Моддаи 33-и Кодекси Мехнат. Муваккатан боздоштани истехсолот (кор)
- Агар ташкилот душворихои дорои хусусиятхои истехсоли, иктисоди, технологи ё ташкилиро пешбини намояд, дар ин холат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори вохидхои (сеххо, участкахо, бригадахо) алохидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваккатан боздорад.
- Муваккатан боздоштани ташкилот хамчун бекористи бе гунохи кормандон хисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар ба онхо ба андозаи маоши мохона музд дода мешавад.
- Муваккатан боздоштани кор бе додани музди бекористи манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.