Главная / Чамъият / Намудхои созишнома ва иштирокчиёни он

Намудхои созишнома ва иштирокчиёни он

Моддаи 301-и Кодекси Мехнат. Намудхои созишнома ва иштирокчиёни он

  1. Намудхои созишномахо инхоянд:

– генерали;

– сохави;

– минтакави.

  1. Созишномаи генерали принсипхои умумии сиёсати шарикии ичтимоию иктисоди, равандхои асосии хамкори ва ухдадорихои тарафайни Хукумати Чумхурии Точикистон, иттиходияхои иттифокхои касаба, дигар намояндагони кормандон ва иттиходияхои умумичумхуриявии корфармоёнро дар сохаи шугли ахоли, баланд бардоштани кафолатхои ичтимоии шахрвандон, таъмини хифзи ичтимоии гуруххои камбизоати ахоли, зиёд кардани даромади кормандонро вобаста ба муътадил гардидани вазъи иктисодиёт муайян мекунад.
  2. Созишномаи сохави равандхои ичтимоию иктисодии инкишофи соха, шароити мехнат, сатхи шугл, музди мехнат, кафолатхои ичтимоии кормандони соха ва масъалахои тарафайни сатхи сохавиро муайян менамояд.
  3. Созишномаи минтакави шароити умумии мехнат, кафолат ва имтиёзхои мехнатиро дар минтакаи вохиди дахлдори маъмурии худуди муайян намуда, хангоми бастани шартнома ба хисоб гирифта мешавад ва барои тарафхо хатми мебошад.
  4. Созишнома бо мувофикаи тарафхо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Макомоти хокимияти давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, ки дар музокироти сетарафа иштирок мекунанд, дар сурати ба он талаб намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдори намоянд.
  5. Созишномахо дар сатххои зерин баста мешаванд:

– дар сатхи чумхурияви – байни Хукумати Чумхурии Точикистон, иттиходияи корфармоён ва намояндагони кормандони Точикистон (созишномаи генерали);

– дар сатхи сохави – байни макомоти дахлдори давлати, иттиходияхои корфармоён ва макомоти сохавии намояндагии кормандон;

– дар сатхи вилояти – байни макомоти дахлдори ичроияи махаллии хокимияти давлати, ташкилотхои корфармоён ва иттиходияхои вилоятии намояндагони кормандон;

– дар сатхи шахри (нохияви) – байни макомоти дахлдори ичроияи махаллии хокимияти давлати, иттиходияхои корфармоён (сохибмулкон), намояндагони кормандон.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …