Главная / Гуногун / Наклиёти Точикистон

Наклиёти Точикистон

Дар моххои январ-сентябри соли чори тавассути хамагуна наклиёт 58,8 млн. тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3,8 фоиз зиёд мебошад. Зиёдшавии хачми боркашони асосан аз хисоби наклиёти автомобили ба миён омадааст, ки дар давраи хисоботи 54,8 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 2,9 фоиз зиёд шудааст.

Хачми боркашони ба воситаи наклиёти рохи охан 4,0 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 18,1 фоиз рушд ёфтааст. Гардиши борхо ба 4748,7 млн. тонна/км баробар гардид, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 9,6 фоиз зиёд гардидааст.

naqliyot

Дар моххои январ-сентябри соли чори тавассути хамагуна наклиёти мусофиркашони (якчоя бо наклиёти сохибкорони хусуси) 449,6 млн. нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3,1 фоиз зиёд мебошад. Гарчанде, нишондихандахои сохаи наклиёт дар давраи хисоботи зиёд шудаанд, вале хануз шароиту имконият барои содироти махсулот аз кишвар бехбудиро такозо менамояд.

Аз ин лихоз, Вазорати наклиётро лозим яст, ки якчо ба КВД «Рохи охани Точикистон» чихати таквияти неъруи содиротии кишвар махсусан сохаи кишоварзи  базаи моддию техникии сохаи наклиёти рохи оханро бехтар намуда, барои субектхои сохибкории содироткунанда дар доираи имконияти мавчуда шароитхои муфид фарохам биёрад.

Зиёдшавии хачми мусофиркашони асосан аз хисоби наклиёти автомобили ба миён омадааст, ки дар давраи хисоботи 449,6 млн. тоннаро ташкил намуда, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 3,0 фоиз зиёд шудааст. Гардиши мусофирон бошад ба 7142,4 млн. мусофир/км баробар гардида, нисбат ба хамин давраи соли гузашта 1,0 фоиз афзоиш ёфтааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …