Главная / Чамъият / Низоми ичозатдихи дар Точикистон

Низоми ичозатдихи дар Точикистон

КОНУНИ Чумхурии Точикистон  

Дар бораи низоми ичозатдихи  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 606; с. 2012, № 4, мод. 252, № 7, мод. 686, № 12, к. 1, мод. 1024; с. 2014, № 7, к. 2, мод. 400, № 12, мод. 824; с. 2015, №11, мод. 957, №12, к. 1, мод. 1113;

Конунхои Чумхурии Точикистон аз 14.05.2016 с., № 1313; аз 23.07.2016 с., №1340)

Конуни мазкур асосхои хукуки, ташкили ва иктисодии низоми ичозатдихи, номгуи истисноии фаъолиятхои дар асоси ичозати макоми ваколатдори давлати амалишаванда, тартиби додани хуччатхои ичозатдихиро ба субъектхои фаъолияти сохибкори муайян намуда, шаклхои хуччатхои ичозатдихиро мукаррар карда, хифзи хукуку манфиатхои конунии шахрвандон, мухити зист ва амнияти давлатро таъмин менамояд.  

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси  

Ичозатнома

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

хуччати ичозатдихихуччати маъмурии дорои хусусияти ичозатдихиест, ки аз чониби макомоти ичозатдиханда ба шахси хукуки ва сохибкори инфироди барои пешбурди фаъолият ё амали муайян, бо нишон додани мухлати он, бо риояи хатмии шартхои ичозатдихи дар намуди ичозат, сертификат, хулоса, тасдики санад, мувофикакуни, шаходатнома, аттестат, рухсатнома, бакайдгири, супориш ва карор, ба истиснои ичозатнома (литсензия), дода мешавад; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236);

низоми ичозатдихи – мачмуи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти сохибкори аз чониби макомоти ичозатдиханда, ки ба додан, азнавбарасмиятдарори, боздоштан, баркарор намудани амал ва бекор кардани хуччати ичозатдихи, додани нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи, пешбурди Фехристи ягонаи давлатии электронии хуччатхои ичозатдихи ва фехристи хуччатхои ичозатдихи, назорати риояи шартхои ичозатдихи аз чониби шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди, додани амрномахо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартхо алокаманд мебошанд; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

шартхои ичозатдихимачмуи талабот ва шартхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, ки ичро намудани онхо аз чониби аризадиханда  зимни гирифтани хуччати ичозатдихи  ва (ё) дорандаи хуччати ичозатдихи хангоми амали кардани намуди дахлдори фаъолияти сохибкори хатми мебошад; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

макоми ичозатдиханда – макоми ваколатдори давлатие, ки тибки Конуни мазкур хукуки додани хуччати ичозатдихиро дорад;

аризадиханда – шахси хукуки ё сохибкори инфиродие, ки ба макоми ичозатдиханда ариза ва хуччатхои заруриро барои гирифтани хуччати ичозатдихи пешниход намудааст;

дорандаи хуччати ичозатдихи – шахси хукуки ё сохибкори инфиродие, ки барои амали кардани намуди муайяни фаъолият ё амал хуччати ичозатдихи дорад;

масъулияти изхоршуда – аз чониби аризадиханда изхор кардани масъулияти худ оид ба риоя намудани шартхои ичозатдихи хангоми амали намудани фаъолияти сохибкори (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340);

маъкулдонии худ аз худ – расмиёте, ки дар натичаи он хуччати ичозатдихи дода шуда, азнавбарасмиятдаровардашуда ва баркароршуда хисобида мешавад, агар макоми ичозатдиханда вобаста ба ариза дар мухлат ва бо шартхое, ки Конуни мазкур пешбини кардааст, бо огохонидани аризадиханда карор кабул накарда бошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340);

равзанаи ягона – расмиёти соддакардашудаи баррасии ариза барои додани хуччати ичозатдихи ва санчиши иттилооти пешниходгардида ва (ё) барои тасдик ба макомоти ваколатдори давлати супурдани он, агар бо дигар конун тасдик намудани он бе чалби аризадиханда ба ин раванд пешбини гардида бошад (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340);

фехристи хуччатхои ичозатдихи – мачмуи маълумот оид ба хуччатхои ичозатдихии додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, баркароркардашуда ва бекоркардашуда, ки аз чониби хар як макоми ичозатдиханда пеш бурда мешавад;

Фехристи ягонаи давлатии электронии хуччатхои ичозатдихи – манбаи чамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба хуччатхои ичозатдихие, ки дар низоми мустаким (он-лайн) дастрас мебошад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи низоми ичозатдихи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи низоми ичозатдихи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Меъёрхои муайянкунии намудхои фаъолияте, ки бо  додани хуччатхои    ичозатдихи  танзим карда мешаванд

Ба намудхои фаъолияти бо рохи додани ичозат танзимшаванда чунин намудхои фаъолияте мансубанд, ки ба яке аз меъёрхои дар сархатхои якум ва дуюм, инчунин хатман ба меъёри дар сархати сеюми хамин модда пешбинигардида чавобгуй бошанд:

– зарурати истифодабарии захирахои махдуди давлати;

– зарурати мукаррар намудани шартхо ва талаботи махсус нисбат ба фаъолият ва санчиши риояи онхо дар чараёни амали намудани фаъолият бо максади рох надодан ба расонидани зиён ба хукук, манфиатхои конунии шахрвандон, мухити зист ва амнияти давлат;

– додани хуччати ичозатдихи дигар расмиёти танзимкунандаи фаъолияти субъектхои сохибкориро, ки конунгузори барои чудо намудани захирахои махдуди давлати ва (ё) барои таъмин намудани риояи шартхо ва талаботи махсус бо максади рох надодан ба расонидани зиён ба хукуку манфиатхои конунии шахрвандон, мухити зист ва амнияти давлат мукаррар намудааст, такрор намекунад.

Моддаи 31. Тартиби ворид намудан, тагйир додан ва хорич кардани хуччатхои ичозатдихи аз  номгуи хуччатхои ичозатдихи  

  1. Тартиби ворид намудан, тагйир додан ва хорич кардани хуччатхои ичозатдихи аз номгуи хуччатхои ичозатдихи танхо бо рохи ворид намудани тагйиру иловахо ба Конуни мазкур анчом дода мешавад.
  2. Хангоми мукаррар намудани хуччатхои ичозатдихии нав бояд талаботи боби 3 Конуни мазкур риоя карда шаванд.

(КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

Моддаи 4. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи  низоми ичозатдихи

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи низоми ичозатдихи инхо дохил мешаванд:

– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи танзими низоми ичозатдихи (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340);

– тасдики коидахои гузаронидани санчиши фаъолияти макомоти давлати оид ба  риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими низоми ичозатдихи; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

– тасдики коидахои пешбурди Фехристи ягонаи давлатии электронии хуччатхои ичозатдихи;

– тасдики коидахои пешбурди фехристи хуччатхои ичозатдихи.

Моддаи 5. Ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи  танзими низоми ичозатдихи

Ба ваколатхои макоми ваколатдори давлати дар сохаи танзими низоми ичозатдихи дохил мешаванд:

– санчиши фаъолияти макомоти давлати оид ба риояи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими низоми ичозатдихи, инчунин ирсоли пешниход дар бораи бекор кардани карорхои гайриконунии макомоти зикргардида; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

– гузаронидани мониторинг вобаста ба татбики Конуни мазкур;

– ба Хукумати Чумхурии Точикистон пешниход намудани иттилооти харсола аз руи натичахои мониторинги гузаронидашуда;

– натичагири аз тачриба дар танзими фаъолияти сохибкори бо рохи додани хуччатхои ичозатдихи, тахия ва пешниходи таклифхо оид ба такмили конунгузори дар сохаи танзими низоми ичозатдихи;

– санчиши санадхои баходихии таъсири танзимноки лоихахои санадхои меъёрии хукукии танзимкунандаи низоми ичозатдихи ва пешниходи хулоса бо мухокимаи хатми бо субъектхои фаъолияти сохибкори ва иттиходияхои онхо;

– пешбурди Фехристи ягонаи давлатии электронии хуччатхои ичозатдихи.

Моддаи 6. Ваколатхои макомоти ичозатдиханда

       (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340)

Ба ваколатхои макомоти ичозатдиханда дохил мешаванд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340) :

– додани хуччатхои ичозатдихи;

– азнавбарасмиятдарории хуччатхои ичозатдихи;

– боздоштани амали хуччатхои ичозатдихи;

– додани нусхаи дуюми (дубликати) хуччатхои ичозатдихи;

– дароз кардани мухлати амали хуччатхои ичозатдихи;

– рад кардан аз додани  хуччатхои ичозатдихи;

– катъ кардани мухлати амали хуччатхои ичозатдихи;

– бекор кардани хуччатхои ичозатдихи дар холатхои мукаррарнамудаи моддаи 28 Конуни мазкур;

– пешбурди фехристи хуччатхои ичозатдихи;

– тасдики намунаи ариза, санади надоштани ичозат ва огохинома барои гирифтани хуччати ичозатдихи; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

– муайян намудани намунаи хуччати ичозатдихи; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

– назорати риояи талабот ва шартхои хуччатхои ичозатдихи аз чониби дорандагони хуччатхои ичозатдихи.

Моддаи 7. Амали хуччати ичозатдихи

  1. Намуди фаъолияте, ки барои амали намудани он хуччати ичозатдихи дода шудааст, танхо аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфиродии хуччати ичозатдихиро гирифта, ичро шуда метавонад.
  2. Амали хуччати ичозатдихи дар каламрави Чумхурии Точикистон пахн мегардад.
  3. Дар холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон  ва (ё) санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, амали хуччати ичозатдихи метавонад берун аз каламрави Чумхурии Точикистон низ пахн гардад.

Моддаи 8. Мухлати амали хуччати ичозатдихи

Хуччати ичозатдихи ба мухлати номахдуди амал ва барои намудхои фаъолияте, ки бояд ичозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба мухлати амали ичозатнома дода мешавад.

Моддаи 9. Маблаггузори ва пардохтхо барои додани хуччатхои ичозатдихи

  1. Маблаггузори ва пардохтхо барои додани хуччатхои ичозатдихи дар доираи маблагхое амали мегарданд, ки аз бучетхои дахлдор барои нигохдории макомоти ичозатдиханда чудо карда мешаванд.
  2. Барои баррасии ариза оид ба додани хуччати ичозатдихи барои намудхои фаъолияти дар Конуни мазкур пешбинишуда, пардохти ичозатдихи баробар ба як нишондиханда барои хисобхо ситонида мешавад, ки он баргардонида намешавад.
  3. Барои додани хуччати ичозатдихи баробар ба ду нишондиханда барои хисобхо пардохт ситонида мешавад.
  4. Маблагхои пардохти ичозатдихи ба бучети давлати гузаронида мешаванд.
  5. Дар сурати тамдиди мухлати амали хуччати ичозатдихи баробар ба додани хуччати ичозатдихи пардохт ситонида мешавад.

Моддаи 10. Коргузори дар сохаи додани хуччатхои ичозатдихи

  1. Нисбати хар як шахси хукуки ва сохибкори инфиродие, ки барои гирифтани хуччати ичозатдихи ариза додааст, макоми ичозатдиханда парванда тартиб дода, барои хар як намуди хуччати ичозатдихи, пешбурди дафтари бакайдгирии аризахо ва хуччатхои ичозатдихии додашударо ба рох мемонад.
  2. Дар парванда хамаи хуччатхое, ки аз тарафи аризадиханда ворид шудаанд, инчунин нусхахои карорхо ва амрномахои макоми ичозатдиханда марбут ба аризадиханда нигох дошта мешаванд.
  3. Дар дафтари бакайдгирии аризахо ва хуччатхои ичозатдихии додашуда маълумот оид ба аризадиханда, санаи ворид шудани хуччат, сана ва раками карорхои кабулнамудаи макоми ичозатдиханда, санаи додани хуччати ичозатдихи ва имзои шахси масъул ва шахсе, ки хуччати ичозатдихи гирифтааст, сабт карда мешаванд.
  4. Макоми ичозатдиханда фехристи хуччатхои ичозатдихии додашударо тахия менамояд ва пеш мебарад.
  5. Дар фехристи хуччатхои ичозатдихи маълумоти зерин нишон дода мешаванд:

– маълумот оид ба аризадиханда (номи шахси хукуки, барои сохибкори инфироди – насаб, ном ва номи падар);

– намуди хуччати ичозатдихи;

– сана ва раками карор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани хуччати ичозатдихи;

– силсила, ракам ва санаи додани хуччати ичозатдихи;

– маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихи ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он, додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи;

– асос, сана ва раками карор (амр, фармон, фармоиш)  дар бораи бартараф кардани вайронкунии шартхои хуччати ичозатдихи;

– асос, сана ва раками карор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва баркарор кардани амали хуччати ичозатдихи;

– асос, сана ва раками карор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани хуччати ичозатдихи;

– асос, сана ва раками карор (амр, фармон, фармоиш)  дар бораи беэътибор донистани хуччати ичозатдихи. (КЧТ аз 26.07.14с., №1103);

– асос, сана, ва раками карор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи катъ намудани амали хуччати ичозатдихи  (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340).

  1. Иттилооти дар фехристи хуччатхои ичозатдихи мавчудбуда ошкоро ва дастрас мебошад.

БОБИ 2.

ПРИНСИПХОИ ТАНЗИМИ   НИЗОМИ ИЧОЗАТДИХИ

Моддаи 11. Принсипхои асосии низоми ичозатдихи

  1. Принсипхои асосии низоми ичозатдихии Чумхурии Точикистон аз инхо иборат мебошанд:

– шаффофияти кабули карорхо, танзимкуни ва пешбинишаванда будани чараёни додани хуччатхои ичозатдихи;

– мукаррар намудани тартиби ягонаи додани хуччатхои ичозатдихи;

– масъулияти изхоршуда;

– равзанаи ягона;

– маъкулдонии худ аз худ;

– мутаносибии манфиатхои чомеа ва хукукхои субъектхои  фаъолияти сохибкори хангоми мукаррар намудани зарурати пешбурди хуччати ичозатдихи;

– арзёбии таъсири танзимкунанда дар холати чори кардани намудхои нави хуччатхои ичозатдихи.

  1. Хама гуна шубха, ихтилофот ва нофахмихо дар санадхои меъёрии хукуки, ки бо низоми ичозатдихи алокаманд мебошанд, ба манфиати субъекти фаъолияти сохибкори шарх дода мешаванд.

Моддаи 12. Шаффофияти кабули карорхо, танзимкуни ва пешбинишаванда будани чараёни

                        додани хуччатхои ичозатдихи

  1. Макомоти ичозатдиханда ухдадоранд, ки дар бораи лоихахои санадхои меъёрии хукуки оид ба низоми ичозатдихи иттилоъ диханд ва шаффофияти фаъолияти худро рочеъ ба кабули карорхо бо рохи чалб намудани субъектхои фаъолияти сохибкори дар чараёни тахияи санадхои меъёрии хукуки ва кабули карорхо оид ба низоми ичозатдихи таъмин намоянд.
  2. Макомоти ичозатдиханда шаффофияти танзими низоми ичозатдихиро тавассути дастрасии озод ба тахияи лоихахои санадхои меъёрии хукуки ва интишори онхо тибки Конуни мазкур таъмин менамоянд.
  3. Маълумот оид ба хуччатхои ичозатдихи ба Фехристи ягонаи давлатии электронии хуччатхои ичозатдихи (минбаъд-Фехристи электрони) баъди интишори онхо дар нашрияхои расми ворид карда мешаванд.
  4. Дастраси ба Фехристи электрони ройгон буда, аз тарики шабакаи интернет амали карда мешавад.

Моддаи 13. Тартиби ягонаи додани хуччатхои ичозатдихи

  1. Тартиби ягонаи додани хуччатхои ичозатдихи бо Конуни мазкур мукаррар гардида, аз инхо иборат мебошад:

– пардохти маблаги баррасии ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи;

– муайян будани максади гирифтани хуччати ичозатдихи;

– риояи тартиби пешниходи ариза ва баррасии он;

– пурра будани номгуи хуччатхое, ки барои гирифтани хуччати ичозатдихи зарур мебошанд;

– асосноккунии сабаби рад намудан аз додани хуччати ичозатдихи;

– дар холатхои зарури додани нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи;

– сари вакт азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихи;

– асосноккунии боздоштан, баркарор намудан, бекор кардан ва катъ намудани амали хуччати ичозатдихи;

  1. Макомоти ичозатдиханда наметавонанд тартиби дигари додани хуччатхои ичозатдихиро мукаррар намоянд.

Моддаи 14. Масъулияти изхоршуда

 

  1. Барои гирифтани хуччати ичозатдихи рохбари шахси хукуки ё шахси ваколатдорнамудаи у ё сохибкори инфироди ба макоми ичозатдихандаи дахлдор шахсан, бо мактуби фармоиши ё ба воситаи почтаи электрони (дар шакли хуччати электрони бо имзои раками) аризаи имзошударо пешниход менамояд, ки тибки он аризадиханда барои риоя кардани шартхои хуччати ичозатдихи хангоми амали намудани фаъолияти сохибкори ва барои эътимоднок будани хуччатхои пешниходгардида масъулиятро ба душ мегирад.
  2. Принсипи масъулияти изхоршуда хангоми додани хуччатхои ичозатдихие, ки сархатхои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3), сархатхои дуюм, сеюм ва чоруми банди 4), сархатхои якум, дуюм, сеюм, чорум, панчум ва хафтуми банди 5), банди 6), сархати якуми банди 7), сархатхои якум, дуюм, сеюм ва чоруми банди 8), сархатхои дуюм ва сеюми банди 9), бандхои 10)-12), 14)-18) сархатхои дуюм, сеюм, чорум ва шашуми банди 19)моддаи 29 конуни мазкур мукаррар намудаанд, татбик намегардад. (КЧТ аз 31.12.14с., №1170; аз 23.11.15 с., №1236; КЧТ аз 23.07.16 с., №1340).

 

Моддаи 15. Равзанаи ягона

  1. Макомоти давлати тибки дархости макомоти ичозатдиханда барои пешниходи мутакобилаи иттилоот бо рохи таъмин намудани дастраси ба захирахои иттилоотии давлатии дахлдор масъул мебошанд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1103)
  2. Макомоти давлати ухдадоранд тибки дархости макомоти ичозатдиханда хуччатхои дархостшаванда ва иттилоотро дар хомили когази ё дар шакли электрони, ки бо имзои раками тасдик шудааст, дар мухлати панч руз баъди гирифтани дархости дахлдор пешниход намоянд.
  3. Агар макомоти давлати ба дархости макомоти ичозатдиханда ё дигар макомоти хокимияти давлати дар мухлатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур чавоб надиханд ё дастраси ба захирахои иттилоотиро таъмин накунанд, хуччатхо ва иттилооти дахлдор мувофикашуда ё тасдикшуда хисобида мешаванд.

Моддаи 16. Маъкулдонии худ аз худ

  1. Хуччати ичозатдихи додашуда ё вобаста ба холатхо мухлати амали он тамдидшуда хисобида мешавад, агар макоми ичозатдиханда дар мухлати дар Конуни мазкур  пешбинигардида оид ба додан ё тамдид намудани мухлати амали хуччати ичозатдихии дахлдор ба аризадиханда чавоб надода бошад.
  2. Пас аз гузаштани мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур барои додани хуччати ичозатдихи ва дар сурати набудани огохиномаи хатти аз чониби макоми ичозатдиханда, аризадиханда метавонад ба фаъолияте, ки барои он хуччати ичозатдихи дархост намудааст, огоз намояд.
  3. Расмиёти маъкулдонии худ аз худ нисбат ба хамаи хуччатхои ичозатдихии аз чониби макоми ичозатдиханда додашуда татбик карда мешавад, ба истиснои хуччатхои ичозатдихи, ки мувофики сархатхои дуюм, сеюм ва чоруми банди 3), сархатхои дуюм ва чоруми банди 4), сархати якуми банди 6), сархати сеюми банди 8), сархати сеюми банди 9), сархатхои якум ва дуюми банди 10), бандхои 12), 16) ва 17), сархатхои чорум ва шашуми банди 19) моддаи 29 Конуни мазкур дода мешаванд (КЧТ аз 31.12.14с., №1170; аз 23.11.15 с., №1236; КЧТ аз 23.07.16 с., №1340).
  4. Чавоби манфии макоми ичозатдиханда, ки дар мухлати пешбининамудаи Конуни мазкур барои додани хуччати ичозатдихи дода шудааст,  ба маъкулдонии худ аз худ баробар карда намешавад.
  5. Дар сурати ошкор кардани носахехи дар хуччатхои пешниходшуда макоми ичозатдиханда дар ин хусус аризадихандаро на дертар аз панч рузи кори кабл аз гузаштани мухлате, ки Конуни мазкур барои додани хуччати ичозатдихии дахлдор пешбини намудааст, огох менамояд.
  6. Агар пас аз додани хуччати ичозатдихие, ки дар асоси он огоз намудани сохибкори ва (ё) пешбурди он ичозат дода мешавад, макоми ичозатдиханда далели ичро нагардидани ягон шарти мухими барои додани хуччати ичозатдихи пешбинигардидаро мукаррар намояд, макоми ичозатдиханда дорандаи хуччатро дар бораи носахехихои ошкоргардида на дертар аз як мохи баъди гузаштани мухлате, ки Конуни мазкур барои додани хуччати ичозатдихи пешбини намудааст, огох карда, дар айни хол тартиби бартараф кардани онхо ва мухлати ичрои ин ухдадориро мукаррар менамояд. Мухлати мукарраргардида наметавонад аз си рузи таквими кам ва аз шаст рузи таквими зиёд бошад.
  7. Дар сурати ба вучуд омадани холати дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида макоми ичозатдиханда хуччати ичозатдихиро дар мухлати на зиёда аз панч рузи пас аз ба охир расидани мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 моддаи 22 Конуни мазкур ба расмият медарорад.

Моддаи 17. Мутаносибии манфиатхои чомеа ва субъектхои фаъолияти сохибкори

  1. Муносибати макомоти ичозатдиханда бо субъектхои фаъолияти сохибкори ба дарачаи баробар бояд ба таъмини манфиатхои чомеа ва хифзи хукукхои сохибкорон мусоидат намояд.
  2. Санчиши тартиби татбики фаъолияте, ки субъекти фаъолияти сохибкори дар асоси принсипхои маъкулдонии худ аз худ ва масъулияти изхоршуда амали менамояд, аз чониби макомоти ичозатдиханда, ки мутобики Конуни Чумхурии Точикистон “Дар бораи санчиши фаъолияти субъектхои хочагидор дар Чумхурии Точикистон” барои гузаронидани санчишхо ваколатдор карда шудаанд, амали карда мешавад.

Моддаи 18. Арзёбии таъсири танзимкуни

  1. Арзёбии таъсири танзимкунии хуччати ичозатдихи асосноксозии дар асоси арзёбии харочот ва фоида амалишудаи зарурати чори намудан ё тагйир додани хуччати ичозатдихи ва тахлили окибатхо барои сохибкори, аз чумла таъмини риояи хукуку манфиатхои сохибкорон ва давлат, хамчунин мутобикат ба максадхои сиёсати танзим ва принсипхои мукаррарнамудаи Конуни мазкурро ифода менамояд.
  2. Санади арзёбии таъсири танзимкуни чузъи таркибии маълумотномаи асосноккунанда ба лоихаи санади меъёрии хукукии танзимкунандаи низоми ичозатдихи мебошад. Санади арзёбии таъсири танзимкуни зарурати кабул намудани лоихаи мушаххаси санади меъёрии хукукиро муайян мекунад, инчунин чихатхои микдори ва сифатии таъсироти асосии (фоида ва харочоти) онро ба чомеа арзёби менамояд. (КЧТ аз 26.07.14с., №1103)

 

БОБИ 3.

РАСМИЁТИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ САНАДХОИ МЕЪЁРИИ ХУКУКИИ МУКАРРАРКУНАНДА Ё ТАГЙИРДИХАНДАИ  ХУЧЧАТХОИ ИЧОЗАТДИХИ

Моддаи 19. Стандартхои сифат барои арзёбии таъсири  танзимкунии санадхои меъёрии

                         хукукие, ки хуччатхои ичозатдихиро мукаррар менамоянд  ё тагйир медиханд

 

Санадхои меъёрии хукукие, ки хуччатхои ичозатдихиро мукаррар менамоянд ё тагйир медиханд, бояд ба стандартхои зерини сифат мутобикат кунанд:

1) Устувори: хуччатхои ичозатдихи бояд ба принсипхои бозори асос ёбанд ва ба талаботи пешгуишавандаги, шаффофияти кабули карорхо ва танзимкуни чавобгуй бошанд. Хуччатхои ичозатдихие, ки нисбати бакайдгири, амали намудан ва бархамдихии фаъолияти сохибкори, ракобати озод, савдо ва сармоягузори махдудиятхо мукаррар менамоянд, бояд аз нуктаи назари хифзи манфиатхои чомеа асоснок карда шуда бошанд;

2) Самаранокии харочот: хуччатхои ичозатдихи бояд халли камхарчтари вазифаи дакик муайяншударо пешниход намоянд;

3) Фасехи ва самараноки: хуччатхои ичозатдихи нишондихандахоеро мукаррар менамоянд, ки онхо бояд аз чониби шахсоне ба даст оварда шаванд, ки ба онхо дахл мекунанд ва наметавонанд тавассути чори намудани технология ва усулхое, ки барои ба муваффакият ноил гардидан зарур мебошанд, далелнок шарх дода шаванд;

4) Мутаносиби: санадхои меъёрии хукуки бояд ба таври баробар ба таъмини манфиатхои чомеа ва хифзи хукукхои сохибкорон мусоидат намоянд.

Моддаи 20. Арзёбии таъсири танзимкунии хуччатхои ичозатдихи

 

  1. Хар як макоми давлати то тахияи лоихаи санади меъёрии хукукие, ки хуччати ичозатдихиро мукаррар менамояд ё тагйир медихад, арзёбии таъсири танзимкуниро амали менамояд, ки аз инхо иборат мебошад:

1) Муайян намудани масъала (проблема). Арзёбии таъсири танзимкуни масъалаеро муайян мекунад, ки онро хал кардан зарур аст, инчунин натичахои имконпазири танзим аз чониби давлатро мукаррар менамояд. Муайянкунии масъала бояд унсурхои зеринро дар бар гирад:

– чузъиёти хукуки, ки тартиби ба ваколати макоми идоракуни мансуб донистани масъаларо барои танзимкунии давлати нишон медихад;

– чузъиёти тахлили, ки сабаби ба вучуд омадани масъаларо шарх медихад ва ахамиятнокии онро муайян менамояд;

– арзёбии окибатхои эхтимоли дар сурате, ки амалхои дигар анчом дода нашаванд;

– муайян намудани хадафхои амалхои давлат.

2) Арзёбии харочот ва фоидаи асоси дахолати давлати. Арзёбии таъсири танзимкуни нишондихандахои сифати ва микдории окибатхои асосии имконпазири дахолати давлатиро мукаррар менамояд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340) :

– окибатхои манфи ё харочот дар натичаи дахолати давлати;

– окибатхои мусбат ё фоида дар натичаи дахолати давлати;

– камбудихои асосии таъсири имконпазири дахолати давлати.

3) Арзёбии роххои алтернативи. Арзёбии таъсири танзимкуни на камтар аз ду рохи алтернативиро, ки барои халли масъала ба инобат гирифта мешаванд, пешниход менамояд. Яке аз роххои хатмии алтернативи ягон чора наандешидан мебошад. Алтернативахои дигар бояд аз инхо бар оянд:

– мутобик гардонидани хуччати ичозатдихии амалкунанда;

– иваз намудани механизми чории хуччати ичозатдихии амалкунанда;

– тадбирхои иттилооти ва маърифати;

– танзими инфироди;

– танзими инфироди ё танзим аз чониби тарафи сеюм;

– фишангхои бозори, аз чумла бочхо.

4) Баргузор намудани мухокима. Арзёбии таъсири танзимкуни тарафхои манфиатдори асосиеро, ки танзим метавонад ба онхо дахл кунад, муайян менамояд ва тартиби анчомдихии раванди мухокима ва мувофикасози бо ин тарафхоро тавзех медихад. Ин намуди тахлил эхтиёчоти асосиро ба маълумот ва чи тавр ба конеъ гардонидани эхтиёчоти дахлдор мусоидат намудани мухокимахоро мукаррар менамояд.

5) Тавсияхо. Тахиягари арзёбии таъсири танзимкуни андешидани тадбирхои муайянеро, ки дар заминаи меъёрхои дар моддаи 21 Конуни мазкур  пешбинигардида асоснок карда шудаанд, тавсия медихад.

6) Хисобот оид ба арзёбии анчомдодашудаи таъсири танзимкуни. Хисоботи таъсири танзимкуни аз чониби тахиякунандаи лоихаи санади меъёрии хукуки пешниход карда мешавад ва инхоро дар бар мегирад: (КЧТ аз 26.07.14с., №1103)

– тавсифи раванди мухокимаи тарафхои манфиатдор;

– чамъбасткунии роххои алтернативи;

– чадвали тахлилии мулохизахо, шарху эзохот ва пешниходхое, ки дар мархилаи тахияи арзёбии таъсири танзимкуни ворид карда шудаанд;

– карор оид ба баррасии лоихаи санади меъёрии хукуки бе тахлили иловаги, кабул бе тахлили пешакии тахияи лоихаи санади меъёрии хукуки;

– гузаронидани тахлили муфассали зарурати лоиха дар асоси тахлили нихоии окибатхои танзимкуни.

  1. Арзёбии таъсири танзимкуни барои тачдиди назар гардидан аз чониби макоми давлати ва барои мухокимаи чамъияти пешниход карда мешавад. Мухлати барраси ва додани хулоса си рузро ташкил медихад.
  2. Макоми давлати лоихаи санади меъёрии хукукиро тахия ва арзёбии нихоии таъсири танзимкуниро ба он замима менамояд.
  3. Макоми давлати лоихаи санади меъёрии хукуки ва арзёбии нихоии таъсири танзимкуниро мутобики хулосахои гирифташуда ва мухокимаи чамъияти такмил медихад ва чадвали ихтилофотро тахия менамояд.

 

БОБИ 4.

РАСМИЁТИ ДОДАНИ ХУЧЧАТИ ИЧОЗАТДИХИ

Моддаи 21. Пешниходи ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи

  1. Барои гирифтани хуччати ичозатдихи аризадиханда ё шахси ваколатдори у аризаи имзошудаи намунааш аз чониби макоми ичозатдиханда мукарраргардидаро шахсан, бо мактуби фармоиши ё ба воситаи почтаи электрони (дар шакли хуччати электрони бо имзои раками), ки маълумоти зеринро дар бар мегирад, ба макоми дахлдор пешниход менамоянд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340) :

– ном, шакли ташкилию хукуки,  сурогаи чойгиршави ва раками ягонаи мушаххаси шахси хукуки ё ному насаб, сурога ва раками ягонаи мушаххаси сохибкори инфироди; гирад;

– аз чониби аризадиханда ба зиммаи худ гирифтани масъулият  барои риоя намудани шартхои ичозатдихии хуччати ичозатдихи хангоми амали намудани фаъолият ва барои эътимоднокии хуччатхои пешниходшуда.

  1. Хангоми ба сомонаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи танзими низоми ичозатдихи бо имзои электрони фиристодани аризаи электрони барои гирифтани хуччати ичозатдихи замимахои он дар шакли электрони (нусхабардории хуччатхои асли) пешниход карда мешаванд. Ба ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи, ба гайр аз маълумоти дар кисми 1 хамин модда пешбинигардида, нусхаи хуччатхои зерин замима карда мешавад:

– шаходатномаи бакайдгирии давлатии шахси хукуки ва сохибкори инфироди;

– расиди пардохт барои баррасии ариза.

(КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

  1. Хуччати ичозатдихи дар асоси хуччатхои мукаррарнамудаи Конуни мазкур дода мешавад. Талаб кардани хуччатхои дигар аз чониби макоми ичозатдиханда манъ аст.
  2. Хуччатхо дар шакли нусха пешниход карда мешаванд. Маълумоте, ки дар хуччат ва иттилооти пешниходгардида зикр ёфтааст тибки расмиёти равзанаи ягона санчида мешаванд.
  3. Аризае, ки барои гирифтани хуччати ичозатдихи пешниход мегардад ва хуччатхои ба он замимагардида аз руи номгуй ба кайд гирифта мешаванд. Нусхаи номгуйи мазкур, ки бо имзои шахси масъули макоми ичозатдиханда бо  сабти санаи бакайдгирии ариза тасдик карда шудааст, ба аризадиханда фиристода (супурда) мешавад. Макоми ичозатдиханда аризадихандаро аз хусуси кабул намудани аризаи электрони дар шакли электрони хабар мекунад. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)
  4. Ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи дар холатхои зерин ба кайд гирифта намешавад:

– имзо шудан аз чониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;

– агар хуччатхо бе риояи талаботи моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда бошанд.

  1. Дар бораи рад кардани бакайдгирии ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи аризадиханда шахсан, бо мактуби фармоиши ё ба воситаи почтаи электрони (дар шакли хуччати электрони бо имзои раками) дар мухлати на бештар аз се рузи кории пас аз рузи мурочиат намудан, бо нишондоди асос барои рад намудани бакайдгирии ариза, огохонида мешавад.
  2. Баъди бартараф намудани камбудихое, ки боиси рад кардани бакайдгирии ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи гардидаанд, аризадиханда метавонад аризаи нав пешниход кунад ва он бояд тибки тартиби мукарраргардида барраси карда шавад.

Моддаи 22. Карор дар бораи додани хуччати ичозатдихи ё дар  бораи рад кардани ариза

                        барои гирифтани он

 

  1. Макоми ичозатдиханда дар асоси ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи ва хуччатхои ба он замимагардида дар бораи додан ё рад намудан аз додани хуччати ичозатдихи дар мухлати на бештар аз дах рузи кори аз рузи бакайдгирии он карор кабул менамояд.
  2. Иттилоъ оид ба кабули карор дар бораи додани хуччати ичозатдихи ба аризадиханда на дертар аз рузи кории ояндаи баъди кабули карор дода мешавад.
  3. Агар аризадиханда дар муддати си рузи баъди ба у фиристодани (супурдани) огохинома дар бораи кабули карор оид ба додани хуччати ичозатдихи бе сабабхои узрнок барои гирифтани хуччати ичозатдихии барасмиятдаровардашуда мурочиат накарда бошад, макоми ичозатдиханда хукук дорад карор дар бораи додани хуччати ичозатдихиро бекор кунад ё дар бораи беэътибор донистани он карор кабул намояд.
  4. Хуччати ичозатдихи дар он сурат додашуда эътироф мегардад, ки агар макоми ичозатдиханда дар мухлати мукаррарнамудаи Конуни мазкур ба аризадиханда чавоб надода бошад. Баъди гузаштани мухлате, ки барои огохонидан дар бораи рад гардидани бакайдгирии ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи, дар бораи рад гардидани он ё дар бораи кабули карор оид ба додани хуччати ичозатдихи мукаррар карда шудааст, ба шарти вучуд надоштани огохиномаи хатти дар бораи сабабхои рад гардидани бакайдгирии ариза барои гирифтани хуччати ичозатдихи ва (ё) рад кардани он, аризадиханда метавонад фаъолиятеро, ки барои он хуччати ичозатдихи дархост карда буд, тибки принсипи маъкулдонии худ аз худ амали намояд.
  5. Дар сурати ба вучуд омадани холати маъкулдонии худ аз худ макоми ичозатдиханда ухдадор аст хуччати ичозатдихиро дар мухлати мукаррарнамудаи кисми 1 хамин модда пешниход намояд.

Моддаи 23. Рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи

 

  1. Асосхои рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи аз инхо иборат мебошанд:

– аз чониби аризадиханда дар хачми пурра пешниход нагардидани хуччатхо;

– ошкор гардидани маълумоти носахех  дар хуччатхое, ки аризадиханда пешниход намудааст;

– хулосаи манфии асоснокшуда оид ба натичахои тадкикот, муоинахо ё дигар арзёбихои илми ва техники дар сурате, ки гузаронидани онхо хатми бошанд.

  1. Рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи бо асосхои дигаре, ки Конуни мазкур мукаррар накардааст, манъ аст.
  2. Дар огохиномаи хатти дар бораи рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи бояд сабабхои рад кардан ва мухлате, ки дар давоми он аризадиханда сабабхои дар сархатхои якум ва дуюми  кисми 1 хамин модда зикргардидаро бартараф карда, метавонад хуччатхоро барои баррасии такрори пешниход намояд, зикр карда шаванд. Мухлате, ки дар давоми он аризадиханда метавонад камбудихои ошкоршударо бартараф намояд ва хуччатхоро барои баррасии такрори пешниход кунад, наметавонад камтар аз дах рузи кори аз рузи гирифтани огохиномаи хатти дар бораи рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи бошад.
  3. Дар сурати аз чониби аризадиханда бартараф шудани камбудихое, ки барои рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи дар мухлати мукарраргардида асос шудаанд, баррасии такрории хуччатхо аз чониби макоми ичозатдиханда дар мухлати на зиёда аз се рузи кории баъди рузи гирифтани ариза оид ба бартараф кардани сабабхои рад кардан ва хуччатхои дахлдори тасдиккунандаи бартараф кардани сабабхои рад кардан амали карда мешавад.
  4. Хангоми баррасии такрории хуччатхо аз чониби макоми ичозатдиханда овардани он сабабхое, ки пештар дар шакли хатти ба аризадиханда баён нашуда буданд, мумкин нест, ба истиснои овардани сабабхои рад кардане, ки бо хуччатхои тасдиккунандаи бартараф гардидани сабабхои пештар зикргардида алокаманд мебошанд.
  5. Барои такроран барраси кардани ариза боч ситонида намешавад.
  6. Аризае, ки баъди гузаштани мухлати дар огохинома оид ба рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи зикргардида пешниход шудааст, аз нав пешниходгардида хисобида мешавад ва аз чониби макоми ичозатдиханда бо тартиби умуми барраси карда мешавад.
  7. Шахси хукуки ё сохибкори инфироди хукук дорад тибки конунгузории Чумхурии Точикистон нисбати карори макоми ичозатдиханда дар бораи рад кардан аз додани хуччати ичозатдихи, инчунин аз амалхои (беамалии) шахси мансабдори макоми ичозатдиханда шикоят пешниход намояд.

 

Моддаи 24. Азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихи

 

  1. Дар сурати азнавташкилдихии шахси хукуки, тагйир ёфтани номи он ё макони чойгиршави (сурогаи почтави) шахси хукуки ё вориси хукукии он ухдадор аст дар мухлати хафт рузи кории баъди гузаштани расмиёти бакайдгирии давлати бо сабаби азнавташкилдихи, тагйир ёфтани номи он ё макони чойгиршави (сурогаи почтави) ба макоми ичозатдиханда ариза дар бораи аз нав барасмиятдарориро бо замима намудани хуччатхои тасдиккунандаи маълумотхои зикргардида, нусхаи шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлати, нусхаи огохинома дар бораи тагйир ёфтани макони чойгиршави, ки ба макоми бакайдгири фиристода мешаванд, пешниход намояд.
  2. Дар сурати тагйир ёфтани ному насаб ё чойи истикомати худ, сохибкори инфироди ухдадор аст дар мухлати хафт рузи кории баъди ворид кардани тагйироти дахлдор ба макоми ичозатдиханда ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихиро бо замима намудани хуччатхои тасдиккунандаи маълумоти зикргардида пешниход намояд.
  3. Аризадиханда хуччатхоро ба макоми ичозатдиханда тавассути мактуби фармоиши ё ба воситаи почтаи электрони, факс, шахсан ё бо воситаи дигар, ки муайян кардани аризадиханда ва санаи аз чониби макоми ичозатдиханда гирифтани хуччатхоро имконпазир мегардонад, ирсол менамояд.
  4. То азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихи шахси хукуки ё вориси хукукии он ё сохибкори инфиродие, ки дар бораи азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихи ариза пешниход намудааст, амалхо ва (ё) фаъолияти дар он зикргардидаро дар асоси нусхаи аризаи пешниходнамуда дар хусуси азнавбарасмиятдарории  хуччати ичозатдихи бо кайди макоми ичозатдиханда оид ба санаи кабули ариза ичро мекунад ё амали менамояд.
  5. Хангоми азнавбарасмиятдарории  хуччати ичозатдихи макоми ичозатдиханда ба фехристи хуччатхои ичозатдихии додашуда тагйироти дахлдор ворид менамояд.
  6. Азнавбарасмиятдарори ва додани хуччати ичозатдихи дар мухлати на бештар аз панч рузи кории баъди рузи аз чониби макоми ичозатдиханда гирифтани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарории  хуччати ичозатдихи бо замимаи хуччатхои дахлдор ва хуччате, ки ворид намудани пардохт барои азнавбакайдгирии хуччати ичозатдихиро тасдик мекунад, анчом дода мешаванд.
  7. Барои азнавбарасмиятдарории хуччати ичозатдихи баробар ба  чоряки маблаге, ки барои баррасии ариза дар бораи додани ин хуччати ичозатдихи дар санаи супурдани ариза дар бораи азнавбарасмиятдарори пардохта мешавад, маблаг ситонида мешавад.
  8. Аз аризадиханда талаб кардани пешниходи хуччатхои дигаре,  ки дар хамин модда пешбини нагардидаанд, манъ аст.

Моддаи 25. Додани нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи

 

  1. Дар сурати гум ё фарсудашавии хуччати ичозатдихи дар асоси аризаи шахси хукуки ё сохибкори инфироди нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи дода мешавад.
  2. Макоми ичозатдиханда ухдадор аст нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихиро дар мухлати на бештар аз панч рузи кории баъди рузи гирифтани ариза, нусхаи аслии хуччати ичозатдихиро дар сурати фарсудашави ва хуччати тасдиккунандаи аз чониби аризадиханда ворид карда шудани пардохтро барои додани нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи дихад (фиристонад) (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340).
  3. Барои додани нусхаи дуюми (дубликати) хуччати ичозатдихи баробар ба чоряки маблаги  мукарраршуда дар санаи пешниход намудани ариза дар бораи додани нусхаи дуюм (дубликат) пардохт ситонида мешавад.
  4. Аз аризадиханда талаб кардани хуччатхои дигаре, ки дар хамин модда пешбини нагардидаанд, манъ аст.

Моддаи 26. Боздоштани амали хуччати ичозатдихи

 

  1. Амали хуччати ичозатдихи метавонад дар холатхои зерин боздошта шавад:

– ошкор гардидани вайронкунии талаботи Конуни мазкур аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфироди;

– аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфироди ичро нашудани карорхое, ки тибки тартиби мукарраргардида кабул шудаанд ва онхоро барои бартараф намудани вайронкунихои ошкоргардида ухдадор мекунанд.

  1. Макоми ичозатдиханда амали хуччати ичозатдихиро ба мухлати на бештар аз дах рузи кори боз медорад. Боздоштани амали хуччати ичозатдихи ба мухлати бештар аз дах рузи кори аз чониби суд дар асоси аризаи макоми ичозатдиханда амали мегардад.
  2. Карори макоми ичозатдиханда оид ба боздоштани амали хуччати ичозатдихи дар шакли хатти (аз тарики факс, почтаи электрони) на дертар аз се рузи кории баъд аз кабули он ба шахси хукуки ё сохибкори инфироди расонида мешавад.
  3. Макоми ичозатдиханда ухдадор аст мухлати бартараф намудани вайронкунихоеро, ки боиси боздоштани амали хуччати ичозатдихи гардидаанд, мукаррар намояд. Мухлати бартараф намудани камбудихое, ки боиси боздоштани амали хуччати ичозатдихи гардидаанд, наметавонад аз дах рузи кории баъди рузи аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфироди гирифта шудани карор дар бораи боздоштани амали хуччати ичозатдихи камтар бошад.
  4. Дар сурати бартараф кардани холатхое, ки боиси боздоштани амали хуччати ичозатдихи гардидаанд макоми ичозатдиханда дар бораи боздоштани амали хуччати ичозатдихи карор кабул кардааст, ухдадор аст дар мухлати се рузи кории баъди рузи гирифтани тасдикнома оид ба бартараф кардани холатхои зикргардида дар бораи баркарор намудани амали хуччати ичозатдихи карор кабул кунад.
  5. Нисбат ба карори макоми ичозатдиханда дар бораи боздоштани амали хуччати ичозатдихи тибки тартиби мукарраргардида шикоят пешниход кардан мумкин аст.
  6. Дар сурати аз чониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштани амали хуччати ичозатдихи макоми ичозатдиханда дар назди шахси хукуки ё сохибкори инфироди дар хачми зарари ба онхо расонидашуда чавобгар мебошад. Зимнан аз лахзаи аз чониби суд эътироф гардидани беасосии боздоштан, амали хуччати ичозатдихи баркароршуда хисобида мешавад.

Моддаи 27. Катъ гардидани амали хуччати ичозатдихи

 

  1. Амали хуччати ичозатдихи дар холатхои зерин катъ мегардад:

– мурочиат намудани шахси хукуки ё сохибкори инфироди бо ариза дар бораи катъи амали хуччати ичозатдихи;

– бархамдихии шахси хукуки – аз лахзаи бархамдихи ё катъ гардидани фаъолияти он дар натичаи азнавташкилдихи, ба истиснои табдилдихии он;

– катъ гардидани амали шаходатнома ё патент дар бораи бакайдгирии давлатии сохибкори инфироди;

– вафот кардан, аз тарафи суд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон махдуд кардани кобилияти амал, гайри кобили амал эътироф кардан ё бедарак гоибшуда эътироф карда шудани субъекти фаъолияти сохибкори – шахси вокеи;

– мунтазам (ду маротиба ё зиёда аз он) аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфироди вайрон кардани талаботи Конуни мазкур дар давоми як сол, ки боиси вайрон гаштани хукук, расонидани зиён, манфиатхои конунии шахсони вокеи ва хукуки, хаёт ва саломатии шахрвандон, амнияти чамъияти ва зарар ба мухити зист  шуда бошанд;

– аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфироди дар мухлати мукаррарнамудаи макоми ичозатдиханда ё суд бартараф нагардидани холатхое, ки боиси боздоштани амали хуччати ичозатдихи шудаанд;

– катъ гардидани фаъолият ё амале, ки барои анчом додани он хуччати ичозатдихи дода шудааст.

  1. Бо фаро расидани холатхое, ки дар сархатхои дуюм, сеюм, чорум ва хафтуми кисми 1 хамин модда зикр гардидаанд, амали хуччати ичозатдихи катъгардида хисобида мешавад.
  2. Амали хуччати ичозатдихи аз чониби макоми ичозатдиханда дар холатхое, ки дар сархати якуми кисми 1 хамин модда зикр гардидаанд, аз чониби суд – дар холатхое, ки дар сархатхои панчум ва шашуми кисми 1 хамин модда зикр гардидаанд, катъ карда мешавад.
  3. Карори макоми ичозатдиханда дар бораи катъ намудани амали хуччати ичозатдихи дар шакли хатти на дертар аз се рузи баъди рузи кабул гардидани он ба маълумоти шахси хукуки ё сохибкори инфироди расонида мешавад. Дар муддати дах рузи баъди рузи гирифтани карор дар бораи катъ кардани амали хуччати ичозатдихи он бояд ба макоми ичозатдиханда баргардонида шавад.
  4. Оид ба карори макоми ичозатдиханда дар бораи катъ кардани амали хуччати ичозатдихи тибки тартиби мукарраргардида шикоят кардан мумкин аст.
  5. Дар сурати аз чониби суд эътироф гардидани беасосии  катъ гардидани амали хуччати ичозатдихи макоми ичозатдиханда дар назди шахси хукуки ё сохибкори инфироди дар хачми зарари ба онхо расонидашуда чавобгар мебошад. Зимнан аз лахзаи аз чониби суд эътироф гардидани беасосии катъ гардидани амали хуччати ичозатдихи, он баркароршуда хисобида мешавад.

Моддаи 28. Бекор кардани хуччати ичозатдихи

 

  1. Хуччати ичозатдихи дар холатхои зерин бекор карда мешавад:

– дар асоси аризаи шахси хукуки ё сохибкори инфироди – аз чониби макоми ичозатдихи;

– дар холати мукаррар намудани гайриконуни будани карори макоми ичозатдиханда оид ба додани хуччати ичозатдихи ва мукаррар гардидани холати гирифтани хуччати ичозатдихи бо пешниходи хуччатхои калбаки – аз чониби макомоти суди.

  1. Дар муддати дах рузи баъди рузи аз чониби шахси хукуки ё сохибкори инфироди гирифтани карори суд дар бораи бекор кардани хуччати ичозатдихи, бояд он ба макоми ичозатдиханда баргардонида шавад.
  2. Карори суд дар бораи бекор кардани хуччати ичозатдихи аз рузи додани он амал мекунад.
  3. Оид ба карори суд дар бораи бекор кардани хуччати ичозатдихи тибки тартиби мукарраргардида шикоят кардан мумкин аст.
  4. Дар холати боздоштан ва ё катъ гардидани хуччати ичозатдихи макоми ичозатдиханда ё суд хукук доранд оид ба карори кабулшуда дар воситахои ахбори омма маълумот нашр намоянд.

 

БОБИ 5.

МАКОМОТИ ИЧОЗАТ ДИХАНДА

ВА НОМГУИ ХУЧЧАТХОИ  ИЧОЗАТДИХИ

(КЧТ аз 23.07.16 с., №1340)

Моддаи 29. Макомоти ичозатдиханда ва номгуи хуччатхои ичозатдихи

          (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340)

 

  1. Аз чониби макомоти ичозатдиханда хуччатхои зерин барои анчомдихии фаъолияти муайян дода мешаванд (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340) :

1) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи таъмини назорати фитосанитари ва карантини растани:

– ичозати воридоти карантини. (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1313).

2) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи байтори:

– аттестати байторию санитарии шароити истехсолот (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1313).

3) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати санитарию эпидемиологи:

– хулосаи санитарию эпидемиологи;

– мувофикакунонии усулхои нобудсозии пеститсидхо ва химикатхои мухлати истифодабариашон гузашта ва ичозати истифодабари надошта;

– мувофикакунонии тагйирдихии сохаи фаъолияти объектхои аз чихати экологи зарарнок;

– мувофикакунонии лоихахои бинохои кабул ва нигохдории пораву партовхои металлхои сиёх ва ранга (нуктахои кабул) ва тачхизоти он.

4) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи фармасевти:

– шаходатномаи аккредитатсияи субъектхои сохибкории фармасевти, аз чумла намояндагихои тиббии ташкилотхои фармасевтии хоричии ба фаъолияти фармасевти машгулбуда;

– рухсатнома барои гузаронидани озмоишхои воситахои клиники;

– рухсатнома барои воридот ва содирот маводи дорувори ва молхои тибби;(КЧТ аз 16.04.12с., №802)

– шаходатномаи бакайдгирии маводи дорувори;

– шаходатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддахои психотропи ва прекурсорхои дар сохаи тибби истифодашаванда.

5) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи хифзи мухити зист:

– ичозат барои партофтани моддахои зараровар ба атмосфера;

– ичозати истифодабарии махсуси об;

– ичозат барои истифодабарии объекти олами хайвонот ва наботот;

– ичозат барои истифодабарии чангал;

– хулосаи экспертизаи давлатии экологи;

(КЧТ аз 25.12.15с., №1267)

– ичозат барои воридот ва содироти партовхо барои истифодабарии такрори;

– ичозат барои бамеъёрдарории истехсол, истифодабари, нобудсози ва чойгир кардани партовхо.

6) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи заминсози:

– сертификати хукуки истифодабарии замин барои хочагихои дехкони (фермери);

– ичозат барои истифодабарии системахои мохворавии мавкеъмуайянкуни (GPS);

– ичозат барои вайрон кардан ва баркароркунии нуктахои нобудшудаи пойгоххои шабакаи марзкаши ва аломатхои марзи;

– ичозат барои кучонидани аломатхои беруна ё аз нав поягузори кардани марказхои нуктахои геодези.

7) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи молия:

– шаходатнома барои гузаронидани бозихои лоторея;

– ичозат барои истихрочи канданихои фоиданоки пошхурда бо усули худфаъоли ва худбиёри (дар мувофика бо Комиссияи хукумати оид ба гузаронидани озмунхо барои истифодаи каъри замин); (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

– шаходатнома барои сохтани маснуоти заргари, дандонхо аз металлхои киматбахо (КЧТ аз 23.07.16 с., №1340).

8) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи алока:

– ичозат барои истифодабарии захирахои ракамгузори дар сохаи алокаи барки;

– ичозат  барои истифодабарии радиобасомадхо;

– ичозат барои насб ва истифодабарии воситахои радиоэлектрони ва дастгоххои дорои баландбасомаде, ки афканишоти радиозуди доранд ё манбаи мавчхои электромагнити мебошанд;

– сертификати мутобикати хатмии тачхизот дар сохаи алокаи барки;

– бакайдгирии шартномахои пайвастшавии байнишабакави.

9) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи назорати давлатии кухкори:

– шаходатномаи бакайдгирии иншооти истехсолии хатарнок дар фехристи давлати;

– ичозат барои ичрои корхои таркиши;

– ичозат барои пайваст намудани тачхизоти гази дар наклиёти автомобили;

– шаходатнома барои истифодабарии анборхои маводи тарканда;

– шаходатнома барои харидани маводи тарканда;

– супориши лоихасози оид ба иншооти кухии истехсоли;

– мувофикакунии лоихаи коркарди конхои канданихои фоиданок.

10) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи энергетика:

– ичозат барои пайвастшавии истифодабарандагон ба хатхои барки;

– хулосаи техники барои гирифтани сертификати махсулоти энергетики;

– хулосаи техники барои гирифтани ичозат ва шартхои техники барои амали намудани фаъолият дар сохаи энергетика.

11) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи наклиёт:

– мувофикакунии таъмири фарши рох ва дигар иншооти мелиоративию гидротехники якчоя бо роххои истифодаи умум;

(КЧТ аз 25.12.15с., №1267)

– хулоса барои ичро намудани корхо тибки лоихахои вобаста ба сохтмон ё тачдиди роххои автомобилгард;

– мувофикакунии ичроиши корхо оид ба амали намудани азнавсозии хатхои истифодашавандаи алока ва интиколи барки истифодашавандаи канори рох ва нишебии пуштахо ё чукурии роххо;

– мувофикакунии убури роххои автомобилгард бо каналхо, хатхои алока, интиколи барк, лулахои нафт, газ, об ва роххои охан, тачхизоти пайвастшави ва воридшави;

– мувофикакунии чукуртар кардани мачрои дарёхо ва обанборхо дар зери пулхо ва кубурхо бо максадхои мелиоративи ва гайра;

– мувофикакунии ичроиши корхои коркарди кум ва шагал дар мачрои дарёхо болотар ё поёнтар аз пулхо ба масофаи на камтар аз 2 км;

– ичозат барои сохтмон ва азнавсозии иншооти коммуникатсиони, ки аз худуди роххои автомобилгарди мавчуда гузаронда мешаванд;

(КЧТ аз 25.12.15с., №1267)

(КЧТ аз 25.12.15с., №1267)

– мувофикакунии сохтмон, тачдид ва таъмири нуктахои васлшави ва буриши роххои автомобилгард;

– мувофикакунии шартхои техникии сохтани иншооти коммуникатсиони дар китъаи хамшафати роххои автомобилгарди истифодабарии умуми.

12) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи авиатсия:

– ичозат барои дар каламрави Чумхурии Точикистон ба хавопаймохо кабул кардани мусофирон, багоч, борхо ва муросилот барои интиколи хавои дар каламрави чумхури;

– ичозат барои дар каламрави Чумхурии Точикистон ба хавопаймохо кабул кардани мусофирон, багоч, борхо ва муросилот барои интиколи хавои ба каламрави давлати хоричи ва ё кашондани онхо аз каламрави давлати хоричи ба каламрави Чумхурии Точикистон;

– ичозат барои истифодабарии фазои хавои;

– ичозат барои парвози байналмилалии хавопаймохо;

– сертификати шахси хукуки, ки хизматрасонии техники ва таъмири техникахои авиатсиониро анчом медихад;

– шаходатномаи (сертификати) фурудгох;

– ичозат барои интиколи хавоии борхои хатарнок;

– шаходатномаи (сертификати) хадамоти тачхизоти аэронавигатсиони;

– шаходатномаи (сертификати) муассисаи авиатсиони;

– сертификати баркашидани воситахои наклиёти.

13) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи мехнат:

– хулоса оид ба риоя намудани талаботи хифзи мехнат хангоми сохтмон, тачдиди иншооти истехсоли, мошинхо ва механизмхо.

(КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

14) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъмори ва шахрсози:

– супориши меъморию банакшагирии объектхои дорои ахамияти чумхурияви ва стратеги, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст;

– ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони дар объектхои дорои ахамияти чумхурияви ва стратеги, ки номгуи онхоро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст.

(КЧТ аз 26.07.14с., №1103)

15) Макоми ваколатдори давлатии махалли дар сохаи меъмори ва шахрсози:

– супориши меъморию банакшагири;

– ичозат барои огоз намудани корхои сохтмони. (КЧТ аз 26.07.14с., №1103)

16) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи корхои дохили:

– ичозат барои кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноати ва сахттаъсири захролуд; (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

– ичозат барои нигохдории маводи таркандаи таъиноти саноати ва сахттаъсири захролуд. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

17) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи танзими муомилоти конунии прекурсорхо:

– шаходатномаи воридот ва содироти прекурсорхо.

18) Макоми ваколатдори давлати дар сохаи геология:

– мувофикакунии лоихахои корхои омузиши геологи, геофизики ва омузишхои дигари каъри замин (корхои аксбардории геологи ва геофизикии минтакави, чустучу ва иктишофи конхои канданихои фоиданок, аз чумла обхои зеризамини).

– шаходатномаи фонди карзии хурд.

19) Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати:

– ичозат барои обтаъминкунии  гайримутамаркази корхонахои алохидаи кишоварзи, обёри намудани чарогоххо;

– ичозат барои чойгир кардани рекламаи беруни;

– карор дар бораи чудо намудани китъаи замин;

– тасдики санад оид ба кабули иншоот барои истифодабари;

– мувофикакунии корхо оид ба кабудизоркунии роххо;

– ичозат барои таъсиси шабакахои кабелии пахши барномахо.

(КЧТ аз 23.11.15 с., №1236)

  1. Макомоти ичозатдиханда хукук надоранд ба субъектхои сохибкори  хуччатхоеро диханд, ки хусусияти ичозатдихи дошта, дар номгуи хуччатхои ичозатдихи мавчуд набошанд. Аз чониби дигар макомоти давлатии дар кисми 1 хамин модда пешбининагардида додани хуччатхои дорои хусусияти ичозатдихи ба субъектхои сохибкори манъ аст. (КЧТ аз 23.11.15 с., №1236; КЧТ аз 23.07.16 с., №1340).

 

БОБИ 6.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 30. Халли бахсхо

 

Бахсхо дар сохаи низоми ичозатдихи тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешаванд.

Моддаи 31. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

 

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                               Эмомали  РАХМОН

 

ш. Душанбе, 2 августи соли 2011,

№751

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …