Главная / Маданият ва санъат / Мусаббаоти Ашара

Мусаббаоти Ашара

Гурз ибни Вабра (ва у аз абдол буд) гуфт, ки: Бародаре аз ахли Шом бари ман омад ва маро хадяе дод ва гуфт:

  • Эй Гурз, аз ман ин хадяро кабул кун, ки неку хадяест.

Гуфтам:

  • Эй бародар, туро ин хадя ки додаст?

Гуфт:

  • Иброхими Тайими.

Гуфтам:

  • Аз Иброхим напурсиди, ки уро аз кучо ёфт?

asharaГуфт:

  • Бале, пурсидам. У чунин гуфт, ки: Дар пеши дари хонаи Каъба нишаста будам ва тахлилу тасбех ва тахмиду тамчид мегуфтам. Марде биёмаду бар ман салом гуфт ва бар дасти рости ман нишаст. Ва ман дар асри худ аз у хубтару накуруйтар ва сапедчоматару хушбуйтар надида будам, гуфтам:
  • Эй Абдуллох (яъне бандаи Худо), ту кисти ва аз кучо меои?

Гуфт:

  • Ман Хизрам.

Гуфтам:

  • Мучиби омадан чист?

Гуфт:

  • То бар ту салом гуям, чи туро барои Худо дуст медорам ва ба наздики ман хадяест, мехохам, ки он туро дихам.

Пурсидам, ки:

  • Он чи чиз аст?

Гуфт:

  • Он, ки пеш аз баромадани хуршед ва густурда шудани нури он бар замин ва пеш аз фуру шудани он сурахои “Алхамд” ва “Нос” ва “Фалак” “Ихлос” ва “Кофирун” ва “Ояту-л-Курси”, хар яке аз онро хафт бор бихони ва хафт бор “Субхоналлохи ва-л-хамду лиллохи ва Ло илоха илаллоху валлоху Акбар” ва хафт бор бар Пайгамбар (с) дуруд дихи ва хафт бор барои мардону занони муъминомурзиш хохи ва хафт бор барои худ ва хафт бор бигуй: “Аллохумма-фъал би ва бихим очилан ва очилан фи-д-дини ва-д-дунё ва-л-охирати мо Анта лаху ахлихи ва ло тафъал бино ё Мавлоно мо нахну лаху ахлуи иннака Гафурун Халимун Чаводун Каримун Рауфун Рахим” ва бингар, ки онро бомдоду шабонгах нагзори (тарк накуни).

Гуфтам:

  • Хохам, ки ахбор фармои, ки ин ато туро ки додаст?

Гуфт:

  • Мухаммад (с).

Гуфтам:

– Аз савоби он маро хабар дех.

Гуфт:

  • Чун Мухаммад (с)-ро хохи дид аз савоби он бипурс, ки туро аз он ахбор фармояд.

Ва ривоят кардаанд, ки Мехтари Хизр (а) Иброхимро гуфт, ки:

  • Эй Иброхим, бояд, ки ду ракъат намоз бигузори дар ракъати аввал баъд аз сураи «Фотиха» сураи «Кофирун»-ро хафт бор ва дар ракъати дуввум баъд аз сураи «Фотиха» сураи «Ихлос»-ро як бор ва тасбехоти рукуъу сучудро низ хафт бор гуфта боши. Ва баъд аз салом cap ба сачда бинех ва хафт бор калимаи тамчид (Субхоналлохи ва-л-хамду лиллохи ва Лo илоха иллаллоху валлоху Акбару ва ло хавла ва ло куввата илло биллохил-Алийи-л-Азим) ва хафт бор дуруд (Аллохумма салли ало Мухаммадин абдика ва набиййика ва хабибика ва расулика-н-набийи-л-уммиййи ва ало олихи ва асхобихи ва борик ва саллим) бихон ва чун cap аз сачда бардори як бор «Фа субхоналлохи хина тумсуна ва хина тусбихуна ва Лаху-л-хамду фи-с-самовоти ва-л-арзи ва ашийё»-ро то охир бихони. Баъд аз он ба хоб рави ва каломи дунё накуни ва руй ба кибла оварда хоб куни ва дуруд гуфта боши, то дар хоб Хазрати Рисолатпанох (с)-ро бубини.

Пас Иброхими Тайими хамчунон кард ва он Хазрат (с)-ро дар хоб дид ва гуфт, ки рузе дар хоб дидам, ки чунон асти, ки малоика биёмаданд ва уро бардоштанд ва ба бихишт бурданд ва у он чи дар он аст бидид ва корхои азим, ки дар бихишт дида буд, васф кард ва гуфт, ки: Аз фариштагон пурсидам, ки:

  • Ин хама кирост?

Гуфтанд, ки:

  • Он касро, ки мисли ту кунад.

Ва гуфт, ки аз меваву шароби бихишт тановул кард. Пас Пайгамбар (с) бари ман омад бо хафтод пайгомбари дигар ва хафтод сафе аз фариштагон, ки хар сафе аз машрик то магриб ва бар ман салом гуфт ва дасти ман гирифт. Гуфтам:

  • Ё Расулаллох (с), Хизр маро гуфт, ки ин хадисро аз ту шунидааст.

Гуфт:

  • Хизр рост гуфтааст. Ду бор мукаррар[1] кард. Ва хар чи у хикоят кунад хак бошад ва у олими ахли замин асту раиси (сардори) абдол аст ва у аз лашкархои Худои аст дар замин.

Гуфтам:

  • Ё Расулаллох (с), хар ки ин бикунад ва мисли ин, ки ман дар хоб дидам, набинад, чизе аз ин, ки ман ёфтаам, биёбад?

Гуфт:

  • Бад-он Худое, ки маро ба хак баъс фармудааст, ки кунандаи ин, агарчи маро дар бихишт набинад, хамаи кабоири (гуноххои кабираи) у омурзида шавад ва хашму газаби Хак таолоро аз вай бардоранд ва сохиби шимолро (мурод фариштаест, ки бар души чап чой дорад ва гунохонро менависад) фармоянд, ки то соле хеч бади бар вай нанависад. Ва бад-он Худое, ки маро ба хак пайгамбар гардонидааст, ки ин кор накунад, магар касе, ки Хак таоло вайро некбахт офарида ва тарки ин нагирад, магар касе, ки вайро бадбахт офаринад.

Ва Иброхими Тайими чахор мох таому шаробро тановул накарда буд ва шояд, ки ин пас аз ин хоб будааст.

Азбаски баъзе аз хонандагони ин мачмуа бо хуруфи ниёгон ошно нестанд, мо шакли пурраи ин оёту дуохоро барои онхо бо хуруфи хозираи тоцики пешкаш менамоем.

[1] Мукаррар – такрор.

Инчунин дар сомона Дуои Ашора аст ки онро низ метавонед хонед

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …