Главная / Чамъият / Муоинаи хронометражи

Муоинаи хронометражи

Моддаи 40-и Кодекси Андоз. Муоинаи хронометражи

  1. Муоинаи хронометражи – шакли назорати андоз буда, аз чониби макомоти андоз бо максади мукаррар намудани даромади вокеии андозсупоранда ва харочоти вокеии вобаста ба фаъолияти барои гирифтани даромад равонашуда дар даврае, ки мавриди муоина карор мегирад, гузаронида мешавад.
  2. Дар чараёни гузаронидани муоинаи хронометражи макомоти андоз масъалахои вобаста ба муоинаи объекти андозбанди ва (ё) объекти ба андозбанди алокамандро мустакилона муайян менамоянд. Хамзамон инхо бояд хатман мавриди муоина карор гиранд:

-объектхои андозбанди ва (ё) объектхои ба андозбанди алокаманд;

-мавчудияти пул, хуччатхои пули, дафтархои мухосиби, хисоботхо, сметахо, когазхои киматнок, хисобхо, эъломияхо ва дигар хуччатхое, ки бо объекти муоинашавандаи андозбанди ва (ё) объекти ба андозбанди алокаманд вобастаанд;

-хисоботи фискалии мошини назорати – хазинави;

-шумораи кормандони кирояи вокеан истифодашаванда.

  1. Муоинаи хронометражи тибки тартиби муайяннамудаи макоми ваколатдори давлати на зиёда аз як маротиба дар як сол ба мухлати то 3 рузи кори гузаронида мешавад.
  2. Агар андозсупорандаи муоинашаванда фаъолияташро дар рузхои истирохат ва ид амали намояд, муоинаи хронометражи метавонад дар рузхои зикршуда гузаронида шавад. Муоинаи хронометражи метавонад мутобики низоми кории андозсупоранда, новобаста ба вакти шабонарузи, гузаронида шавад.
  3. Асос барои гузаронидани муоинаи хронометражи амрномае мебошад, ки мутобики талабот барои гузаронидани санчишхои андоз бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур кабул гардидааст.
  4. Натичахои муоинаи хронометражии андозсупорандагон хангоми гузаронидани хисобхои маблагхои андозхо аз руи натичахои санчиши хуччати, инчунин барои тахлили дурустии хисоботи пешниходшудаи андоз, бо дарназардошти мавсими будани фаъолияти хочагидори, ба назар гирифта мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …