Главная / Маданият ва санъат / Низомии Арузии Самарканди

Низомии Арузии Самарканди

Низомии Арузии Самарканди ё худ «Ахмад» ном дошта, падару бобояш Умар ва Али будаанд. Тахалусаш — Низоми. Лакабаш Арузи будааст. Самарканд зодгохи уст. Аз руи анъанаи роичи замон, нисбаи у Самарканди шудааст. Тахмин меравад, ки шояд солхои 475-80 хичри (1086-91 мелоди) ба дунё омада бошад.

nizomi-aruzii-samarqandiЧавони бисёр хушсалика, донишомуз, теззехне буд Ахмад. Аз ин хотир, ба бисёре аз илмхои фарогири хамон замон чун хисоб, хандаса, риёзи, нучум, кимиё, адаб ворид шуда буд. Хамон соле, ки хазрати Умари Хайём ба маркази илмию адабии Хуросон, яъне ба Балх ташриф овард (соли 506 хичри — 1113 мелоди). Низоми худро ба дидори Хайём расонид. Он вактхо Хайём на чун шоир, балки чун ситорашинос, риёзидон, хаким маъруфият дошт. Ва азбаски Низомии Арузи хам хавасманди илмхои табии буд, Хайёмро чун устоди худ шинохт ва ба соли 530 хичри (1135 милоди) вакте гузораш ба Нишопур афтод, оромгохи Хаким Хайёмро зи ёрат кард, дуои хайр дод ва карзи шогирдиро ба чо овард.

Дар банди ту, ай шох, Маликшох бояд,
То банди ту пои точдоре сояд.
Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд,
Гах захр шавад, мулки туро нагзояд.

Рузгори айёми чавонии Низомии Арузии Самарканди ба як давраи пурфочиаи таърихии хаёти сиёсии Мовароуннахру Хуросон рост омад. Давлати абаркудрати Газнавиён туфайли истиклолхохии шохону амиронаш ба парокандаги ру нихода буд. Туркхои салчуки бо сарварии Султон Санчар аз хокимияти Газнавиён саркаши карда, дар Марв маркази маъмурии худро бунёд сохтанд ва барои ба сари хочахои собикашон — Газнавиён тег кашидан омода шудан гириф танд.
Сарварони кабилахои парокандаи точикони вохаи Гур (сарзамини кухистони Бомиён ва водии Харируд) дар Шимол то Каписою сархади Бадахшон ба зери ливои Кутбуддини Махмуди Гури иттифок оростанд ва талабу фармонхои
султон Масъуди Газнавиро писанд намекардаги шуданд.

Дар Самарканду Бухоро карлукхои биёбонгарди кучии Карохони сар дароварданду даъвои хокимият карданд. Ана, дар хамин вазъияти парешонии мулку диёр Низомии Арузии Самарканди сар ба хар дар мезад, то харидоре ёбад, ки туфайли илму донишаш ва ё ашъори шогирдонааш мояи зиндаги пайдо кунад. Наёфт. Хатто соли 510 хичри (1117 мелоди) касидаи мадхияе навишта, худро ба дарбори Салчукиён, ба амирушшуарои ин дарбор — Амир Муиззи муаррифи кард. Амир Муиззи хам ба гуши у насихати бисёре хонду аз дар ронд.
Дар такдири баъдии Низомии Арузи пошхурии давлати Газнавиён ва дар охирхои асри XI ба сари кудрат омадани хокимияти точикони Гур роли муассире бозид. Низомии Арузи худро ба дабирии дарбори Гуриён зад ва “Бандаи мухлис…чихилу панч сол то ба хидмати ин хонадон мавсум шуд”.

Ва дар хамин чо тули 10 соли охири зиндагони китобчаи ёддоштмонанде бо унвони “Чахор макола” аз нуги калами у руи когаз рехт. Дар маколаи якуми китоб сухан аз бобби хунару истеъдоди дабири (котиби) меравад, маколаи дуюм ба масъалаи шеъру шоири бахшида шудааст, илми нучум ва дониши омухтаи муначчим дар он илм маколаи сеюми китобча аст. Маколаи чахорум “Дар илми тибб ва хидояти табиб” ном дорад.
Хамаи хикоёт ва ривоёт аз рузгори онхое хаст, ки дар унвони макола ишора шудааст. Инак, яке аз он хикояхо аз рузгори шоири шинохтаи маддохи дарбори Газнавиён Масъуди Саъди Салмон:

ХИКОЯИ РУЗГОРИ МАСЪУДИ САЪДИ САЛМОН АЗ КИТОБИ “ЧАХОР МАКОЛА”- И НИЗОМИИ АРУЗИИ САМАРКАНДИ.

“Дар шухури санаи аснатину сабъин ва хамсамоия (572 хичри, 1178 милоди) сохибгаразе кисса ба султон Иброхим бардошт, ки писари у — Сайфуддавла амир Махмуд нияти он дорад, ки ба чониби Ирок биравад ба хизмати Маликшох. Султонро гайрат кард ва чунон сохт, ки уро ногох бигирифту бибаст ва ба хисор фиристод. Ва надимони уро банд карданду ба хисорхо фиристод. Аз чумла, яке Масъуди Саъди Салмон буд ва уро ба Вачиристон, ба калъаи Ной фиристоданд.
Аз калъаи Ной ду байте ба султон фиристод (Масъуди Саъди Салмон фармояд):
Дар банди ту, ай шох, Маликшох бояд, То банди ту пои точдоре сояд. Он кас, ки зи пушти Саъди Салмон ояд, Гах захр шавад, мулки туро нагзояд.
Ин дубайти (рубои — У.Т.) Алии Хос бари султон бурд, бад у хеч асаре накард. Ва арбоби хираду асхоби инсоф донанд, ки хабсиёти Масъуд дар улув ба чи дарача расидаасту дар фасохат ба чи поя бувад. Вакт бошад, ки ман ашъори у хаме-
хонам, муй бар андоми ман бар пой хезад ва чои он бувад, ки об аз чашми ман биравад. Чумлаи ин ашъор бар он подшох хонданд ва у бишнид, ки бар хеч мавзеъ у гарм нашуд ва аз дунё бирафту он озодмардро дар зиндон бигзошт.

Муддати хабси у, ба сабаби курбати Сайфуддавла, дувоздах сол буд. Ва дар рузгори султон Масъуди Иброхим, ба сабаби курбати у Абунасри Порсиро хашт сол буд. Ва чандон касоиди гуррару (баргузидаю) нафоиси дуррар (дурхо), ки аз табъи наккоди (расои ) у зода, албатта, хеч масмуъ наяфтод (макбул нашуд).
Баъд аз хашт сол сиккатулмулк Тохир Алии Мушкон уро берун овард. Ва чумла он озодмард дар давлати эшон хама умр дар хабс ба сар бурд ва ин бадноми дар он хонадони бузург бимонд. Ва мани банда ин чо мутавваккифам (исто даам), ки ин холро бар чи хамл кунам: бар саботи (устуворрии) раъй, ё бар баддили. Дар чумла сутуда нест ва надидам хеч хирадманд, ки он давлатро бар ин хазму эхтиёт махмадат (ситоиш) кард.
Ва аз султони олам Гиёсуддунё ваддин Мухаммад ибни Маликшох ба дари Хамадон дар вокеъаи амир Шихобуддин Кутулмуш Алп- гози, ки домоди у буд,
ба хохари, тайяба Аллаху турбатахумо ва рафаа фил-чино-ни рутбатахумо (Худо хоки он дуро покиза гардонад ва дар бихишт дарачаи ононро баланд кунад) шунидам, ки хасми дар хабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду хол берун
нест: ё муслех (хайрхох) аст, ё муфсид (бадкор). Агар муслех аст, дар хабс доштан зулм аст ва агар муфсид аст, муфсидро зинда нигох доштан хам зулм аст. Дар чумла бар Масъуд ба сар омад ва он бадноми то домани киёмат бимонад.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:
1. Низомии Арузии Самарканди кист: шоир, нависанда, олим?
2. Сабаби оворагардихои Низоми дар овони чавони чи буд?
3. Низомии Арузи аз хизматаш дар дарбори Гурихо каноатманд буд? Чаро?
4. Мундаричаи «Чахор макола»-ро номбар кунед.
5. Сабаби зиндони шудани Масъуди Саъди Салмонро Низомии Арузи дар чи мебинед?
6. Хулосаи Низомии Арузиро аз руи фармудаи худи у: «Хасми дар хабс доштан нишони баддилист, зеро ки аз ду хол берун нест: ё муслех (хайрхох), ё муфсид (бадкор). Агар муслех аст, дар хабс доштан зулм аст, агар муфсид аст, муфсидро зинда нигох доштан хам зулм аст» (аз руи ин хулоса бахси синфи созмон дихед).

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …