НАВЪХОИ КОФИЯ

Дар боло гуфтем, ки вобаста ба харфи рави ва иштироки харфхои дигар кофияро ба ду навъ чудо мекунанд: кофияи мукайяд ва кофияи мутлак.

Кофияи мукайяд ва кофияи мутлак ба харфи рави вобаста аст. Агар баъди харфи рави, харфи дигаре наомада бошад, онро р а в и и м у- к а й я д ё кофияи мукайяд меноманд. Агар баъди харфи рави боз харфи дигаре омада бошад, онро р а в и и м у т л а к ё кофияи мутлак мегуянд. Азбаски харфи рави харфи асосии решагии кофия аст, кофияро низ ба кофияи мукайяд ва кофияи мутлак чудо кардаанд.

Хандаи духтари хушру

Донишмандони илми кофия вобаста ба истифодаи харфи рави ва харфхои дигари кофия (таъсис, дахил, ридф, кайд, васл, хуруч, мазид, нойира) дар шеъри форси – точики 35 навъи кофияро муайян кардаанд.

Аз байни ин микдор 25 навъи он дар ашъори шоирони форс-точик бештар маъмуланд. Хар як калимаи решагии кофия вобаста ба он ки дар таркибаш кадом харф ё харакат иштирок дорад, бо номи хамон харфхою харакатхо ёд карда мешавад. Масалан, агар кофия аз калимахои «бурдамешон»-у «озурдамешон» таркиб ёфта бошад, онро кофияи мутлак бо кайд, васл, хуруч, мазид, нойира меноманд. Сабаби чунин ном гирифтани кофия он аст, ки дар таркиби харфхои решаи кофия («- урдемашон») садоноки кутохи «у» х а з в, хамсадои «р» к а й д, хамсадои «д» р а в и и м у т л а к, харфи «е» в а с л, харфи «м» х у р у ч, садоноки кутохи «а» н а ф о з, харфи «ш» м а з и д, харфхои «о» ва «н» н о й и р а мебошанд.

Аз харфхое, ки дар сохтани кофия иштирок менамоянд, т а ъ с и с, д а х и л, р и д ф, к а й д хамеша пеш аз рави, харфхои в а с л, х у р у ч, м а – з и д, н о й и р а доимо баъди харфи рави меоянд. Тарзи чойгиршавии харакатхо низ мисли чойгиршавии харфхои кофияанд, яъне харакатхои р а с, и ш б о ъ, х а з в, т а в ч е х пеш аз харви р а в и, аммо харакатхои м а ч р о ва н а ф о з хамеша баъди р а в и меоянд. Илова бар ин, дар илми кофия бо номхои кофияи пурбахо ва кофияи камбахо ё нокис, инчунин, кофияи мучаррад дучор меоем. К о ф и я х о и п у р б а х о гуфта кофияхоеро меноманд, ки харфхои решаи онхо дар хамаи мавридхо бе хеч гуна нукс омада бошанд. Ба гурухи к о ф и я и к а м б а- х о ё н о к и с кофияхое дохил мешаванд, ки аз конунхои маъмулии он сарфи назар шуда бошад. Масалан, агар харфи р а в и дар калимахои кофия тагйир ёфта бошад (мисли т у п бо х у б ва гайра) ё ин ки дар байни х а з в у т а в ч е х ихтилофе афтода бошад (мисли б у р д ва г и р д).

Хамин тарик, дар шеъри шоирони гузашта ва имрузаи форс-точик бисту панч навъи кофияи пурбахо мавриди истифода карор гирифтааст, ки аз инхо иборатанд:

Е Кофияи мукайяди мучаррад, яъне кофияие, ки решаи он факат аз як харфи рави иборат мебошад (мисли «д и л» ва «г и л». Мисол:

Дахани танги ту аз писта шакар мерезад,

Лабат аз хуккаи ёкут гухар мерезад. (Исмати Бухорои)

Мисоли дигар:

То чон ба вафои ту дахани танги ту дам зад,

Аз шахри бако хайма ба сахрои адам зад. (Хаёлии Бухорои)

Боз як мисол:

Хатти такдир аст холи аз галат, Аз хато холи набошад хеч хат.

Дар байти аввал калимахои «шакар»-у «гухар» кофия, чузви «-ар» решаи кофия буда, харфи «р» р а в и и м у к а й я д ва садоноки кутохи «а» т а в ч е х аст.

Дар байти дуюм бошад, калимахои «дам» ва «адам» ба вазифаи кофия омада, харфи «м» равии мукайяд, садоноки кутохи «а», ки пеш аз рави омадааст, м а ч р о мебошад. Дар байти сеюм «а»-и дуюми калимаи «галат» ва «а»-и калимаи «хат» тавчех, харфи «т»-и харду калима равии мукайяд мебошад.

  1. Кофияи мукайяд бо харфи кайд, яъне кофияе, ки решаи он аз харакати хазв, харфи кайд ва харфи рави иборат аст (мисли «ф а р к» ва «б а р к».

Мисол:

Мурд Муроди, на хамоно, ки мурд,

Марги чунин хоча на корест хурд. (Рудаки)

Мисоли дигар:

Макун тарки рахил, ай турки сармаст, Ки хохад шуд инони аклам аз даст. (Чоми)

Дар байти аввал садоноки кутохи «у» хазв, харфи «р» кайд, харфи «д» равии мукайяд; дар байти дуюм садоноки кутохи «а» хазв, харфи «с» кайд, харфи «т» равии мукайяд мебошад.

  1. Кофияи мукайяд бо ридфи муфрад (асли), яъне кофияе, ки решаи он аз ридфи муфрад ва равии мукайяд (мисли «х е з» ва «р е з» иборат аст.

Мисол:

Дили зинда харгиз нагардад халок,

Тани мурдадил гар бимирад, чи бок? (Мавлави)

Мисоли дигар:

Маро то кай цигархун дори, ай дил? Сиришкамро цигаргун дори, ай дил.

Дар харду байт калимахои «халок»-у «бок» ва «чигархун»-у «чигаргун» кофия, чузвхои «-ок»-у «-ун» решаи кофия буда, садонокхои «о» ва «у» ридфи муфрад, харфхои «к» ва «н» равии мукайяд мебошад.

  1. Кофияи мукайяд бо ридфи мураккаб (асли ва зоид), яъне кофияе, ки дар решаи он харфи ридфи муфрад (асли) ва ридфи мураккаб (зоид) омадааст (мисли «г у з о ш т» ва «н а д о ш т»).

Мисол:

Мачнун чу кушод номаи Дуст,

Афтод бурун чу писта аз пуст. (Мактабии Шерози)

Мисоли дигар:

Ишк аст, ки чун шарора афрухт,

Хошоки вучуди хушку тар сухт. (Шайхам Сухайли)

Дар байти якум садоноки дарози «у» ридфи муфрад (асли), харфи «с» ридфи мураккаб (зоид), харфи «т» равии мукайяд; дар байти дуюм садоноки дарози «у» ридфи муфрад (асли), харфи «х» ридфи мураккаб (зоид), харфи «т» равии мукайяд мебошад.

  1. Кофия мукайяд бо таъсис ва дахил, яъне кофияе, ки решаи он аз равии мукайяд иборат аст ( мисли «с о х и л» ва «ш о г и л»)

Мисол:

Чу равшан гашт мазмуни китобат,

Мутобик шуд саволаш бар ицобат. (Хозик)

Мисоли дигар:

Чашми бадат, ай бадеъ шамойил,

Мохи мани, шамъи чамъу мири кабойил. (Саъди)

Дар байти аввал калимахои «китобат»-у «ичобат» кофия буда, садоноки дарои «о» т а ъ с и с, харфи «б» д а х и л, садоноки кутохи «а» ишбоъ ва харфи «т» р а в и и м у к а й я д мебошанд. Дар байти сони, дар калимахои «шамойил»-у «кабойил» «о» т а ъ с и с, «й» дахил, «и» ишбоъ ва «л» равии мукайяд аст.

  1. Кофияи мутлаки мучаррад, яъне кофияе, ки решаи он аз харакати т а в ч е х, харфхои равии м у т л а к у в а с л ва харакати мачро иборат аст (мисли «модараш» ва «додараш»). Мисол:

Тиру тег аст бар дилу цигарам,

Гаму тимори духтару писарам. (Масъуди Саъд)

Мисоли дигар:

Ай хубтар зи пайкари дебои армани,

Ай поктар зи катраи борони бахмани. (Мунчик)

Дар байти якум калимахои «чигарам»-у «писарам» кофия, чузви «- арам» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а» тавчех, харфи «р» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро ва харфи «м» васл аст. Дар байти дуюм калимахои «армани»-ю «бахмани» кофия, чузви «-ани» решаи кофия буда, садоноки кутохи «а» т а в ч е х, харфи «м» р а в и и м у т – л а к ва харфи «и» васл аст.

  1. Кофияи мутлак бо кайд, яъне кофияе, ки дар решаи он харакати х а з в, харфхои к а й д, р а в и и м у т л а к ва в а с л омадааст (мисли: «р а н г а ш» ва «н а н г а ш»). Мисол:

Аз сад хати у яке нагуфта,

Аз сад гухараш яке насуфта. (Туграл)

Мисоли дигар:

Болои сараш зи хушманДи,

Метофт ситораи баланди. (Саъди)

Дар байти аввал калимахои «нагуфта» ва «насуфта» кофия шудаанд, ки садоноки «у» х а з в, харфи «ф» к а й д, харфи «т» р а в и и м у т л а к ва харфи «а» васл; дар байти сони дар кофияхои «хушманди» ва «баланди» садоноки «а» х а з в, харфи «н» к а й д, харфи «д» р а в и и м у т л а к ва харфи «и» в а с л мебошад.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад ё асли, яъне кофияе, ки дар решаи он ридфи муфрад, равии мутлак, мачро ва васл омадааст (мисли: «ч о м а ш», «н о м а ш»).

Мисол:

Хар он шамъе, ки Эзид барфурузад,

Хар он кас пуф кунад, сиблат[2] бисузад. (Абушакури Балхи)

Мисоли дигар:

Чдхоне, хамоно фусуниву бози, На бар кас камоиву бо кас насози. ( Мусъаби)

Дар харду байт калимахои «барафрузад» бо «бисузад» ва «бози» бо «насози» кофия шудаанд. Дар байти якум чузви «-узад» решаи кофия буда, садоноки дарози «у» ридфи муфрад ё асли, харфи «з» равии мутлак, садоноки кутохи «а» мачро, харфи «д» васл; дар байти дуюм чузви «-ози» решаи кофия буда, садоноки дарози «о» ридфи муфрад ё асли, харфи «з» равии мутлак ва харфи «и» васл аст.

  1. Кофияи мутлак бо ридфи муфрад (асли) ва ридфи мураккаб ё зоид, яъне кофияе, ки дар решаи он харфхои ридфи мураккаб (зоид), равии мутлак, харакати мачро ва харфи васл меояд (мисли: «п и н д о ш т а ш» ва «д о ш т а ш»). Мисол:

Агар бо чафопеша биштофти,

Ки аз дасти кахраш амон ёфти. (Саъди)

Мисоли дигар:

Чу дар дусти мухлисам ёфти,

Инонам зи сухбат чаро тофти? (Саъди)

Дар харду байт калимахои охири онхо бо хам кофия шудаанд, ки чузви «-офти» («-ёфти», решаи кофия мебошанд. Дар ин решаи кофия садоноки дарози «о» (дар кофияи ёфти «ё») ридфи муфрад ё асли, харфи «ф « ридфи мураккаб ё зоид, харфи «т» равии мутлак, харфи «и» васл аст.

  1. Кофияи мутлак бо таъсис ва дахил, яъне кофияе, ки дар решаи он харфхои таъсис, дахил, равии мутлак, васл ва харакатхои ишбоъю мачро омадааст (мисли: «к о с и р а м» ва «м о х и р а м»). Мисол:

В-ар у низ дарсохт бо хотираш,

Зи Машрик амал баркану нозираш. (Саъди)

Мисоли дигар:

Ки бечорагонро хаме ёвари,

Ба неки ба хар доварон довари. (Фирдавси)

Дар байти аввал дар калимахои «хотираш» ва «нозираш» чузви «- отираш» (дар кофияи дуюм – «озираш», решаи кофия буда, харфи «о» таъсис, харфи «т» («з») дахил, садоноки кутохи «и» ишбоъ, харфи «р» равии мутлак, садоноки «а» мачро, харфи «ш» васл аст. Дар байти сони дар калимахои «ёвари» ва «довари» чузви «-овари» («ёвари») решаи кофия буда, харфи «о» («ё») таъсис, харфи «в» дахил, садоноки кутохи «а» ишбоъ, харфи «р» равии мутлак ва харфи «и» васл мебошад.

Савол ва супоришхр:

  1. Кофия ба чанд навъ чудо мешавад?
  2. Кадом навъи кофияро кофияи мукайяд мегуянд?
  3. Кофияи мутлак чист?
  4. Байте бигуед, ки дар решаи кофияаш равии мукайяд ё асли омада бошад.
  5. Тафовути кофияи мукайяду мутлак дар чист?
  6. Кадом навъи кофияро кофия мукайяди мучаррад меноманд?
  7. Кофияе, ки дар решаи он харфи кайд ва рави омада бошад, чи меноманд?
  8. Дар байти Чоми кадом навъи кофия омадааст?

Аз шахи Юнон Хакими тезхуш

Кард чун афсонаи фарзанд гуш.

  1. Дар кофияи мукайяде, ки ридфи мураккаб дорад, боз кадом харфхои кофия омада метавонад?
  2. Дар кофияи мукайяд бо таъсису дахил кадом харакати кофия хатман бояд биояд.
  3. Кофияи мукайяди мучаррад аз кофияи мутлаки мучаррад чи фарк дорад.
  4. Номи харакатхоеро гуед, ки дар кофияи мутлак бо таъсис ва дахил омадаанд.
  5. Харакатхои, ки пеш аз харфи рави меоянд, кадомхоянд?
  6. Дар байти:

Хатти такдир аст холи аз галат,

Аз хато холи набошад хеч хат.

кадом навъи кофия омадааст?

  1. Харф ва харакатхои кофияро азёд гуед.

[2]   Сиблат, саблат, – муйлаб, бурут; риш.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …