Главная / Гуногун / НАМОЗИ ЧАНОЗА

НАМОЗИ ЧАНОЗА

Намози чаноза дар хакикат дуост барои майит дар пешгохи  Архаму-р-рохимин.

Шартхои намози чаноза хамон шартхои намоз аст ва илова бар ин агар хабари марг расида бошад. Агар касе аз барпо шудани намози чаноза хабар наёфт, пас у маъзур аст ва бар у намози чаноза вочиб нест.

Барои сиххати намози чаноза ду шарт аст. Яке тааллук ба намозгузор ва дигаре тааллук бар майит дорад.

Шартхои намози чаноза барои намозгузорон.

Аввал: Тахорат. Дуввум: Сатри аврат. Саввум: Истикболи кибла. Чахорум: Ният.

Шартхои намози чаноза барои майит.

Аввал: Майит бояд мусалмон бошад, агарчи фосик хам бошад. Албатта, бар дузду ёги, ки дар холати чанг ва зудухурд бо сарбозони ислом кушта бошанд, хамчунин барои котили падару модар намози чаноза хонда намешавад.

janoza-namoz

Агар падару модари бачаи фавтида мусалмон хастанд, пас бар он бача намоз хонда шавад.

Майит иборат аз касе аст, ки зинда бошад ва бимирад, агар мурда ба дунё биёмад, майит нест ва бар у намози чаноза чоиз нест.

Дуввум: Бадан ва кафани майит хаз начосати хакикиву хукмия бояд пок бошад. Албатта, агар начосати хакикия аз худи майит берун омада бошад ва дур кардани он боиси норохатии мардум аст, пас намози чаноза чоиз аст.

Агар майит аз начосати хукми пок набошад, яъне онро гусл ва ё таяммум надода бошанд, намоз чоиз нест. Вале агар бидуни гусл дафн шуда бошад, бар кабри он намоз чоиз аст. Ва агар бидуни гусл ва ё таяммум намоз хонда дафн кардаанд, пас бояд дигарбора бар кабри у намоз хонда шавад ва намози аввала чоиз нест.

Агар бидуни намози чаноза дафн шуда бошад, то се шабонаруз бар кабри он майит намоз хондан чоиз аст.

Тахорати макон барои гузоштани майит шарт нест. Агар замин ва тахтаву тобут касиф[1] бошанд, тавре ки кафан начас нашавад ва майитро бар он гузошта намоз хонда шавад, намоз чоиз аст.

Саввум. Аврати майит бояд пушида бошад ва агар майит комилан барахна бошад, намоз чоиз нест.

Чахорум. Майит дар пеши намозгузорон гузошта шавад. Ва агар дар акиб бошад, намоз чоиз нест.

Панчум. Майит ва ё он чи майит бар болои он аст, бояд бар замин гузошта шавад, вале агар дар болои дасти мардумон ва ё мошин ва ё гайри инхо бошад, намоз чоиз нест.

Шашум. Мавчуд будани майит аст ва агар майит мавчуд набошад, намози чаноза чоиз нест.

Дар намози чаноза ду чиз фарз аст: Аввал, чахор маротиба такбир гуфтан. Дуввум, киём. Бидуни узр тарки киём чоиз нест. Вале дар ин намоз рукуъу сачда ва каъда нест.

Дар намози чаноза се чиз суннат аст: Аввал, хамди Худои таоло. Дуввум, дуруд бар Хазрати Мухаммади Мустафо (с). Саввум, дуо барои майит.

Чамоат дар намози чаноза шарт нест ва агар як нафар намози чанозаро аз чинси мард, зан, болиг ё сагир бихонад, фарз адо мешавад. Албатта, ин намоз бо чамоат бехтар аст.

Абухурайра (раз) гуяд: Пайгамбар (с) фармуд: «Касе, ки бар чанозае хозир шавад ва корхои марбут бар онро анчом дихад, то чое ки бар майит намози чаноза бихонанд, савоби он кас як кирот аст ва касе, ки дар маросими чанозае аз аввал ширкат кунад, то чое ки майитро ба хок супоранд, савобаш ба андозаи ду кирот аст». Аз Пайгамбар (с) пурсида шуд: «Ду кирот чанд аст?» Фармуд: «Ба андозаи ду кухи бузург аст». (Яъне, касе, ки дар ин маросим то охирин мархила ширкат кунад, монанди он аст, ки ду кухи бузург дар тарозуи аъмолаш карор дода шудааст).[2]

Ибни Аббос (раз) аз Пайгамбар (с) ривоят мекунад, ки: «Аввалин чизе ки Худованд баъд аз марг ба бандаи муъмин подош медихад, он аст, ки касоне, ки дар ташеъи чанозаи у ширкат кардаанд, мавриди афву омурзиш карор медихад».[3]

Тарикаи хондани намози чаноза

Тарики суннати хондани намози чаноза ин аст, ки майитро дар пеш гузошта, имом дар мукобили синаи майит истода шавад. Ва хама ният кунанд, ки:

Ният кардам бигузорам чахор такбири салоти чаноза сано мар Худойро, дуруд мар Мухаммад Мустафоро, савобаш мар ин мутаваффоро. Руй овардам ба кибла, кибла ба чихати Каъба, иктидо кардам ба имоми хозиристода, холисан лиллохи таоло. Аллоху акбар.

Хар ду дастро бардошта ба нармии гушхо расонида баъд поён намуда, дар зери ноф бибандад. Ва баъд аз он ин дуоро бихонад:

Субхонакаллохума ва бихамдика ва таборака-смука ва таоло чаддука ва ло илоха гайрук. Аллоху акбар.

Аллохумма салли ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо саллайта ало Иброхима ва ало оли Иброхима, иннака Хамидум-Мачид. Аллохумма борик ало Мухаммадив-ва ало оли Мухаммадин камо боракта ало Иброхима ва ало оли Иброхима, иннака Хамидум-Мачид. Аллоху акбар.

Агар мурда шахси болиг бошад, хох мард бошад, хох зан ин дуоро бихонад:

Аллохумма-гфирли хайино ва майитино ва шохидино ва гоибино ва сагирино ва кабирино ва закарино ва унсоно. Аллохумма ман ахяйтаху минно фа ахйихху ала-л-исломи ва ман таваффайтаху минно фа таваффаху ала-л-имон. Бирахматика ё Архама-р-рохимин. Аллоху акбар.

Агар майит писарбачаи хурдсол ва ё шахси девонае бошад, ки дар тамоми умраш хушёр нашуда бошад, ин дуоро бихонад:

Аллохумма-чъалху лано фарратав-ва-чъалху лано ачрав- ва зухрав-ва-чъалху лано шофиъав-ва мушаффиъо. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Агар майит духтарбачаи хурдсол бошад, ин дуоро бихонад:

Аллохумма-чъалхо лано фарратав-ва-чъалхо лано ачрав-ва зухрав-ва-чъалхо лано шофиъав-ва мушаффиъо. Бирахматика ё Архама-р-рохимин.

Баъд аз ин дуо такбири чахорумро гуфта, бидуни ин ки дастхоро бардорад, ба ду тараф салом дихад.

Масъалахои намози чаноза

Дар хондани дуохо ва гайри онхо дар намози чаноза имом ва иктидокунандагон баробаранд, факат ин кадар фарк дорад, ки имом такбир ва саломро баланд мегуяду муктади охиста.

Мустахаб аст, ки мардум се саф гарданд, агарчи хафт нафар бошанд. Як нафар имом, се нафар сафи аввал, ду нафар сафи дуввум ва як нафар сафи саввумро ташкил диханд.

Хар чизе, ки намозро фосид мекунад, муфсиди намози чаноза низ хамон аст. Вале дар намози чаноза хандаи кахкаха тахоратро намешиканад. Ва агар бо зане аз лихози саф мукобил шавад (яъне, агар зан дар сафи мардон бошад), фосидкунандаи намози чаноза нест, дар сурате, ки ин мукобала дар намози фарз намози мардро фосид мекунад ва низ хандаи кахкаха дар намози фарз тахоратро ботил мекунад.

Хондани намози чаноза дар масчиде, ки намозхои панчгона ва чумъаву идайн хонда мешавад, макрух аст, чи майит дар дохили масчид бошад ва чи дар беруни масчид.[4] («Хулосату-л-масоил», сах. 111).

Таъхир кардани намози чаноза барои зиёд шудани чамоат макрух аст.

Хондани намози чаноза ба тарики нишаста бидуни узр макрух аст.

Агар якчандто чаноза бошад, ба хар яке алохида намози чаноза хондан бехтар аст, вале агар чанд тобутро пахлуи хам гузошта, бар хамаашон як намоз хонда шавад, низ чоиз аст.

Агар майитхо аз аснофи мухталиф (яъне, марду зан ва писару духтари ноболиг бошанд) бошанд, аввал мардхо, дуввум писархо, саввум занхо ва чахорум духтархо гузошта шаванд.

Агар касе баъд аз ин, ки имом чанд такбирро гуфтааст, бирасид, фавран такбир нагуяд, балки интизори бикашад, то он замоне ки имом такбири сониро бигуяд, у низ такбир бигуяд ва дохили чамоат гардад. Хангоме ки имом салом дихад, бакияи такбиротро бидуни ин, ки чизе бихонад, бигуяд. Ва агар вакте расад, ки имом такбири чахорумро гуфтаасг, фавран такбир бигуяд ва дохили намоз шавад ва баъд аз салом додани имом такбироти фавтшударо бигуяд.

Агар касе дар аввали чамоат барои ширкат дар чамоат омодаги дошта буд, вале ба воситаи гафлат дохили шуда натавонист. Хангоме ки имом баъд аз гуфтани такбир машгули хондани «Субхонакаллохумма» мебошад, фавран такбири аввалро бигуяд ва ба намоз шарик шавад. Иодаи он такбире, ки имом такбири дуввумро нагуфта бошад, ба намози чаноза шарик гаштааст, лозим нест.

Барои имоматии намози чаноза мукаддамтар аз хар кас раиси чумхур, ё подшохи исломи вакт аст. Агар инхо хозир набошанд, хокими шахр ва баъдан кози ва баъдан ноиби кози ва агар ноиби кози низ набошад, имоми масчиде, ки майит дар холи хаёт он чо намоз мехонд ва ё вали[5] ва ё касе, ки вали ба у ичозат дихад, бехтар аст.

Агар касе, ки сазовори имомат набошад, бидуни ичозати вали намози чанозаро хонад, валии майит метавонад он намозро иода кунад ва агар сазовор бошад, наметавонад. Инчунин тавсия аст, ки сомонаи мазкур хонда шавад: http://life.ansor.info/tj/niyati_namozi_janoza/ 

[1] Касиф – нопок, олуда.

[2] «Ал-луълуу ва-л-марчон». Чилди аввал. Сах. 398.

[3] «Мухтору-л-аходис». Сах. 197.

[4] Аз Хазрати Абухурайра (раз) ривоят шуда, ки Расулуллох (с) фармуд: «Касе, ки дар масчид намози чаноза хонад, барои у хеч чиз нест», яъне на намози чанозааш дуруст аст ва на мучиби подош мегардад. («Равиши намози Расулуллох (с)», сах. 440).

[5] Вали – сохиби мурда.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …