Главная / Чамъият / Мухофизат ва истифодаи олами наботот

Мухофизат ва истифодаи олами наботот

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи мухофизат ва истифодаи олами наботот

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2004, №5, мод.342; соли 2007, №7, мод.691; соли 2008, №1 кисми 2, мод.18)

Мачлиси намояндагон 31-уми марти соли 2004 кабул кардааст

Мачлиси милли 29-уми апрели соли 2004 чонибдори намудааст

Конуни мазкур принсипхои сиёсати Чумхурии Точикистонро дар сохаи мухофизат ва истифодаи окилонаи олами наботот тахким бахшида, асосхои хукуки, иктисоди ва ичтимоии ин сохаро муайян намуда, ба хифз ва баркарор кардани захирахои олами наботот нигаронида шудааст.

БОБИ  1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

растанихо (чун объектхои олами наботот)–организмхое, ки ба воситаи чанин, хосилахо, тухмихо ва кисмхои вегетативи (аз чумла занбуругхо, обсабзхо, ушнахо, гулсангхо, фарншаклхо) афзуда, кобиланд  ба тавассути нуру гармии офтоб, аз пайвастагихои гайриорганики моддахои органикиро синтез намоянд;

объектхои олами наботот ё захирахои табиии наботот – хамаи намудхои растанихои худруй: кисмхои руизамини ва зеризаминии онхо, аз чумла решаву тухми, гул, алафзор, гиёххои дорувори ва техники, меваю хосили буттахои худруй, растанихои нодир ва тахти хатари нестшави карордошта, дарахтон, гурухи дарахтон, буттахо, нихолхои дарахтон ва буттахои найшакар, камишзор, инчунин обсабзхо, набототи ушнамонанд, занбуругхо, гулсангхо ва гайра мебошанд.

Объектхои олами наботот таксим мешаванд:

-аз руи таъинот: ба растанихои озукави, хуроки чорво, дорувори ва техники;

-аз руи пахншави: зиёдпахншуда, махдудан пахншуда, нодир, тахти хатари нестшави карордошта;

олами наботот (растанихо)-гурухи навъхои табиии аз чихати таркиб, сохт, мавкеъ ва ахамияташон гуногуни наботот ё гурухи растанихо аст, ки ба таркиби гуногуни фитосеногенез (чараёни ташаккулу инкишофи растани) ва замони пайдоиш муттахид гардида, замин ё худудхои алохидаи онро пушонда, ба микдор ва вобасташавии гуруххои гуногуни растанихо, масохат, сохт ва чараёни инкишофи онхо, инчунин мачмуи шаклхои фаъолияти организми растанихо муайян карда мешаванд;

гурухи растанихо-мачмуи навъхои  растанихое мебошанд, ки дар худуди якхела руида, намуди таркиби ва сохти онхо ба муносибатхои мураккаби байни хамдигар, бо хайвонот ва мухити зист сахт вобастаги дорад;

гурух– мачмуи организмхои дорои аломатхои кории гуногун дар доираи худуди якхела мебошад;

лимит – микдори мукарраргардидаи нихоии хорич намудани объектхои олами наботот, ки бо назардошти вайрон нашудани гуногунии биологи муайян карда шудааст;

коллексияхои ботаники– коллексияхои зиндаи богхои ботаники, паркхои дендрологи, чахорбогхо, гармхонахо, нихолхонахо ва дигар манбаъхои генетикии тухмихо, инчунин гербарийхо ва дигар кисму махсулоти чамъовардаи растанихо.

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мухофизат ва истифодаи олами наботот

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи мухофизат ва истифодаи олами наботот ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофкардаи Чумхурии Точикистон иборат аст.

 

Моддаи 3. Принсипхои  мухофизат, истифода ва баркарор кардани объектхои олами наботот

хангоми ба накшагири ва татбики чорабинихо оид ба мухофизат,  истифодаи окилонаи объектхои олами наботот, чорабинихое, ки ба мухити сабзиши онхо ё холати ин объектхо таъсир мерасонанд, принсипхои зерин бояд риоя карда шаванд:

– чуброни зараре, ки ба объектхои олами наботот расидааст  ва истифодаи ин маблаг барои баркарор намудани зарари расонидашуда;

– дар шароити табии нигох доштани гуногунии биологии растанихои худруй ва гурухи растанихои табиие, ки онхо ба вучуд овардаанд;

– мухофизати мухити нашъунамои растанихои худруй ва гурухи растанихои табиие, ки онхо ташкил медиханд;

– баркарор кардан ва нигох доштани пуррагии навъхои растанихои нодири тахти хатари нестшави карордошта, инчунин намудхои растанихои худруи эндеми (гурухи набототи аз чихати пахншави махдуд), кадими ва дигар растанихо, ки ба мухофизат эхтиёч доранд;

– истифодаи илман асоснок ва баркароркунии захирахои табиии растанихо;

– эхтиёт кардани хусусиятхои олами наботот дар бобати мухофизати об, хок, ба вучуд овардани мухит, шароити истирохат, баркароркуни ва дигар хусусиятхои фоиданоки он бахри хифзи саломатии ахоли, бехсозии мухити зист ва инкишофи хочагии халк;

– мухофизати объектхои олами наботот аз сухтор, сел, равандхои бодлеси (эрозия) ва дигар офатхои табии, инчунин аз хашароти зараррасон ва касалихо;

-танзими пахншави ва микдори намудхои растанихои худруй барои пешгирии зараре, ки  ба табиати зинда, хочагии халк ва ахоли мерасад;

-истифодаи пулакии объектхои олами наботот.

 

Моддаи 4. Истифодаи олами наботот

Олами набототи Чумхурии Точикистон хамчун асоси хаёту фаъолияти мардуми Точикистон истифода бурда шуда, тахти мухофизати махсуси давлат карор мегирад.

 

Моддаи 5. хукуку вазифахои шахсони вокеи ва хукуки  дар сохаи мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот

Шахсони вокеи ва хукуки мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд:

– ба мавзеи гурухи растанихои моликияти давлати, ба истиснои худудхои табиии махсус мухофизатшаванда озодона равуо кунанд;

– объектхои олами набототро истифода баранд;

– махсулоти олами набототро, ки дар ихтиёрашон аст ва тайёр (чамъовари) карда шудааст, инчунин даромади аз фуруши онхо ба даст омадаро аз руи салохияти худ истифода ва харч кунанд;

– чуброни зараре (аз чумла фоидаи аз даст рафтае)- ро, ки дар натичаи поймол кардани хукуки истифодабарандагон расонда шудааст, талаб намоянд;

– дар халли масъалахои вобаста ба мелиоратсияи заминхое, ки бо объектхои олами наботот хамхудуд хастанд, иштирок кунанд.

Шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд:

– талаботро оид ба мухофизат ва истифодаи объектхои олами наботот, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, риоя намоянд;

– ба бадшавии мухити нашъунамои объектхои олами наботот, ба нобудшави ва осеб расонидан ба растанихои худруй, ифлос кардани махалли нашъунамои онхо, вайрон кардани коидахои бехатарии сухтор рох надиханд, хангоми чамъовари ва тайёр кардани ашёи хоми растанихои худруй технологияи мухофизати табиатро риоя кунанд;

– пуррагии гурухи растанихои табииро вайрон накунанд, барои нигох доштани гуногунии намудхои онхо, афзоиши махсулнокии маргзорхо (дарахтзорхо), тухмию мевахо ва дигар махсулот мусоидат намоянд;

– ба макомоти ваколатдоре, ки кадастр ва мониторинги объектхои олами набототро ба рох монда, ба мухофизат ва истифодаи объектхои олами наботот назорат мебаранд, ёрии хамачониба расонанд;

– дар бобати мубориза бо намудхои карантиншавандаи наботот, растанихои бегона, хашароти зараррасон ва касалихои растанихои худруй, оид ба пешгирии бодлесии (эрозияи) хок, ботлокшави, обзеркуни, шуршави, ифлосшави, пастравии хосилнокии замин ва дигар омилхо кор баранд;

– хакки истифодаи захирахои табиии растанихоро саривакт пардохт намоянд;

– ба бадшавии холати дигари захирахои табии рох надиханд;

-хукуки ичоракорон, дигар истифодабарандагон, инчунин истифодабарандагони хамсояи объектхои олами набототро поймол накунанд;

– дигар талаботи мухофизат ва истифодаи окилонаи объектхои олами набототро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст, ичро намоянд.

 

Моддаи 6. Пардохти истифодаи объектхои олами наботот

Истифодаи объектхои олами наботот (ба гайр аз намудхои истифода, ки дар сархатхои якум, дуюм, чорум ва шашуми моддаи 13 хамин Конун нишон дода шудааст) дар худуди Чумхурии Точикистон пардохт карда  мешаванд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигареро пешбини накарда бошад.

Андозаи пардохти музд вобаста ба намуд, максад ва хачми истифодаи объектхои олами наботот бо назардошти махалли чойгиршави, махсулнокии биологии худуд ва дигар омилхои экологи мукаррар карда мешавад.

Тартиби хисобкуни ва хачми меъёрхои пардохти муздро барои истифодаи объектхои олами наботот Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

Пардохти музди истифодаи объектхои олами наботот истифодабарандагони табиатро аз ичрои чорабинихо оид ба мухофизати объектхои олами наботот, мухити нашъунамои онхо ва чуброни зарари расонидашуда озод намекунад.

Маблаги пардохти истифодаи объектхои олами наботот, ки мувофики тартиби мукарраршуда ба фондхои чумхури ва махалли дохил мегардад, дар навбати аввал барои мухофизат ва баркарор намудани объектхои олами набототе, ки ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд, ба рох мондани кадастри давлати ва мониторинги олами наботот  харч  карда  мешавад. (КЧТ аз 5.01.08 №353)

 

БОБИ 2.

ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ МУХОФИЗАТ, ИСТИФОДА ВА

БАРКАРОРКУНИИ ОБЪЕКТХОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

Моддаи 7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхо оид ба мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхо оид ба мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот инхо мансубанд:

– тахия ва якчоя бо макомоти махаллии хокимияти давлати ичро намудани барномахои чумхурияви оид ба мухофизат ва истифодаи окилона, баркароркуни, афзун гардондани махсулноки, устувории объектхои олами наботот дар мачмуъ бо дигар чорабинихои хифзи табиат;

– тасдики барномахои давлати дар сохаи мухофизат,  истифодаи окилона ва баркароркунии объектхои олами наботот, маблаггузори, хавасмандгардони ва таъминоти моддию техникии чорабинихои дорои ахамияти чумхурияви дар сохаи мазкур;

– хамохангсозии фаъолияти вазоратхо, идорахо ва макомоти махаллии хокимияти давлати, доир ба масъалахои мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот;

– тасдики тартиби хисоб кардан ва татбик намудани меъёрхои пардохти музди истифодаи объектхои олами наботот;

– тасдики тартиби бурдани кадастр ва мониторинги холати олами набототи чумхури;

– мукаррар намудани системаи чорабинихо оид ба истифода ва нигохубини окилонаи маргзорхо барои минтакахои табиии чугрофи;

– мукаррар намудани тартиби гузаронидани назорати давлати доир ба мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот;

– муайян намудани макомоти ваколатдори махсуси давлати оид ба мухофизат, истифода ва баркароркунии олами наботот;

– ичрои дигар вазифахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи 8. Салохияти макомоти ваколатдори махсуси давлати  оид ба  мухофизат, истифода ва  баркароркунии объектхои олами наботот

Ба салохияти макомоти ваколатдори махсуси давлати оид ба мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот (минбаъд макомоти ваколатдор) инхо дохил мешаванд:

– амали гардондани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот;

– мукаррар намудани коидахои мухофизат,  истифодаи окилона ва баркароркунии объектхои  олами наботот, муайян кардани андозаю меъёрхои истифодаи захирахои наботот;

– назорати давлатии мухофизат, истифода ва баркароркунии  объектхои олами наботот;

– тахияи Низомномаи Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон якчоя бо Академияи илмхои Чумхурии Точикистон ва дигар макомотхои манфиатдор;

– тахия ва тасдики стандартхо, коида ва меъёрхо дар сохаи мухофизат, истифода ва аз нав баркароркунии минтакахои олами наботот;

– ворид намудани пешниходхо доир ба объектхои олами наботот ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон;

– ичрои дигар вазифахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

БОБИ 3.

МУХОФИЗАТ ВА  ИСТИФОДАИ  ОБЪЕКТХОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

Моддаи 9. Максад ва вазифахои мухофизати объектхои  олами наботот

Таъмини риояи чорахои хукуки, ташкили, иктисоди ва дигар чорахое, ки барои нигохдории мухити нашъунамои растанихои худруй ва гурухи ташкилкунандаи онхо, истифодаи окилона ва мухофизати онхо аз таъсири манфии антропогени барои зиёд кардани кобилияти баркароршави, махсулноки ва устувории онхо максади асоси ва вазифахои мухофизати объектхои олами наботот мебошад.

Мухофизати гурухи табиии растанихо бояд дар асоси муносибати комплекси ба онхо, чун ба ташаккули мураккаби системахои экологи сурат гирад.

 

Моддаи 10. Талаботи асосии мухофизати объектхои олами наботот

Истифодабарандагони объектхои олами наботот бо максади мухофизати ин объектхо бояд талаботи зеринро ичро намоянд:

– мухофизати мухити нашъунамои растанихои худруй ва гурухи онхо;

– истифодаи окилонаи худудхое, ки гурухи растанихои табииро фаро гирифтаанд;

– мухофизати объектхои ба онхо вобасташуда аз истифодаи худсарона ва дигар конуншиканихо;

– химояи объектхои маргзори ба онхо вобасташуда аз таъсири антропогени;

– пешгири намудани вайронкунии коидахою меъёрхои мухофизат, истифодаи окилона ва баркароркунии объектхои олами наботот;

– пешгирии пайдоиш ва бархам додани сухторхо дар гурухи растанихо;

– аз нобудшави пешгири кардани объектхои маргзорхо хангоми амали гаштани чараёни истехсолот ва истифодаи воситахои наклиёт;

– баркарор кардан, баланд бардоштани устувори ва махсулнокии объектхои олами наботот;

– риояи низоми мухофизати намудхои растанихо ва гурухи растанихои нодир, эндеми, кадима ва зери хатари нестшави карордошта, ки ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон  дохил карда шудаанд;

– мухофизати растанихои худруй ва гуруххои табиии ташкилдодаи онхо дар холати тахдид кардани хатари нобудшави хангоми офатхои табии ва дигар сабабхо;

– мухофизати хоки дорои растанихои нашъунамокунанда аз бодлеси (эрозия), сел, обзеркуни, ботлокшави, шуршави, хушкшави, сахтшави, ифлосшави аз партовхои саноати ва маиши, чоришавии об, моддахои химиявию радиоактиви ва дигар омилхои харобшави;

– муваккатан (консерватсия) хобонидани кори объектхои харобшудаи олами наботот, агар бо тарзи дигар онхоро баркарор кардан ва махсулнокиашонро зиёд кардан аз имкон берун бошад;

– гузарондани тадкикотхои илми барои асоснок намудани чорахои мухофизат ва баркароркунии объектхои олами наботот ва мусоидат намудан барои гузарондани ин тадкикотхо.

Макомоти ваколатдор дар доираи барномахои дахлдор барои мухофизати объектхои олами наботот чорахои зарури меандешад.

Мухофизати объектхои олами наботот бо роххои зерин таъмин карда мешаванд:

– мукаррар кардани коидахо ва меъёрхои мухофизату истифодаи объектхои олами наботот;

– мукаррар кардани махдудиятхо ва манъкунихо дар истифодаи объектхои олами наботот;

– бо тартиби мукарраршуда ташкил кардани мамнуъгоххо, богхои милли, парваришгоххо, чудо кардани дигар худудхо ва объектхои табиии  махсус мухофизатшаванда;

– мукаррар намудани низоми махсуси мухофизати намудхои растанихое, ки ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудхои растанихо ва гурухи растанихои нодир, эндеми, кадима ва зери хатари нестшави карордошта;

– ташкили тадкикотхои илми барои таъмини чорабинихои мухофизат ва баркароркунии объектхои олами наботот;

–  бакайдгирии дарахтон ва буттазорхои сарсабз;

– тарбияи шахрвандон дар рухияи муносибати эхтиёткорона, гамхорона ва сарфакорона ба объектхои олами наботот, таргибот тавассути воситахои ахбори умум дар бораи мухофизат ва истифодаи окилонаи онхо;

– гузаронидани мониторинг ва назорати давлатии мухофизат ва истифодаи маргзорхо.

Чорахоро чихати мухофизати объектхои олами наботот макомоти ваколатдор, инчунин макомоти идоракунии хочаги, ки корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо дар ихтиёри онхо карор доранд ва объектхои олами набототро истифода мебаранд, аз чумла ичоракорон, дар асоси барномахои чумхурияви, инчунин меъёру коидахои мухофизат ва истифодаи окилонаи объектхои олами наботот амали мегардонанд.

 

Моддаи 11. Мухофизати мухити нашъунамои растанихои худруй ва гурухи растанихои табии, пешгирии нобудшавии онхо дар чараёни истехсолот

хама гуна фаъолияте, ки ба холати объектхои олами наботот таъсир мерасонад, бояд бо риояи талаботи мухофизати онхо амали гардонда шавад.

Ба намудхои фаъолияте, ки ба холати объектхои олами наботот таъсир мерасонанд, инхо шомиланд:  чойгиркунонии объектхои хочагидори ва иншоотхо, сохтмони шохроххои наклиёт, махалхои ахолинишин, аз чумла ичрои корхои чустучуи геологи, чудо кардани чарогох  ва гузаронидани чорво, тахияи хатти сайри туристи ва ташкили чойхои истирохати оммавии ахоли, мелиоратсияи замин, чойхои истифодаи чангал ва об, ба муомилоти хочаги додани заминхои нав. хангоми чойгиркунони, лоихакаши, сохтмон ва азнавсозии махалхои ахолинишин бояд чорабинихо оид ба мухофизати объектхои олами наботот низ пешбини ва амали гардонида, дахлнопазирии китъахое, ки ба сифати мухити сабзиши растанихои худруй ва гурухи растанихои нодир аз чихати илми арзиши махсус доранд, таъмин карда шаванд.

Ба истифода додани объектхо ва татбики технологияе, ки  чорахои химояи олами набототро бинобар тагйир ёфтани мухити нашъунамои растанихои худруй ва гуруххои табии таъмин намекунад, манъ аст.

Махалли чойгиркунони, лоихакаши, сохтмон ва азнавсозии корхонахо, иншоотхо ва дигар объектхо, тагйир ёфтани равандхои технологи, истехсоли намудхои нави махсулот ва молхо дар корхонахои амалкунанда, системаи тозакунии партовхо, ки ба холати объектхои олами наботот бинобар вайрон шудани мухити нашъунамои растанихои худруй ва гурухи растанихои табии таъсир мерасонанд, бо макомоти ваколатдор бо тартиби муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон мувофика карда мешавад.

хангоми ба истифода додани корхонахои нав ва азнавсозии корхонахои амалкунанда, иншоотхо ва дигар объектхо, чори намудани технологияхои нав ва амали гардондан ё тагйир додани технологияхои коркунанда ё ичрои дигар корхои истехсоли, истехсоли намудхои нави махсулот, истифодаи воситахои наклиёт, шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд, ки барои пешгирии нобудшави ва расонидани зарари дигар ба объектхои олами наботот чорахо андешанд.

Шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд бо партовхои маиши ва дигар партовхо, инчунин бо махсулоти нафти ва кимиёви ба ифлосшавии худудхое, ки растанихо ишгол кардаанд, рох надиханд. Рехтани хокрубахо, партовхои маиши ва истехсоли берун аз чойхое, ки бо тартиби мукарраргардида ба ин максад чудо карда шудаанд, манъ аст.

Дар гуруххои растанихои табии сузонидани растанихои хушк манъ аст.

То огози сохтмон дар худудхое, ки барои сохтмон, обпуркуни ё рохи наклиёт чудо карда шудаанд, бо тартиби мукарраргардида бояд растанихои аз чихати хочаги пуркимати худруй чамъовари карда шаванд, растанихои нодире, ки тахти хатари нестшави карор доранд, дар сурати имконнопазир будани нигохдории чои нашъунамои онхо бояд ба худуди дигар, ки макомоти ваколатдор муайян менамоянд, кучонида шаванд.

хангоми истифодаи воситахои мухофизати растанихо омилхои сабзиши онхо, нурихои минерали ва дигар дорухо, ки дар хочагии халк ба кор бурда мешаванд, талаботи мухофизати растанихои худруй, гурухи растанихое, ки онхо ташкил мекунанд ва мухити нашъунамои онхо бояд ба назар гирифта шаванд. Истифодаи воситахои кимиёвии мухофизати растанихо ва дигар дорухо бо максади кам кардани таъсири зарари онхо ба олами наботот ва мухити зист бояд бо чорабинихои агротехники, селексионию генетики, биологи ва дигар чорабинихо якчоя сурат гирад.

хангоми тайёр намудан ва аз хорича харидори кардани дорухои нав бояд меъёрхои хадди нихоии гуншавии онхо дар мухити зист, ки мухофизати растанихои худруй, гурухи ташкилдодаи онхо ва мухити нашъунамои онхоро таъмин менамоянд, тахия карда шаванд.

Ба манфиати мухофизати объектхои олами наботот мумкин аст ба истифодабарандагони онхо, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадории дахлдор вогузор карда шавад.

 

Моддаи 12. Мухофизати растанихои нодир ва намудхои растанихои тахти  хатари нестшави карордошта ва гуруххои табиии растанихо

Растанихои нодир ва намудхои растанихои тахти хатари нестшави карордошта ва гуруххои табиии ташкилдодаи онхо ба Китоби Сурхи Чумхурии Точикистон дохил карда, ба таври махсус мухофизат карда мешаванд.

Ба амалхое, ки боиси нобудшави, кохиши захирахо ё вайрон шудани мухити нашъунамои намудхои растанихои нодир, зери хатари нестшави карордошта ва гуруххои онхо мегардад, рох дода намешавад.

Барои хифз кардани намудхои растанихое, ки баркароркунии онхо дар шароити табии душвор аст, бо карори макомоти ваколатдор барои дар шароити дигар баркарор кардани онхо бояд чорахо андешида шаванд.

 

Моддаи 13. Намудхои истифодаи объектхои олами наботот

Дар худуди Чумхурии Точикистон мутобики конунгузори ба истифодаи намудхои зерини объектхои олами наботот рох дода мешавад:

– тайёр кардани хурок барои эхтиёчоти чорводори;

– истифодаи объектхои олами наботот барои чаронидани чорво, занбурпарвари ва кирмакпарвари;

– чамъовари ва тайёр кардани ашёи хоми дорувори, техники ва гизоии гиёххои худруй;

– истифодаи олами наботот барои эхтиёчоти хочагихои чангал, шикор ва мохидори;

– истифодаи хусусиятхои олами наботот дар бобати мухофизати хок, ба вучуд овардани кабати хосилхези хок, мухофизати об ва дигар хусусиятхои он;

– истифодаи олами наботот ба максадхои илмию тадкикоти, хифзи табиат, фархангию маърифати, тарбияви ва  эстетики;

– истифодаи олами наботот ба максадхои истирохати ва туристи.

 

Моддаи 14. Тартиби истифодаи объектхои олами наботот

Объектхои олами наботот бояд дар мачмуъ бо системаи чорабинихои мухофизат ва баркароркунии захирахои табиии растанихо, нигохдории мухити нашъунамои онхо ва риояи коидахо, мухлатхо, лимит ва меъёрхои мукарраргардида мавриди истифода карор гиранд.

Истифодабарандагони замин хамзамон истифодабарандагони объектхои олами набототе мебошанд, ки дар заминхои ба онхо вобасташуда меруянд.

Фехристи намуди растанихои худруй, кисмхо ва махсулоти онхо, инчунин фехристи намуди растанихоро, ки аз мухити табии хорич кардани онхо манъ аст ё бо максади мухофизат ва баркароркунии онхо махдуд карда мешавад, Хукумати  Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Тартиби истифодаи ин намудхоро макомоти ваколатдор мукаррар мекунанд.

Истифодаи намудхои алохидаи объектхои олами наботот дар асоси гирифтани ичозатнома (литсензия) амали мегардад.

Тартиби ичозатномадихи ба объектхои олами наботот, ки барои истифодаи онхо гирифтани ичозатнома хатмист, тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» сурат мегирад.

 

Моддаи 15. Истифодаи объектхои олами наботот барои эхтиёчоти чорводори, занбурпарвари ва дигар максадхо

Растанихои худруе, ки барои эхтиёчи чорводори, чаронидани чорво, кирмакпарвари заруранд, мумкин аст хам дар худудхои махсуси ба ин максад чудокарда, инчунин дар китъахои ба максадхои дигар таъиншуда захира карда шаванд.

Шахсони вокеи ва хукуки метавонанд растанихоро барои эхтиёчоти занбурпарвари аз руи шартнома бо истифодабарандагони доимии китъахои замин, ки ба ин максад дода шудаанд, истифода баранд.

Шахсони вокеи ва хукукие, ки истифодабарандагони алафзорхои табии ва чарогоххо мебошанд, вазифадоранд мутобики Конуни мазкур талаботро оид ба мухофизат, истифодаи окилона ва афзун гардондани махсулнокии онхо риоя намоянд.

 

Моддаи 16. Тайёркуни, чамъовари, коркард, кабул ва фуруши ашёи хоми дорувори, техники ва хуроквории растанихои худруй ва махсулоти онхо

Шахсони вокеи (чудогона ё якчоя) метавонанд дар тайёр кардани ашёи хоми дорувори ва техникии растанихои худруй ва махсулот барои хуроквори, аз руи шартномахо бо истифодабарандагони асосии объектхои олами наботот  иштирок намоянд.

Ба шахсони вокеи чамъовари бо максади истеъмоли шахси, фуруш ё коркарди растанихои худруй, ки ба фехристи растанихои нашъаовар дохил гардидаанд, кисмхо ва махсулоти онхо, бокимондаи заминхои даравшуда, инчунин партовхои ашёи хоми нашъаовар, ки Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик намудааст, манъ аст. Тайёркуни, чамъоварии ашёи хоми растанихои мазкур аз чониби шахсони хукуки бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон ичозат дода мешавад.

Тайёркуни ва чамъоварии ашёи хоми дорувори ва техникии растанихои худруй дар чойхои табиии наботот, ки он метавонад ба олами наботот ё хайвонот, инчунин ба саломатии ахоли зарар расонад, мумкин аст бо тартиби мукарраргардида манъ ё махдуд карда шавад.

 

Моддаи 17. Истифодаи объектхои олами наботот ба максадхои илмию тадкикоти, фархангию  маърифати, тарбияви, эстетики, истирохати ва туризм, солимгардони ва истифодаи хусусиятхои мухитофарии объектхои олами наботот

Истифодаи объектхои олами наботот ба максадхои илмию тадкикоти,  фархангию   маърифати, тарбияви, эстетики, истирохати ва туризм, солимгардони (тавассути шаклхои гуногуни тахкик, ченкуни, суратгири ва гайра) бо чамъовари кардан ва накардани растанихои худруй, кисмхо ва махсулоти онхо аз мухити табии дар сурате рох дода мешавад, ки агар он ба олами наботот зарар нарасонад ва хукуки истифодабарандагони объектхои олами набототро поймол накунад, ба истиснои холатхое, ки чунин истифодабари манъ карда шудааст.

Барои ташкили истирохати оммавии ахоли ва дигар максадхои истирохати ва туризм, фархангию маърифати, тарбияви, эстетики, инчунин солимгардони макомоти махаллии хокимияти давлати истифодабарандагони доимии объектхои олами наботот, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилотхо бо мувофикаи онхо оид ба ободони ва хизматрасонии фархангию маиши ба ахоли бо назардошти зарурати нигох доштани манзарахои табии, мухити нашъунамои растанихои худруй бо риояи тархи меъмории паркхои табиии милли, истирохатгоххо, дигар минтакахои истирохати ва туристи, солимгардони, наздишахри ва талаботи санитари чорабинихо мегузаронанд. (КЧТ аз 5.01.08 № 353)

Истифодаи хусусиятхои объектхои олами наботот оид ба мухофизати хок, ба вучуд овардани кабати хосилхези хок, мухофизати об ва дигар хусусиятхои мухитофари, мубориза барои пешгирии тармафурои, эрозияи замин, шустабарии сохилхо, хангоми рекултиватсияи замин, амали гардондани дигар корхои мелиоративи, бидуни аз мухити табии чамъовари кардани растанихои худруй дар хама чо рох дода мешавад, ба истиснои холатхое, ки бо тартиби мукарраргардидаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Истифодаи хусусиятхои муайяншудаи объектхои олами наботот бо рохи аз мухити табии чамъовари кардани растанихои худруй (тавассути тайёр кардани мева, тухми, узвхои зеризаминии онхо ва гайра) бо тартиби пешбининамудаи хамин Конун ва дигар  санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон амали мегардад.

 

Моддаи 18. Коллексияхои ботаники

Тартиб додан ва пурра гардондани коллексияхои ботаники  бо рохи аз мухити табии чамъовари кардани растанихои худруй аз чониби шахсони вокеи ва хукуки дар сурати риояи талаботи хамин Конун бо тартибе, ки макомоти ваколатдор мукаррар кардааст, ичозат дода мешавад.

Коллексияхои ботаники, ки арзиши илми, фархангию маърифати, таълимию тарбияви ё эстетики доранд, ба кайди давлати гирифта мешаванд. Шахсони вокеи ва хукуки, ки сохибони чунин коллексияхо мебошанд, вазифадоранд коидахои нигохдори,  ба хисобгири  ва  истифодаи коллексияхои ботаникиро риоя намоянд. Коидахои тартибдихи, нигохдори, бахисобгири ва истифодаи коллексияхои ботаники, инчунин хариду фуруш, фиристодан ва ба берун аз марзи чумхури баровардани онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян  карда мешаванд.

 

Моддаи 19. Истифодаи объектхои олами наботот дар заминхои  таъиноти хифзи табиат, солимгардони, истирохати  ва таърихию фарханги

Объектхои олами наботот дар заминхои таъиноти хифзи табиат, истирохати, солимгардони, таърихию фарханги бо тартиби муайяннамудаи хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон истифода карда мешаванд.

Ба истифода ё ичораи шахсони вокеи ва хукуки, ки фаъолияти онхо хилофи таъиноти максад ва низоми мукарраргардида мебошад, додани объектхои олами наботот, ки дар заминхои таъиноти хифзи табиат, солимгардони, истирохати ва таърихию фарханги вокеъ гаштаанд, манъ аст.

 

Моддаи 20. Истифодаи объектхои олами наботот дар заминхои  захирави

Объектхои олами наботот дар заминхои захирави мумкин аст ба истифода, ичора ва дигар намудхои истифодаи муваккати пеш аз хама барои максадхои кишоварзи ва хочагии чангал мутобики хамин Конун ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дода шаванд.

 

Моддаи 21.  Истифодаи окилона чун асоси сермахсули ва нигохдории олами наботот

Барои таъмини истифодабарии устувор ва мунтазами объектхои олами наботот, ки ба захирахои табиии баркароршаванда мансубанд, чунин шароитхо мухайё карда мешаванд:

– наботот дар хар маврид мувофики имкониятхои экологию биологии растанихо, ки сабзиши муътадили минбаъда ва кобилияти баркароршавии онхоро халалдор намесозад, чамъовари карда мешавад;

– объектхои наботот, ки бо таъсири истифодаи номунтазам ё ходисахои табии осеб дида, махсулнокиашон паст шудааст, бо рохи муносибгардонии низоми истифода ва нигохубин баркарор сохта мешаванд.

 

Моддаи 22. Мукаррар намудани манъкуни ва махдудиятхо дар истифодаи объектхои олами наботот

Бо максади нигохдори ва баркароркунии объектхои олами наботот истифодаи намудхои алохидаи он мумкин аст пурра махдуд карда шавад ё ба мухлати номуайян бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон боздошта шавад.

Манъкуни ва махдудиятхои истифодаи объектхои олами наботот хам бо рохи танзими фаъолият дар худуди аз чихати хочагидори истифодашаванда, хам бо рохи пурра ё кисман хорич намудани худуди муайян аз истифодаи хочагидори (ташкил кардани мамнуъгоххо, китъахои мамнуъгоххо дар парки табиии милли, парваришгоххо, эълон кардани ёдгорихои табии, чудо кардани дигар худудхои табиии махсус мухофизатшаванда) метавонанд мукаррар гарданд.

Макомоти ваколатдор бо максади нигохдори ва баркароркунии объектхои олами наботот, метавонад аз чониби шахсони вокеи ва хукуки чамъовари ва тайёр кардани намудхои алохидаи растанихои худруй, кисмхо ва махсулоти онхоро дар намуди истехсоли ва коркарди нав ба мухлати муайян манъ ё махдуд кунад.

 

Моддаи 23. Катъ гардидани хукуки истифодабарии объектхои олами наботот ва аз истифодабари гирифтани  объектхои олами наботот

хукуки истифодабарии объектхои олами наботот мумкин аст дар холатхои зерин катъ карда шавад:

– аз истифодабари гирифтани замин;

– ихтиёри даст кашидан аз истифодабарии объектхои олами наботот ё як кисми он;

– ба охир расидани мухлати мукарраркардаи истифода;

– аз байн рафтани зарурати истифодабарии объектхои  олами наботот;

– катъ шудани фаъолияти субъектхои истифодабаранда;

– мунтазам ичро накардани коидаю меъёрхо ва дигар талаботи мухофизат, истифода ва баркароркунии объектхои олами наботот;

– мунтазам дар мухлатхои мукаррар гардида напардохтани хакки истифодабарии захирахои табиии растанихо, вайрон кардани шартхои шартномаи  ичораи онхо;

– риоя накардани коидахои намудхои истифодаи олами наботот;

– риоя накардани коидахои истифодаи воситахои мухофизати растани, ангезахои инкишофи онхо, нурихои маъдани ва дорухои дигар, ки ба олами наботот зарар мерасонанд;

– риоя накардани коидахои аз як чо ба чои дигар бурдан ва ба хорич фиристодани коллексияхои ботаники;

– амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудхои набототе, ки ба онхо хатари нобуд шудан тахдид мекунад, гардидааст ё худ мегардад. (КЧТ аз 5.01.08 № 353)

– дар дигар холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар  кардааст.

хукуки истифодаи объектхои олами наботот ё як кисми онхоро макомоте, ки китъаи заминро ба истифода додааст ё макомоти ваколатдор катъ мекунанд.

 

Моддаи 24. хавасмандгардонии иктисодии чорабинихо оид ба мухофизат, истифодаи окилона ва  баркароркунии  объектхои олами наботот

хавасмандгардонии иктисодии чорабинихо оид ба мухофизат, истифодаи окилона ва баркароркунии объектхои олами наботот ба зиёд шудани хавасмандии истифодабарандагон, барои нигох доштан ва баркарор кардани махсулоти олами наботот нигаронида шуда, инхоро дар бар мегирад:

– аз фондхои чумхурияви ё махаллии хифзи табиат чудо кардани маблаг барои баркароркунии объектхои олами наботот, ки на бо гунохи онхо вайрон карда мешаванд;

– додани грант, кредит, чудо намудани маблаг аз манбаъхои дигаре, ки ба конунгузории Чумхурии Точикистон мухолифат намекунад.

 

Моддаи 25. Карантини растанихо дар Чумхурии Точикистон

Тартиби воридоти (содироти) транзитии молхои аз растанихо пайдошуда, инчунин фехристи зараррасонхо, касалихои растанихо ва алафхои бегона, ки барои чумхури ахамияти карантини доранд ва фехристи объектхои биологие, ки воридоти (содироти) онхо мумкин нест, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 26. Кучондан, ба иклим мутобик намудан ва пайванд кардани растанихо

Ба чойхои нави нашъунамо кучонидани растанихо, мутобик намудани навъхои нави растанихо, чорабинихо оид ба пайвандкунии растанихои худруй дар шароити табии бо максадхои илмию тадкикоти ва хочаги дар асоси хулосахои ташкилотхои дахлдори илми ва макомоти давлати оид ба карантини растанихо дар чумхури ва бо карори макомоти ваколатдор  ичозат дода мешавад.

Коидахои кучондан, ба иклим мутобик ва пайванд кардани растанихоро макомоти ваколатдор тасдик менамояд.

 

БОБИ 4.

ПЕШБУРДИ КАДАСТР  ВА НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МУХОФИЗАТ ВА  ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТХОИ ОЛАМИ НАБОТОТ

 

Моддаи 27. Мониторинги холати олами наботот

Мониторинги олами наботот мачмуи тахкикхои холати объектхои олами наботот барои саривакт ошкор сохтани тагйирот, арзёбии онхо, пешгири ва рафъи окибатхои равандхои манфи дар объектхои олами наботот мебошад.

 

Моддаи 28. Кадастри давлатии объектхои олами наботот

Кадастри давлатии объектхои олами набототи Чумхурии Точикистон системаи хуччатхои заруриро дар бораи низоми хукукии объектхои олами наботот, таксими онхо аз руи гуруххои истифодабарандагон, чойгиршавии чугрофи ва маъмурию худуди, майдонхо, захирахо, тавсифи микдори ва сифати, арзиш дар хочагии халк ва илм, арзёбии иктисодии захирахои табиии растанихои техники, хуроки чорво, дорувори, гизои ва дигар захирахои табиии растанихо, истифодаи онхо дар микёси нохияхо, шахрхо ва вилоятхо, ки барои таъмини мухофизати самаранок, истифодаи окилона ва баркароркуни заруранд, дар бар мегирад.

Пешбурди кадастри давлатии объектхои олами наботот бо гузаронидани тахкики топографию геодези, геоботаники, заминсозию чангалсози ва дигар тахкикхо, бакайдгири ва арзёбии холати истифодаи объектхои олами наботот таъмин карда мешавад.

Кадастри давлатии объектхои олами наботот аз чониби макомоти ваколатдор аз руи тартиби ягона, аз хисоби маблаги бучети давлати бурда мешавад.

Истифодабарандагони объектхои олами наботот, макомоти заминсози ва ташкилотхои илмии давлати ва чамъияти, ки ашёи хоми худруйро тайёр мекунанд, ухдадоранд ба макомоти ваколатдор, ки кадастри давлатии объектхои олами набототро мебаранд, маълумоти худро дар бораи пахншави, майдонхо, захирахо, хосилноки, арзёбии микдори, сифати ва иктисодии захирахои табиии растанихо, мухофизат ва истифодаи онхо пешниход намоянд.

 

Моддаи 29. Назорати давлатии мухофизат ва истифодаи  объектхои олами наботот

Назорати давлатии мухофизат ва истифодаи объектхои олами наботот аз таъмини риояи талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи олами наботот иборат мебошад.

Назорати давлатии объектхои олами набототро макомоти ваколатдор амали мегардонад.

 

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 30. Тартиби халли бахсхо оид ба масъалахои мухофизат  ва истифодаи объектхои  олами наботот

Бахсхо оид ба масъалахои мухофизат ва истифодаи объектхои олами наботот ва бахсхои ба он алокаманди молумулки аз тарики суд хал карда мешаванд.

 

Моддаи 31. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 32. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон    Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе  17 майи соли 2004

№ 31

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …