Главная / Илм / Наъти Сипандии Самарканди

Наъти Сипандии Самарканди

Ё ман хадайта кулла залилан ила-л-худо,
Кад сора мунчиян бика ман кона иктидо,
Махбубу баргузидаи шоистаи Худо,
Бодо хазор чони гироми туро фидо.
Бар чумла буд шаръи шарифи ту муктадо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.

Аз мусхафи чамоли ту «Ва-ш-шамс» ояте,
«Шакку-л-камар» зи абруи нозат ишорате,
«Мо зог» аз ду наргиси мастат хикояте,
«Лавлок» аз фазоили зотат ривояте.
Эй садру бадри хар ду чахон, мазхари худо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.

З-он ру, ки улви мартабаи эхтироми туст,
Дар арсаи «Дано фа тадалло» макоми туст,
Арши барин пиёда чунин зери гоми туст,
Дар хар ду кавн сиккаи давлат ба номи туст.
Ту подшохи Ясрибу Батхову мо гадо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.
Мо умматони русияху дилхазини ту,
Макхур гаштаем ба аъдои дини ту,
Бар хоки остони чу Арши барини ту,
Уммедвор аз дари лутфи мубини ту.
Харгиз мабод дил зи рахи  суннатат чудо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.

Дар рахгузори оташи сузанда чун хасе,
Афтодаем музтару хайрон зи бекаси,
Дидем зулму чабру чафову ситам басе,
Шoхo, чи мешавад, ки ба фарёди мо раси.
Мо очизон бар шаръи ту кардем чон фидо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.

Дар ин замона сифла ба авчи гано расид,
Арбоби иззу чох ба ранчу бало расид,
Зохид зи рохи зухд ба хадди фано расид,
Фосик зи руйи фиск ба нашъунамо расид.
Ислом шуд гариб, кучои, ту Ахмадо?
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.
Доно залилу мардуми нодон ба иззу ноз,
Булбул хамушу зог ба гулшан суханфароз,
Ноасл дар фарогату содот дар гудоз,
Кам монд дар миёни касу нокас имтиёз.
Хатми русулу ходии кулл, рахбари Худо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.
Сад рахмати Худои ба ёрони поки ту,
Бар зоирони сурмакаши гарди хоки ту,
Бар умматони русияху синачоки ту,
Бар ошикони дидатару дардноки ту.
Эй рахнамои рохи хаку маслаки худо,
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.

Хайхот, ман киву зи камолат баёни ман,
Лоик ба наъти поки ту набвад забони ман,
Лекин фитод оташи шавкат ба чони ман,
Дар нола шуд, Сипанд, хама устухони ман.
Дил бехудона кард ба ёдат чунин нидо:
Динат заиф шуд, мададе, ё Мухаммадо.

 

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …