Главная / Гуногун / Мухтарам Президенти Академияи илмхои Чумхурии Точикистон!

Мухтарам Президенти Академияи илмхои Чумхурии Точикистон!

Мунокишахои солхои охир, ки дар байни ахли илм ба вучуд омадааст, моро водор мекунад, ки бетарафиро пеша накарда, баъзе андешахои хешро иброз дорем.

Ду зухурот аз кадимулайём гох сабаби пешрафту шукуфоии чомеъа ва давлат, гох монеъа ва низову ошубхо ва бадбахтихои халку шикасти давлат мегардиданд. Ин зухурот, яке дин, дигаре илм аст.

Вазифаи илм кабл аз хама аз он иборат аст, ки бо кашфиёту дастуроти илми ва маколаву китобхо, якум, сабаби бехтар гардидани шароити иктисоди ва маънавиёти чамъият, дуюм, сабаби бойшави ва пуриктидор шудани давлат гардад. Зеро бе давлати пуриктидор ва тавоно ахволи халк бехтар нахохад шуд. Аз ин лихоз, мо хануз соли 1998 ба тамоми мусалмонон ва ахли илми Осиёи Маркази, Казокистон, Кавкоз ва Русия Мурочиатнома кабул карда, аввал онро дар рузномаи «Чумхурият», сипас, ба шакли китобча, ба чор забон – точики, руси, англиси ва хуруфоти форси ба табъ расонида, дар форуми олимони чахон, соли 1999 пахн карда будем, ки дар он аз чумла гуфта шудааст: «Имруз замоне расидааст, ки аз чахонбинии хукмрони догматикии илмии худ даст бикашем. Зеро чахонбинии илмие, ки аз призмаи идеологияи коммунисти гузаштааст, чахонбинии илмие, ки дар замони давлатдории махуф бунёд гардидааст, пояхои вай давлати демокративу дуняви, давлате, ки хишти нахустини худро аз шолудаи шахдбори тамаддуни чахони огоз менамояд, бардошта наметавонад. Мо бояд комёбихои илми муосирро ба наслхои оянда бирасонем. Кабл аз хама, худи мо аз комёбихои илми муосир огох бошем. Дар акси хол наслхои оянда дар асри оянда моро мазаммат хоханд кард. Аз тарафи дигар, барои онхо зиндагони ногувор хохад шуд».

Ин гуфтахо, кабл аз хама, ба Академияи илмхои Чумхурии Точикистон дахл доранд. Зеро тамоми тадорукоти илмии мамлакат бояд дар дасти Академия бошад. Мавкеи олимонро муайян намудан, кашфиётхои онхо ва навиштачоташонро барраси намудан, аз лихози иктисоди олимонро мувофики корхои илмиашон кадр кардан, химоя намудан, рагбатнок кардан, ба сахнаи чахони баровардан ва гайра вазифаи якуминдарачаи Академияи илмхои Точикистон аст.

Ба таърих як назар меафканем:

Академия аз номи кахрамони афсонавии Юнони Кадим – Академ гирифта шудааст. Ин мафхумро Афлотун чори кард. Уро хокими бедодгари Ситсилия – Дионисий барои гояхои инсонпарваронааш дастгир намуда, фармуд, ки ба чазираи Эгин бурда ба гуломи бифирушанд. Шахси номаълум бо номи Анникерид дар чазираи номбурда Афлотунро ба 30 мин харида, зуд озод кард. Пайравони Афлотун ор намуда, ин пулро ба у баргардониданд. Анникерид бошад ин пулро ба Афлотун дод. Афлотун бо ин пул мактаби фалсафи бунёд намуда, номашро Академия гузошт. (Ин гувохи он аст, ки олими хакики на факат пул, балки худро хам барои гояи илми курбон мекунад).

Дар Русия пас аз Инкилоби Октябр дар пояи Академияи замони Пётри I Академияи илмхо таъсис ёфта, пас аз чанги дуюми чахон ба мисли замбуруг дар хамаи чумхурихо якбора академияхо таъсис дода шуданд. Вале барои Хукумати Шурави, дар чумхурихо, аз кори илми дида, пропагандаи шумораи академияхо ва теъдоди кормандони илми ахамияти асоси дошт. Аз ин лихоз, дар Точикистон, агар мо онро бо Русия мукоиса кунем, сурат буду сират не. Ва чун Точикистон истиклолият ба даст овард ин камбудихо ба руи об баромаданд.

Хулоса, имруз кор ба дарачае расидааст, ки фаъолияти ахли илм ба чои «истехсол»-и илм, ба «истехсол»-и унвонхои оли табдил дода шудааст. Мубориза барои унвон дар Академияи илмхо ба чанги тан ба тан табдил ёфта, дар сахифахои рузномахо хам инъикоси худро меёбанд.

Ин «олимон» имруз ва фардо метавонанд на факат барометри обу хавои илмии Точикистон, балки сиёсати он, давлатдории он ва аз хама бадтар, муносибатхои ноустувори байни чомеъа гарданд. Ин хатари аз хама чидди ба истиклолияти Точикистон ва хусусан давлати навбунёди Точикистон мегардад.

Имруз баъзе академикхои точик дар натичаи дарк карда натавонистани хакикат ва паст будани савияи донишашон ба худ гуруххои пайравонро чалб намуда, ба чанги хакики огоз кардаанд. Ва боз худи онхо бешармона ин чангро байни шимолу чануб ташбех медиханд. Аз чанги онхо боз буи чанги нав меояд.

Олимони точик ба чои он ки барои ба вучуд овардани ягонагии миллат, инкишофи иктисодии он, ба давлати навбунёду мустакили Точикистон маслихатхои муфид дода, рохи инкишофро пеш гиранд, ба мунокишаву дасиса даст мезананд.

Ду академик – яке Рахим Масов ва дигаре Мухаммадчон Шакури аз лихози тарзи тафаккур дар як нуктаи «А» карор доранд, яъне тарзи тафаккури эшон – тарзи тафаккури солхои 1930-ро ба хотир меорад.

Якуми дар натичаи аз байн рафтани идеологияи замони шурави, рохи эчодиро ёфта натавониста, ба бухрони эчоди гирифтор шудааст ва дар натичаи кудрати идроки таърихи халки худро надоштан, имруз бар хилофи гуфтаи шоири махбуб Камол Насрулло Точикистонро аз нав таксим кардан мехохад.

Баъзехо мегуянд, ки академик Рахим Масов китобчаи худро дар ин бора ба забони руси, бо унвони «Наследие» Мангитской власти» баровардааст ва мафхуми «рус»-ро бо мафхуми «коммунист» махлут сохта, байни точику рус хам рахна мегузорад ва ин ба дасти бегонагон (пантуркистон) афтад чи мешавад?

Мо ба онхо мегуем: Аз кух он тараф гузашта як назар афканед, лаппиши кули бузургеро мебинед, ки оби он лабрез шуда, дар холати бандархоро кандан ва ба худ мачрои нав чустан аст. Мачро дигар гардад, тафаккур хам дигар мегардад.

Устоди арчманд, академик Шакури дар натичаи бардор-бардори пайравонашон аз идораи худ бадар рафтаанд ва ба чои илм усули «Афкор оламро идора мекунад»-ро пеша намудаанд. Хашт нафар олими шинохта ва ду нафар рузноманигори болаёкат ба маколаи «Чаро гиребони худиро мегирем ё необолшавизм чи мехохад?» дар рузномаи «Неруи сухан» (аз 10-ум ва 17-уми апрели соли 2003) имзо гузоштаанд. Ин макола, аз тахкири академик Рахим Масов ва ситоиши академик Мухаммадчон Шакури иборат аст. Хатто макола ду сарлавха дорад: яке зохиран маслихатомезона – «Чаро гиребони худиро мегирем?» ва дигаре никорталабона – «Необолшавизм чи мехохад?»(!). Аз як тараф академик Рахим Масовро «худи» хондаанд, аз тарафи дигар алфози беэхтиромонаро ба у раво медоранд.

Аз сухбатхои банда бо баъзе аз муаллифони маколаи номбурда возех гардид, ки эшон на маколаи академик Шакури ва на маколаи академик Масовро батаани нахондаанду тахлил накардаанд. Олимонро мебоист аввал хам маколаи академик Рахим Масовро дар рузномаи «Азия-плюс» (аз 21.02.2002) ва хам китобчаи уро бо унвони «Наследие» Мангитской власти» мехонданд, мулохиза меронданд ва сипас макола навишта, имзои худро мегузоштанд.

Китоби устод Шакури бо унвони «Инсонгароии омузиш ва забони милли» охири соли 2002 дар Душанбе бо ду хуруф кирилли ва форси ба табъ расид. Мо аз тахлили ин китоби нав худдори мекунем. Худо накунад, ки ба устод осебе бирасад. Факат ду сахифаи онро, ки хам Шумо, чаноби Президент ва хам ба банда, хам ба иддае аз муаллифони химоятгари устод дахл дорад, варак мезанем: «Улуми табиъиву дакик, – мегуянд академики мухтарам Мухаммадчони Шакурии Бухорои, – наметавонад илми одамият биомузад. Илми одамиятро улуми инсони фарохам меоранд. Маънавияту одамият, хислатхои хуби инсони, ахлоки нек, одобу услуб, адлу инсоф, рахму шафкат ва монанди инхо, яъне маънавият, хар чи мохияти инсонии инсонро ташкил мекунад, аз улуми инсони ба даст меояд, аз дарсхое, ки поя бар илми инсоният доранд, яъне аз дарси адабиёт, санъат, зебоишиноси, забон (забони модари ва хар забони дигар), таърих, фалсафа хосил мешавад. Дар инсонгарои ба вежа дин ахамият дорад. Дини мубин пурзуртарин омилест, ки инсонро инсони меомузад» (сах.18).

Махмуди Тарзи мегуяд:

Тамаддун гар хамин бошад,

хазорон хайф бар номаш,

Агар дин инчунин бошад, зихи огозу анчомаш.

Вале академики мухтарам боз мегуянд: «Замони мо замони фасодии ахлок, хории инсон ва пастравии инсоният, замони вахшонияти одамизод аст. Дар чунин замоне парвариши инсони бофархангу бамаънавият душвор аст. Замони бемаънавияти ва ноодами, каммехриву сангдили, фасоди куллии ахлок… чунон аст, ки барои парвариши инсон доираи имконро танг кардааст. Дар ин шароит аз эхтимол дур нест, ки дар бисёр мавридхо хатто адабиёти пуркуввати форси-точики аз ичрои вазифаи тарбияви очиз биёяд. Аммо дини мубин очиз намеояд. Агар пешвоёни дин окилу донишманд ва дур аз таассубу хурофот бошанд, диншиносони мо тарзхои имрузии истифодаи ахкоми динро дар тарбияи инсони комил муайян кунанд, омили дини дар тарбия тавоноие дорад, ки хеч омили дигар наметавонад ба он баробар шавад». (сах.19).

Президенти мухтарам!

Хеч фикр ботилтар аз он фикре нест, ки илми табиатшиносиро дур андозад. Сабаби акибмонии халкхои Шарки мусалмони махз дар хамин аст. Олимон ва уламои Шарки мусалмони хамин чизи мухимро дар тули 900 сол пай бурда натавонистанд.

Академикхои точик имруз ба чои он ки аз ин вартаи ахвоми пуч ба кулли фориг шуда, мардуми Шаркро ба рохи инкишоф хидоят кунанд, онро боз ба чахолат мекашанд.

Аз ин лихоз, мо ду таблитсаро ба таври намуна мисол оварда, сабабхои акибмонии Шарки мусулмониро боз мекунем.

Таблитсаи якум аз замони Мухаммад(с) то замони Имом ал-Газоли, яъне аз соли 632 то соли 1100-и мелодиро дар бар мегирад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …