Главная / Гуногун / Муборизаи миллию озодихохии халки Корея

Муборизаи миллию озодихохии халки Корея

Дар Корея хукмрон шудани истилогаронн Чопон маорифпарварони ин мамлакатро бе тафовут гузошта наметавонист. Онхо мардумро даъват мекарданд, ки илму техника ва маорифи гарбро эчодкорона аз худ кунанд, аз системаи Конфуссий ва маорифи бесамари он даст кашанд. Маорифпарварони ватандуст бо хамин рох хисси миллии халки худро бедор кардани буданд. Созмонхои чамъиятию сиёси ва фархангии дар зери таъсири онхо ташкилёфта низ дар ин кор хиссаи сазовор мегузоштанд.

korea

Соли 1905 дар Корея чамъиятхои зиёди маорифпарвари пайдо мешаванд ва чопи рузномаю мачаллахо огоз мегардад. Мохи майи соли 1905 дар Сеул чамъияти омузиши сохти конститутсиони, мохи ноябри хамон сол Клуби Корея ва мохи апрели соли 1906 чамъияти пурзур гардонидани Корея ташкил меёбанд. Нашрияи “Рузномаи Халки Корея”, “Дусти Гарби” ва “Барки шабонгох” дуруги варакахои чопониро нотарсона фош карда, мардумро ба муборизаи зидди истилогарон даъват мекарданд.

Дар натичаи хамаи ин муборизаи миллию озодихохонаи халки Корея руз то руз болотар мерафт ва дар солхои 1905 – 1906 он ба чанги чирики табдил ёфт. Дар марказ ва гушаю канорхои мамлакат шуришхо ба амал меомаданд. Хисси ватандусти артишро низ фаро гирифта буд. Аз хамин сабаб соли 1907 хукумати Чопон карор дод, ки артиши Кореяро пароканда кунад. Ин карордод шуриши аскарони полкхои Сеулро ба амал овард. То охири соли 1907 харакати харбиён кариб хамаи музофотхои чануби мамлакатро фаро гирифт. Кисми аскарон баъди чангхои шадиди зидди сипохиёни Чопон ба куххо акибнишини карда, ба дастахои чирикхо хамрох мешуданд ва алайхи чопонхо муборизаро давом медоданд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …