Главная / Чамъият / Накибхон Туграли Ахрори

Накибхон Туграли Ахрори

Накибхон  Туграл  шабехи  шохоби пурталотуме  ба  мачрои умуми адабиёти охирхои асри XIX  ва аввалхои  асри  XX  дар пайваста,  хунари волои сухангустари  ва  хислатхои хамидаи инсониаш диккати ахли илму  адаби замонаро ба зуди чониби худ кашидаанд. Накибхон  26-уми марти соли 1865 аз оилаи давлатманди дехаи Зоосуни  чамоати Варзи Манори кенти Фалгар (райони хозираи Айни) ба дунё омадааст.  Гузаштагони Туграл аслан самарканди буда, чанд пушт пештар аслофи хонадон аз дасти чабру зулми хокимони ягмогар ба дод омада, чониби Фалгар фирор мекунанд, ки худи Туграл аз ин хусус ишорае дорад:

naqibxon-tugralМерасад аслам ба Ахрори Вали,
Дудаи ман бошад аз ин дудмон.

Овони  кудакиву наврасии Накибхони Туграл дар зодгохаш ва дар зери саробони бевоситаи падар ва баъдхо бародаронаш Турахон, Мансурхон, Хамзамон ва Акобирхон  гузашта, хату саводи ибтидоиро дар деха, аз устодони махалли баровардааст.Аз чумла, яке аз устодони нахустинаш Абдучаббор ном марди фозилу шоирпешаи урметани будааст. Мавриди зикр аст, ки болооби Зарафшон  дар тули карнхо барои адабиёти форсу точик намояндагони зиёде додааст,  ки устод Рудаки, Абухафиси Сугди, Музтариби Панчакенти, Мустатеъи Панчакенти,  Махмуди Кухи,  Бобури Ишки, Мелии  Киштуди,  Чумъабои Хумули,  Ахмади Ахди,  Юсуф  Вафо, Камолии Рашнаги, Махчури Фалгари,  Чамолии Рашнаги,  Мулло Фозил,  Мулло Филгори, Масехои Тамхид аз зумраи онон буда, ному осори даххои дигарашонро туфони хаводис аз аъмоки  таърих баршустааст.

Ва агар аз кадимулаём  нохияхои Мастчоху  Фалгару Панчакент ва Самарканду  Бухороро  табиатан руди кухи Зарафшон мукимашон  гашта,  нисбаи самаркандиву бухороиро хам ба худ гирифтаанд.  Аз ин чост, ки Накибхон хам дар овони чавони ба нияти дарёфти камолоти бештари илмиву адаби тахти саробони падари маърифатпарвараш чодаи Самараканду Бухороро пеш гирифта, даставвал дар шахри бостони Самарканд икомат мегузинад ва дар хучраи аз мадрасаи Тиллокории Регистони Самарканд ба кимати 11 хазор тангаи мири харидаи падар,  аниктарш, дар хучраи охирини самти шимолии мадраса мехонаду меомузад ва дар давоми тахсил ба зодгохаш рафтуомад мекунад.

Сомонаи Шоир: http://tugral.tj

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …