Главная / Илм / МуРД

МуРД

murdМуРД (Myrtus communis), растаниест хамешасабз. Баргхои мукобили хамдигар чойгиршуда, гули аксар тока дорад. M.-ро аз кадимулайём чун растании ороиши кишт мекунанд. Баргу пояаш равгани эфир дорад. Бинобар ин, онро чун хуриши таом ва дар атриёт истифода мебаранд.
Барг, тухм ва меваи М.-ро дар тибби халкии Хиндустон, Арабистон, Осиёи Маркази ва мамлакатхои диг. чун дорувор кор мефармоянд. Ибни Сино мархами баргу меваи М.-ро барои табобати шикастагии устухон, зарбу лат, омос, захм, чушоби М.-ро барои табобат аз захри мор ва дуди баргу пояашро барои табобати табларза истифода бурдааст. у М.-ро чун воситаи пардоз (барои нест кардани озах, доги кунчитак, буи нохуши бадан ва г.) низ тавсия кардааст. Табибони халки истеъмоли чушоби барги М.-ро барои табобати беморихои меъда, рудаи дувоздахангушта, чигар ва майна муфид мехисобанд. Чушоби М. таъсири антисептики, рухафзо ва пешоброни дорад. Бо рохи тарбандии М. захми пуст, сухтаги, амрози гуш ва чашмро дармон мебахшанд. Накеъи М.-ро дар мавриди камхуни менушанд, хангоми шикастагии устухонхо аз он зимод тахия карда, ба чои осебёфта мебанданд. Чушоби М. сабусаки сарро нест ва рехтани муйро пешгири мекунад. Ба акидаи табибони халки оби барги М.-ро дар гуш чаконанд, дархол дардашро дур мекунад, сомеаро кави, омадани римро аз он дафъ мегардонад. Баргашро буй кунанд, дилро кави ва иллати дилбозиро рафъ месозад. Хох самарашро ё баргашро дар об чушонда, он обро бинушанд, хама навъхои исхолро, ки давомнок бошанд, катъ мекунад. Чун 75 г оби барги онро бо равгани кунчид биёшоманд, балгамро аз бадан дур менамояд. Самарашро бихуранд, сузиши пешоб, захми хичак, бечо равон шудани хайзи занхо ва бемаврид омадани рутубатро аз бачадон шифо мебахшад. Барги М.-ро куфта ба бавосир гузошта банданд, онро шифо мебахшад ва агар ба хоя гузошта банданд, варами онро мегардонад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …