Главная / Гуногун / Намуди кордхо

Намуди кордхо

Кордро аз кадимулайём дар таомпази истифода мебаранд. Он аввал аз чуб, металлхои пулоди, нукра ва тилло сохта мешуд. Корд хангоми хурокхури барои ичрои амалхои гуногун истифода бурда мешавад. Он на факат буридани масолехи таом, балки барои ичрои баъзе холатхои ёрирасон низ лозим аст. Бо он ва бо ёрии чангак устухони мохиро чудо мекунанд, равганро ба нон мемоланд, нонро пора мекунанд, мевачотро аз пусташ тоза мекунанд ва гайра. Кордро бо панчахои калони нишондиханда ва панчаи миёнаи дасти рост мекапанд.

Намуди кордхо

Аз хама корди калон дар ошхона барои таомхои гушти аст. Баъд аз он паи хам корди газак (закусочный), барои десерт мавчуданд. Корд барои мохи шакли алохида дорад, кисми охири он мудаваршакл аст, корди махсус барои мевахо шакли хоса дошта баъзан ба корди равгани маска бо белчаи дарозшаклаш монандаст. Корд барои панир шакли 3-то дандончаи кутох дорад.. Корди дандончадор барои буридани лимон ва баъзан барои буридани нон хам истифода мешавад. Дар вакти шиносшави бо асбобхои ошхонаги, албатта коидахои истифодабарии онро низ аз худ кардан лозим аст.

Намуди кордхо

а) корд барои ошхона

б) корд барои дисерт

в) корд барои хуриш

г) корд барои мохи

д) корд барои мева

Масалан, дар вакти таомхури онро ба табакча расонида, овози онро баровардан мумкин нест. Агар таоми навбатиро дертар оранд кошуку чангакро бо хамдигар зада ва ё аз як даст ба дасти дигар гирифта, бетокати накунед. Дар вакти гирифтани асбобхо ангушти худро ба як тараф намонед. Ин нишонаи беодоби ва бетарбияги аст.

Дар вакти истифодабарии корду чангак онхоро бо кунчи на он кадар калон нисбат ба табакча нигох медоранд.

Коидахои махдуди вазифаи корд хангоми таомхури мавчуданд. Мисол, бо корд таомро ба чангак намеандозанд, он чизе, ки бо чангак гирифтан мехохед, факат ёри мерасонанд. Дар вакти корд ва чангакро истифода бурдан, таомро пурра бо корд бурида, баъд бо худи чангак хуред, вагарна дар ин холат руи табак бетартиб менамояд ва ё он чизе, ки танхо ба чангак мехуранд бо корд буридан лозим нест. Монанди котлет, тефтели, запеканки ва гайра.

Ва он гох факат бо чангак бо дасти чап мехуранд. Бо корди мохи дар табакча намебурданд факат ёри мерасонанд, ки гушт аз устухон чудо шавад, баъд онро бо чангак истеъмол мекунанд. Бо асбоби худ аз табаки умуми гирифта ба табаки худ нагузоред, барои ин корд ва чангаки махсус гузошта мешавад. Дар ин холат кордро дар дасти чап ва чангакро бо дасти рост нигох медоранд. Дар вакти буридани гушти дар болои табакчабуда (гушти сахт бошад) бо кувваи зиёд пахш накунед ба тегаи корд дастро буридан мумкин нест. Дар вакти буридан равиши корд ба тарафи худ бошад, аммо тегаи (лезвия) корд ба канори табакча нарасад. Урфу одатхои миллиро ба назар гирифта, ба дастархон кадом намуди асбобро гузоранд, онро истифода баред, аммо хохиши худро гуфта сохиби хонаро ба хичолат намононед, ки ин аз руи одоб нест.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …