Главная / Гуногун / Назарияи нисбияти Эйнштейн

Назарияи нисбияти Эйнштейн

Назарияи олими бузурги немис А. Эйнштейн дар бораи нисбият яке аз кашфиётхои мухимтарини огози асри XX мебошад. У соли 1905 дар маколаи худ “Оид ба электродинамикаи чисмхои харакаткунанда” дар бораи алокаманди ва ба хамдигар вобаста будани фазо, вакт ва модда (материя) фикр баён карда, исбот намуд, ки дар чои бехаво (вакуум) суръати рушнои аз хар манбаъ ки бошад, ба самти суръати харакати ин сарчашма ва мушохидачии он вобаста нест.

aeda83b5396b890fc9bf1e31b80bf55e

Дар физикаи классики тасаввуроте хукмрон буд, ки мувофики он вакт хамчун як чизи устувори бетагнири мутлаки ба хеч гуна протсессхои модди вобастанабуда хисобида мешуд. Вале назарияи нав фикри барои хамаи системахо ягона будани хисоби вактро рад кард.

Пештар фазо хамчун чое хисоб карда мешуд, ки гуё он “макони холи” ва мутлак бетагйир бошад. Вале аз руи назарияи нисбият маълум гардид, ки хосияти макон ва замон ба харакати объектхои модди вобаста аст ва хар сеи онхо бо хамдигар алокаи чудонопазир доранд.

Ба чои конуни нютонии чозибаи чахони Эйнштейн ходисаи чозибаи байнихамдигарии объектхои моддиро пешниход кард. У исбот намуд, ки хамаи моддахо кувваи чозибаи хамдигарро ба тарафи худ кашидан доранд. Дар зери таъсири модда макон ва замон тагйир меёбанд. Масалан, самти рафти нур дар хамон сурате тагйир меёбад, ки дар наздикихои он объект модди мавчуд бошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …