Главная / Чамъият / Мухлати идома ёфтани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури

Мухлати идома ёфтани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури

Моддаи 225-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Мухлати идома ёфтани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури 

  1. Карори таъин кардани чазои маъмури ичро карда намешавад, агар он дар мухлати як сол аз лахзаи эътибори конуни пайдо карданаш мавриди ичро карор нагирифта бошад.
  2. Идома ёфтани мухлати пешбининамудаи кисми 1 хамин модда дар сурате катъ мегардад, ки шахси ба чавобгарии маъмури кашидашуда аз ичрои карори таъин кардани чазои маъмури саркаши намояд. Хисоби мухлат дар чунин холат аз рузи ошкор шудани шахси зикргардида ё молу мулку даромади у, ки мутобики карори таъин кардани чазои маъмури нисбат ба онхо мумкин аст чаримаи маъмури татбик карда шавад, аз нав огоз мегардад.
  3. Хангоми ба таъхир гузоштан ё боздоштани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури мутобики Кодекси мазкур идома ёфтани мухлати ичро то гузаштани мухлати ба таъхир гузоштан ё мухлати боздоштани ичро боздошта мешавад.
  4. Хангоми ба мухлатхо чудо кардани ичрои карори таъин кардани чазои маъмури, давомнокии мухлати ичро ба ин мухлат дароз карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …