Главная / Чамъият / Мухлатхои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Мухлатхои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури

Моддаи 202-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Мухлатхои аз нав сар  кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури 

  1. Аз нав барраси кардани карори эътибори конуни пайдокардаи суд ё макомоти ваколатдори давлати (шахсони мансабдор) бинобар холатхои нав ошкоршуда ба манфиати шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, бо хеч гуна мухлат махдуд карда намешавад.
  2. Фавти шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст, барои аз нав сар кардани пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури бинобар холатхои нав ошкоршуда бо максади катъ кардани парвандаи у монеъ намегардад.
  3. Аз нав барраси кардани карор доир ба катъи парванда, хамчунин аз нав барраси кардани карор бо сабабхои сабукии чазо ё зарурати нисбат ба шахсе, ки ба чавобгарии маъмури кашида шудааст татбик кардани конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии нисбатан вазнинтар танхо дар давоми мухлатхои ба чавобгарии маъмури кашидан ва на дертар аз се  мох  аз рузи ошкор шудани холатхои нав мумкин аст.
  4. Рузи ошкор шудани холатхои нав хисоб карда мешавад:

– рузи эътибори конуни пайдо кардани карори Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон оид ба хилофи Конститутсияи Чумхурии Точикистон эътироф кардани конуне, ки зимни барасмиятдарори ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмурии мушаххас татбик карда шудааст;  (КЧТ аз 02.01.18 с., №1476)

– дар холатхои пешбининамудаи кисми 2 моддаи 197 Кодекси мазкур рузи эътибори конуни пайдо кардани таъинот, карор, хукм нисбат ба шахсоне, ки дар додани нишондод ва хулосаи бардуруг, пешниходи далелхои калбаки, тарчумаи нодуруст ё амали  чинояткоронае, ки хангоми барасмиятдарори ва баррасии парвандаи хукуквайронкунии маъмури  содир шудаанд, гунахгоранд. 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …