Главная / Чамъият / Мухаббати модар (Шеър)

Мухаббати модар (Шеър)

Писар, рав, кадри модар дон, ки доим

Кашад ранчи писар бечора модар.

Бирав, беш аз падар хохаш, ки хохад

Туро беш аз падар бечора модар.

Зи чон махбубтар дораш, ки дорад

Зи чон махбубтар бечора модар.

Мухаббати модар

Нигахдори кунад нух моху нух руз

Туро чун чон ба бар бечора модар.

Аз ин пахлу ба он пахлу нагалтад,

Шаб аз бими хатар бечора модар.

Ба вакти зодани ту марги худро

Бигирад дар назар бечора модар.

Бишуяд кухна орояд наватро,

Чу камтар коргар бечора модар.

‘Гамузу дай туро соат ба соат

Намояд хушку тар бечора модар.

Агар як сурфас бечо намои,

Хурад хуни чигар бечора модар.

Барои он ки шаб рохат бихоби,

Нахобад то сахар бечора модар.

Ду сол аз гиряи рузу шаби ту

Надорад хобу хур бечора модар.

Чу дандон овари, ранчур гарди,

Кашад ранчи дигар бечора модар.

Синае чун по гирифти, то наяфти,

Хурад гам бештар бечора модар,

Ту то як мухтасар чоне бигири,

Кунад чон мухтасар бечора модар.

Ба мактаб чун рави, то бозтарди,

Бувад чашмаш ба дар бечора модар,

Агар як рубъи соат дер ои,

Шавад аз худ бадар бечора модар.

Набинад хеч кас захмат ба дунё

Зи модар бештар, бечора модар.

Тамоми хосилаш аз умр ин аст,

Ки дорад як писар бечора модар.

МуаллифЭрач Мирзо

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …