Муаллифони назария – олимони румини К.Симонеску ва Ф.Денеш мебошанд. Онхо оид ба шароитхои бо рохи абиогени пайдо шудани моддахои соддаи химияви ва конденсатсияи онхо дар сохтори полимерхо акидаи дигар доштанд.
Онхо хамчун манбаи энергия барои хосилшавии протобиополимерхо ба энергияи хунуки плазма диккати бештар медиханд. Ин фикр беасос нест.
Плазмаи хунук дар табиат васеъ пахн шудааст. Олимон тахмин мекунанд, ки 99% коинот дар холати плазма мебошад. Ин холати материя имруз дар Замин низ дар шакли раъду барк, шуъои кутби, хамчунин плазмаи хеле мухим ионосфера дучор меояд.
Новобаста аз намуди энергия дар Замин аввалин пайвастахои химияви, махсусан моддахои органики, ба заррачахои фаъол, ба монанди моно ва радикалхои озоди вазифаашон бисёр, табдил меёбанд. Аммо эволютсияи минбаъдаи онхо ба зичии чараёни энергетики сахт вобаста буда, дар вакти истифодаи плазмаи сард хуб намоён аст. Олимон барои синтези абиогении протобиополимерхо ба сифати энергия плазмаи хунукро истифода карданд. Бо рохи гузаронидани тачрибахои мураккаб ба онхо муяссар шуд, ки мономерхои алохида ва сохтори полимерхои пептид ва липидмонандро хосил кунанд.