраелй боре изхор карда буд, ки Англия ”аз ислохот монда шудааст”. Барои камин вай бояд “дам гирад”.

Соли 1875 Дизраелй бо хилаю найранг аз хидеви Миер сахмияхои зиёди Канали Суетсро харида гирифта, Англиярс шарики сохтмони ин канал гардонид. Соли 1876 Дизраелй малика Викторияро “Императорбонуи Хиндустон” эълон кард. Малика бошад, барои дар мустамликазабткунии Англия корнамой кардан ба Дизраелй унвонхои фахрии граф Биконсфилд ва лордро тухфа кард.

Кабинети Консерваторхо дар Шарки Наздику Миёна ва дар Африкаи Чанубй сиёсати истилогаронаро пеш гирифт. Дар сиёсати шаркии худ империализми Англия бо Туркияи феодалй такя мекард. Туркия барои вай хам бозори кулайи молфурушию сармоягузорй ва хам барои давом додани исталои Балкану Шарки Наздик такягохи боэътимод буд. Соли 1878 Англия ба ивази дастгирии Туркия дар чанги солхои 1877 – 1878 бар зидди русия аз Туркия чазираи Кипрро гасб кард.

Англия нисбати Эрону Афгонистон хам сиёсати забткоронаро пеш гирифт. Дизраелй бахона кард, ки гуё Англия ин мамлакатхоро аз тобеияти Русия начот медода бошад.

Соли 1879 Англия бо “ташрифи махсус” ба Афгонистон дастаи калони харбй фиристод, лекин афгонхо онро ба хоки давлати худ дохил шудан намонданд. Ин амал барои бар зидди Афгонистони сохибихтиёр cap кардани амалиётхои харбии Англия бахона шуд. Ба Англия муяссар шуд, ки муваккатан дар ин чо ба муваффакият ноил шавад. Афгонистон ба Англия тобеъ шуд.

Империализми Англия дар охирхои асри XIX – аввали асри XX хам сиёсати истилогаронаи худро идома дод. Лекин акнун ин сиёсат дигар ба он вобастаги надошт, ки хокимияти сиёси дар дасти Консерваторхо аст ва ё дар дасти либералхо. Дар ин давра Англия ба империяи бузурги мустамликави табдил ёфт. Аз ин ру, империализми англис мустамликави буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …