Главная / Илм / НАХУД дар Канзи Шифо (Китоб)

НАХУД дар Канзи Шифо (Китоб)

naxud-660x330Нахуд — ин растани навъхои хам бустони дорад ва хам сахрои. Нахуд ба хама маълум аст. Мизочи бустониаш, яъне зироатиаш дар дарачаи якум гарм ва хушк;; мизочи сахроияш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Мизочи сабзи тару тозааш дар дарачаи якум тар аст. Кувваташ то се сол боки мемонад. Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, дар шикам бод пайдо мекунад.

Агар нахуди сахроиро бихуранд, дарунро пок мегардонад; гиреххои чигар, сипурз ва гурдаро мекушояд. Нахуди даштиро куфта гузошта банданд, кутури решгаштаро пок мекунад, шукуфаи пустро шифо мебахшад, варамхои хояхо ва баногушро мулоим мегардонад; куфтаашро бо асал хамир карда гузошта банданд, барои чарохат ва захми саратон нафъ дорад.

Нахуди бустониро бихуранд, дарунро мулоим мегардонад, харорати табиии баданро устувор медорад, барои шуш ва пушт мувофик ва неку аст, дар бадан хуни солим пайдо мекунад, хамчун гизо пуркувват мебошад, баданро фарбех месозад, иштихоро нигох медорад. Гизоияти он барои шуш зиёда аз донхои дигар аст. Агар инро бо шири навчушида бихуранд, гирифтагии овозро, ки аз хушки бошад ва агар таб намегирифта бошад, ислох мекунад, вале агар гирифтагии овоз бо таб бошад, ба чойи шир бо об бичушанд.

Чун нахудро як шаб дар сирко тар карда, пагохи ба дили нахор бихуранду хамон руз чизе дигар тановул накунанд, барои куштани кирми меъда давои бисёр хуб мешавад.

Нахудро дар об пухта, дар он об намак андохта бинушанд, моддахои часпакро титу пароканда менамояд ва бинобар шур будани таъмаш гиреххои баданро мекушояд, бинобар гарм будани мизочаш пешобро меронад, инчунин барои дарди узвкои даруни сина ва захми шуш фоида дорад. Нахудро як шабонаруз дар об тар карда баъд бихуранд ва аз болояш хамон оби таридро бо андак асал тановул намоянд, барои он одамон, ки аз шахвати чимоъ махрум гашта бошанд, он куввати ононро баркарор мекунад. Агар нахудро дар мобайни таом бихуранд, барои хазм шудани он ёри медихад. Чун аз нахуд хариса (халим) тартиб дода, онро бо сирко бинушанд ва дар обе, ки нахуд чушонида шуда бошад, то ноф даромада нишинанд, барои ислохи беморихои макъад, пок намудани бачадон, ихроч кардани кирмхои шикам, инчунин кирми рудаи рост бехтарин давое мебошад.

Нахудро бирён карда, гармогарм бихуранд, барои бавосири хуни давои ачибест. Нахуди сабзи тозаро як шабонаруз дар об тар карда, он обро бинушанд, варами милки дандонро дафъ мекунад ва дарди дандонро таскин медихад.

Мизочи равгани нахуд дар дарачаи севум гарм ва хушк аст. Агар инро хох бихуранд, хох бимоланд, таъсираш то чохои дур ва чукурии бадан мерасад. Инро бихуранд, муйро мустахкам месозад, пушти камарро (бохро) кувват мебахшад, дарди дандон ва милки онро таскин медихад; дардхоеро, ки сабабашон сарди ё аз афзудани моддахои сард ба амал омада бошанд, инчунин иллати махавро шифо мебахшад; ранги руй ва овозро соф мегардонад. Ва агар инро бимоланд, бохро кувват мебахшад, доги кунчидакро дафъ мекунад.

Тайёр кардани равгани нахуд ин тавр аст. Нахудро нимкуфта, дар даруни колба то гулугохаш пур мекунанд. Ба колба аз ру гили бута мемоланд. Як табаки фулуззиро мегиранду аз миёначояш барои гардани колбаро даровардан сурох мекушоянд. Баъд даруни гулуи колбаро лиф чо карда, сарозер ба сурохи табак чо карда, ба атроф ва болои колба ангишт гузошта, оташ медиханд. Табакро дар болои ду хишт мегузоранду ба зери дахани колба зарферо мегузоранд. Аз тафси оташ аз нахуди мазкур равган чудо шуда, аз лиф гузашта софшавон ба зарфи зерин мечакад.

Нахуди сиёхро пухта бихуранд, бачаи занхои хомиладорро аз шикам меафтонад, санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад, моддахои нодаркори зарарнокро аз бадан хорич мекунад; ва инак, дар хама чихат аз нахуди сафед пурзуртар аст; барои иллати истиско ва зардпарвин, ки аз гиреххои баамаломада ходис шуда бошад; шифо мебахшад; гирехи чигарро мекушояд, бодхои дарунро тахлил медихад, барои иллати махав дору мешавад.

Хар як навъи нахудро куфта, бо об атолавор сиришта бимоланд, дарди сарро шифо мебахшад, зардии рухсораро мебарад; сабусаки сар ва ширинча, доги кунчидак, хориши аъзо, карахтии узвхо ва беморихои бугумхоро дафъ мекунад, муйро кувват медихад. Хурдани нахуд ба захми хичак зарар дорад — дар ин холат  камтар кукнор бихуранд, зиёнаш ислох меёбад; дар шикам бод пайдо мекунад ва шикамро дам менамояд — дар ин маврид зира, шибит, гулканд — якеро аз инхо бихуранд, ислохи зарар менамояд. Инчунин ба одамони гарммизоч зиён мекунад — дар ин маврид сиканчабин ё кукнор бихуранд, ба зарар ислох мебахшанд. Инро бояд таъкид кунем, ки аз болои нахуд оби хунук нушидан бисёр зарарнок аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …