Главная / Чамъият / Назорати андоз

Назорати андоз

Моддаи 22-и Кодекси Андоз. Назорати андоз аз руи ба бучет ворид шудани андозхо

  1. Назорати андоз шакли назорати давлати буда, аз чониби макомоти андоз чихати ичрои меъёрхои конунгузории андози Чумхурии Точикистон, дигар конунхои Чумхурии Точикистон, ки назорати ичрои онхо ба зиммаи макомоти андоз вогузор шудааст, амали карда мешавад.
  2. Макомоти андоз барои ичрои назорати андоз нисбат ба шахсони вокеи ва хукуки, санчиши дуруст хисоб кардан ва саривакт пардохтани андозхо ва дигар чанбахои андозбанди масъулияти пурра ва истиснои доранд, ба гайр аз холатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, ки тибки онхо чунин масъулият ба зиммаи дигар макомот вогузор шудааст.
  3. Назорати андоз аз чониби макомоти андоз дар шаклхои зерин амали карда мешавад:

– бахисобгирии андозсупорандагон, бахисобгирии объектхои андозбанди ва объектхои бо андозбанди алокаманд,бахисобгирии ухдадорихои андози ва рафти ичрои онхо;

-бакайдгирии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда;

-санчишхои андоз;

-назорати камерали;

-муоинаи хронометражи;

– назорати коидахои истифодаи мошинахои назоратию хазинавии дорои хотираи фискали;

-назорати андозии истехсол ва гардиши молхои зераксизи, дурустии тамгагузории намудхои алохидаи молхои зераксизи ва ташкили дидбонгоххои аксизи;

– татбики нарххои бозори бо максадхои андозбанди;

-назорат аз болои макоми ваколатдор оид ба дуруст хисоб кардан ва (ё) ба бучет супоридани андозхо.

  1. Макоми ваколатдор оид ба масъалахои фаъолияти гумруки назорати андозро дар доираи салохияти худ бинобар аз сархади гумрукии Чумхурии Точикистон интикол гардидани молхо ва воситахои наклиёт мутобики Кодекси мазкур ва конунгузории гумруки Чумхурии Точикистон анчом медихад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …