Главная / Гуногун / Муборизаи давдатхои империалистии Европа барои забти Хабашистон

Муборизаи давдатхои империалистии Европа барои забти Хабашистон

Бахори соли 1884 хукумати Англия бо максади нерухои махдичиёни Судонро ба Хабашистон чалб намудан ва артиши англисии дар мухосираи шуришгарон бударо халос кардан чорахои зарури андешид. Англия намояндагони худро ба назди Иоханнеси IV район мекунад. Дар ин чо англисхо созишномаеро ба имзо расониданд, ки мувофики он Иоханнеси IV ухдадор шуда, ки барои дифои истехкомхои дар кад-кади сархадхои шимоли ва шимолу шаркии Хабашистон будаи англисхо дасти ёри дароз мекунад. Лашкари Хабашистон махдичиёнро аз ин истехкомхо зада гардонида, гарнизонхои Англияро озод карданд. Ана, хамин тавр Хабашистон ба чанги нолозими зидди махдичиёни Судон кашида шуд.

images

Дар айни замон англисхо рози шуданд, ки бандари ягонаи бахрии Хабашистон – Массауа ба Италия супорида шавад. Баъди ин италиявихо ба дарунтари мамлакат даромада, аз шимол ба мулкхои негус Иоханнеси IV тахдид менамуданд. Италиявихо дар мубориза бар зидди Иоханнеси IV пинхони бо Менелик забон як карданд. Мулкхои Иоханнес дар мухосира монданд: аз шимол Италия хучум кард, аз гарб – махдичиён, аз тарафи чанубу тарои кабилахои данакил, ки онхоро италиявихо ба ин хучум рухбаланд мекарданд, Лашкари Менелик бошад, дар наздикии сархадхои чанубии мамлакат мустакар буд. Махдичиён ба дарунтари Хабашистон даромада, соли 1887 Гондарро ишгол намуда, кисми зиёди музофоти Дамбейяро хароб карданд. Соли оянда онхо хучуми худро аз нав такрор карданд, лекин ин дафъа аз тарафи хокимони махалли Микаэл, Мангаши ва Алула торумор карда шуданд. Дар яке аз мухорибахо Иоханнеси IV захми марговар бардошт. Дар чунин шароити мушкил дар байни хокимони Хабашистон ягонагию вахдат вучуд надошт.

Аввали соли 1887 италиявихо аз нав ба Хабашистон хучум карданд, вале дар мухорибаи назди Догали шикаст хурда, мачбур шуданд, ки ба чониби бандари Массауа акибнишини кунанд. Баъди ин шикаст италиявихо артиши худро ба Эритрея равон карданд. Акнун артиши Италия бо хамрохии гарнизони пешаки дар сархадхои хамончоии Хабашистон чойдошта ба 25 хазор нафар расид. Дар баробари ин хукумати Италия соли 1888 намояндаи худ Литонеллиро ба назди хокими Шоа – Менелик равон карда, иброз дошт, ки уро хамчун негуси Хабашистон эътироф мекунад ва тайёр аст, ки ба у барои мубориза бар зидди Иоханнеси IV ёрии харбию пули фиристонад. Ба ивази ин ёри Менелнки II бояд мулкхои Асмара ва Керенаро вогузор мекард. Менелик таклифи италиявихоро кабул кард, вале ба мукобили Иоханнеси IV барнахост. Аз чониби Иоханнеси IV хам бар зидди Италия чанг накард. Яъне мавкеи бетарафиро ихтиёр кард.

Соли 1889 Менелики II бо Италия дар бораи дусти ва тичорат шартнома баст. Мувофики ин санад у аз тарафи англисхо истило карда шудани Эритреяро эътироф намуд. Барои гузашткунии Эритрея Хабашистон аз Англия 38 хазор милтик ва 20 тупхона тухфа гирифт ва мувофики карордоди иловаги Англия ба Менелики II ба маблаги 4 млн. ф.-ст. вомбарг дод.

Баъди соли 1889 дар чанги зидди махдичиён халок гардидани Иоханнеси IV ба тахту точи негуси негестии Хабашистон Менелики II сохиб шуд. Ба у муяссар гардид, ки муттахидкунни Хабашистонро, ки Фёдори II огоз карда буд, давом дода, каламрави зери итоати худро боз хам васеътар кунад. Охиста-охиста аксарияти вилоятхо ва кабилахои Хабашистон хокимияти Менелики II-ро эътироф карданд. Вале солхои 90-ум Италия ба мукобили Хабашистон аз нав хучуми густурдаи худро огоз намуда, ба ин раванд халал расонид. Дар мухорибахои  сершумори ин чанг гох як тараф ва гох тарафи дигар дастболо мешуд ва нихоят соли 1896 дар Адуа артиши Хабашистон сипохи Италияро торумор кард. Худи хамон сол хайати вакилони Италия ба пойтахти нави Хабашистон ш. Аддис-Абеба (он соли 1887 асос ёфтааст) омада, ба Созишномаи сулх имзо гузошг. Аз руи ин созишнома Хабашистон хамчун давлати сохибистиклол эътироф карда шуд. Сархади Хабашистон муваккатан (то муанянкунии нихоии он) аз тарики хати демаркатсиони кад-кади дарёи Мареб мукаррар карда шуд. Аз Хабашистон шикаст хурдан барои Италия вазнин афтод. Он мачбур шуд, ки ба ин давлаг 10 млн. лир товони чанг хам бидихад.

Дар мубориза бар зидди Италия Хабашистон пинхони аз Фаронса ёри мегирифт. Ба ивази ин неки соли 1894 Фаронса аз Менелики II барои сохтмони рохи охан ичозатнома гирифт. Додани ин ичозатнома маънои онро дошт, ки дар сиёсати хоричии худ Хабашистон бештар ба суд Фаронса майл мекунад.

Баъди шикаст хурдани Италия муттахидкунии Хабашистон ба охир расид.

Дар баробари ба Хабашистон cap даровардани сармояи Фаронса Менелики II барои пасттар карда ин мавкеи он ба Англия низ гузашт мекард. Барои хамин у аз сохтани иншооти гидротехникии Фаронса дар кули Тана даст кашид. Мувофики Созишномаи байни Хабашистон ва Судон аз 15 майи соли 1902 чунин иншоотхоро минбаъд танхо бо розигии генерал-губернатори Судон сохтан мумкин буд. Ин созишнома сархади байни Хабашистон ва Судонро низ муайяи намуд. Хабашистон ба англисхо ичозат дод, ки дар мамлакат рохи охани Судонро бо Уганда пайвасткунанда созанд. Фишори минбаъдаи англисхо ба он оварда расонд, ки мохи апрели соли 1905 Менелики II ичозатномаи сохтмони рохи охани ширкати фаронсавиро бекор кард.

То огози Чанги Якуми чахони Хабашистон объекти талоши Англия, Фаронса, Италия ва Германия мешавад. Дар ин мамлакат давлатхои империалистии Европа минтакаи муайянеро ба даст медароварданд. Инчунин барои дар Хабашистон мавкеи бештар пайдо намудан дар байни худ ракобат хам мекарданд. Аз соли 1908 cap карда муносибатхои Хабашистон бо Фаронса нисбат ба давлатхои дигари номбурда бехтар мешавад. Махз барои хамин Хабашистон барои сохтмони рохи охан ба ин давлат ичозатнома медихад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …