МуЙ

muyМуЙ (Pili), торхои найчамонанди махин ва нозуке, ки аз пуст меруянд. М. ба гайр аз кафи даст, пошнаи пой, пушти бугумхои нохундор, лаб ва баъзе кисмхои дигар кариб тамоми бадани одамро фаро гирифтааст. М. дароз (дар сар, занах, зери ноф, зери каш), килмонанд (абрувон, мижгон ва г.) ва пашмакмонанд (дар тамоми бадан) мешавад. М. аз тор, ки берун аз пуст ва реша (дар зери пуст чой гирифта, бо пиёзаки муй интихо меёбад) иборат аст. Решаи М. якчоя бо пиёзаки он дар фолликулаи муй чойгир буда, рохи гадудхои чарб ба он рафта мерасанд. Фолликулаи муй (гайр аз фолликулаи М.-и килмонанд) дорои бандчаи мушакхои суфта аст, ки онхо М.-ро бардошта меистанд ва ба холи шудани гадудхои чарб мусоидат мекунанд. Ба пиёзаки муй пистонаки пайвастбофта, ки бо рагхои хун ва наххои асаб фаро гирифта шудааст, ворид мешавад.
М. асосан аз кератин, ки сулфуру нитрогени бисёр дорад, иборат аст. Ранги М. ба пигменти таркибаш вобаста аст. Бо мурури синну сол микдори пигмент кам ва таксимоти он вайрон мешавад, М. сафед мегардад. М.-хои бепигмент, одатан, сафеданд, ки онро албинизм меноманд.
Сабзиши М. ба туфайли зиёд шудани хучайрахои пиёзак сурат мегирад. М. мохе такр. 1 см дароз мешавад. Вай мухлати муайяни сабзиш дошта, пас аз он мерезад, ба чояш М.-и нав мебарояд. Давомоти хаёти М.-и сари мардон ба хисоби миёна 2 сол, М.-и занон 4 – 5 сол, давомоти сабзиши мижгон 3 – 5 мох мебошад. Хар руз ба хисоби миёна 30 – 50 тор муй мерезад. Муайян шудааст, ки М. бахору тобистон нисбат ба зимистону тирамох ва руз нисбат ба шаб тезтар месабзад. М.-и солим бакувват ва чандир аст (М. 100 – 200 г борро бардошта метавонад). Ба чандирии М. равгане, ки гадудхои чарб ихроч менамоянд, мусоидат мекунад.
Ба суръату давомоти сабзиш ва хусусиятхои М. омилхои гуногун таъсир мерасонанд: синну сол (М.-и пиронсолон борик ва сабзиши онхо суст мешавад), холати асабия ва узвхои эндокрини, чараёни мубодилаи моддахо дар организм, хусусияти гизо, нигохубини М. ва г. Аз таъсири харорат, ишкор (спирти навшодир, карбонати натрий, собуни чомашуй ва г.) таркиби М. тагйир ёфта, он камкувват ва мурд мешавад. Ихрочи барзиёди чарби пуст ва тагйир ёфтани таркиби химиявии он, ки дар натичаи вазъи ногувори асабу узвхои эндокрини ба амал меояд, боиси серчарбии М., зуд ифлос ва часпак шудани баъзе торхои он мегардад. Дар натичаи аз бемори ё нигохубини нодуруст (зуд-зуд шустан, истифодаи оби дурушт, атр, махлулхои спиртноки равганбар, собуни ишкордор, тез-тез чингила кардан) суст гардидани кори гадудхои чарб М. аз хад зиёд мехушкад. Чунин М. хираю бечило буда, зуд мерезад ва монанди мукалам тит мешавад.
Касалихои муй. Ихтилоли фаъолияти гадудхои чарб дар баробари тагйир ёфтани хусусияти М. боиси дар пусти сар пайдо шудани кабати равган ё сабусак низ мегардад, ки онхо аломати себорея мебошанд. Ихтилоли сабзиши М. ва бо М.-и нав иваз гаштани он, ки бинобар сабабхои гуногун ба амал меояд, ба рехтани М. (то дарачаи тосшави) ё баръакс, ба сабзиши барзиёди он оварда мерасонад.
Каллапушхои вазнин ва танг, мудом пушида гаштани муи орияти рехтани М.-ро зиёд мекунанд. Муддати дуру дароз сари луч дар офтоб гаштан низ чоиз нест, зеро он сабаби хеле хушку мурд шудани М. мегардад. Дар мавсими зимистон низ сарлуч гаштан зарар дорад, чунки харорати паст ихтилочи рагхои болои пустро ба амал меорад, дар натича гизогирии М. кохиш меёбад. Таъсири омилхои гуногуни ангезиш (мас., нодуруст тарошидани муй) боиси кат шудан ва ба даруни пуст сабзидани он (муйхои фурурафта) ва минбаъд рух намудани илтихоб мегардад. Аксар вакт хангоми касалихои занбуругии пуст – микроспория, трихофития, тоссари таркиб ва бутунии М. халал меёбад.
Дар мавриди хама гуна касалихои М. ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Нигохубини муйро бояд якчоя бо тадбирхои мустахкам намудани организм – хоби муътадил, сайругашти харруза, хуроки сергизо, варзиш, обутобдихи амали сохт.
Шустани муй. М.-и равганинро хафтае 1 маротиба, М.-и хушку муътадилро дар 10 – 14 руз 1 маротиба мешуянд. Барои шустани М., новобаста ба холати он, аз оби нарм (фориг аз намакхои калсий, магний, охан), ки бо рохи чушондан ё ба об илова намудани танакор (1 кошукча ба 1 л об) хосил карда мешавад, истифода мебаранд. Барои М. махсусан оби харор. 50 – 55°С мусоид аст. Ба М. бевосита собун задан лозим нест, чунки вай осеб меёбад (бехтараш бо кафки собун шуст). Ба М. аз хад зиёд собун молидан низ зиён дорад, зеро он хушкида зудшикан мешавад. Барои нигох доштани ранг, чило ва чандири М.-и малларо баъди шустан бо чушоби бобуна, М.-и сиёхро бо оби сиркодор (1 кошук сирко ба 1 л об) мечайконанд.
М.-ро бо собуни чомашуйи набояд шуст. М.-и хушкро бо собунхои серравган (мушкин, косметики ва г.) мешуянд. Аз зардии тухм, ки дар он моддахои равганмонанд бисёр аст (зардии тухмро аз сафедиаш чудо карда, бо оби гарм меомезанд) ё чургот (онро ба М. ба микдори зиёд молида, 5 – 10 дак. сарро бо руймол баста мемонанд ва баъд М.-ро бо оби гарм мечайконанд) истифода бурдан мумкин аст. Барои равганин шудан ба М.-и хушк чанд соат пеш аз шустан равгани гарми растани (канадона) мемоланд. Барои шустани М.-и хушк аз собун ё хамираи сулсени истифода бурдан мумкин аст (мохе як бор). М.-и хушкро бо обе, ки шарбати лиму ё сирко дорад (1 кошук ба 1 л об), чайкондан мувофики максад аст.
М.-и равганинро бо хама навъхои собун (катрони, шампун, собуни обаки ва г.) метавон шуст. Ба чои собун хардалро низ истифода бурдан мумкин аст. 2 – 3 соат пеш аз шустани М.-и равганин ба пусти сар молидани шираи сабр (алоэ), сабзи, пиёз ё васоити махсус – арникол, кармазин, биокрин, биотол нафъ дорад. Барои чайкондани М.-и равгани чушобаи гиёххои доруи маслихат дода мешавад. Як кошук омехтаи гиёххо (микдори баробари чойкахак, буимодарон, пустлохи булут)-ро ба зарфе андохта оби чушида (1 л) мерезанд ва болояшро пушонда, 1 соат дар даруни деги обаш чушидаистода мемонанд. Баъд онро меполоянд ва хунук мекунанд. Барои чайкондани М.-и бехад равганин аз обе, ки спирти навшодир дорад (1 кошукча ба 1 л об), истифода бурдан мумкин аст.
Ба одамони пирсол маслихат дода мешавад, ки сифатхои ба ин синну сол хоси М. (борики, мурди, хушки, зудрезии он)-ро ба назар гирифта, 20 – 30 дак. пеш аз саршуйи ба он омехтаи зардии тухму равган (зардиро бо равгани растани хуб меомезанд) моланд, сарро аввал бо руймолчаи полиэтилени, баъд бо руймоли мукаррари банданд. Сарро бо кафки собун мешуянд. Барои он ки М.-и сафед ранги дилкаши нукрафом гирад, онро бо оби синкадор метавон чайконд.
М.-ро эхтиёткорона ва бо сачоки нарм хушкондан лозим. Ба ин максад истифодаи фен маслихат дода намешавад, зеро он М.-ро аз хад зиёд мехушконад. Сарро хушк нашуда бастан лозим нест. Дар пирсоли баъди шустани М. ва хушкондани он каме крем молидан муфид аст (он муйро равганин ва чилодор мекунад).
Шона кардани муй. М.-ро бодиккат ва дуруст шона кардан зарур аст. Хангоми дагалона шона кардан, М. меканад, гирех мезанад, монанди мукалам тит мешавад. М.-и кутохро аз бехаш, М.-и дарозро аз нугаш сар карда шона мекунанд. Барои шона кардан, бехтараш чуткаи килаш табии истифода бурда шавад. Агар М. бисёр резад, онро бо шонаи дандонсирак шона мекунанд. Аз чуткаи полиэтилени ва чуткахои аз диг. мавод сохташуда боэхтиёт истифода мебаранд, чунки онхо ба М. осеб расонда, пустро ангезиш медиханд. М.-ро сахт кашидан ва шона кардан, инчунин сахт бофтан зарар дорад. Масхи харрузаи сар муфид аст. Бо ин максад хар руз онро 5 – 7 дак. бо харакати даврашакли ангуштон (аз фарки сар то поён ва ба хама тарафхои он) масх мекунанд. Аз чуткахои махсуси массохи низ истифода бурдан мумкин аст. Шонаю чуткаи хар кас бояд алохида бошад; онхоро бояд шуста, бо спирти навшодир тоза кард.
Кутох кардани муй ахамияти гигиени ва эстетики дорад. Кутох кардани муй аз давраи ширхораги огоз меёбад. М.-и аввалини кудак бекуввату борик буда, ба нигох доштани он зарурате нест. Мардхо дар 3 – 4 хафта як маротиба, занхо аз руи зарурат М.-и худро кутох мекунанд. Кутох кардан ва тарошидани М. сабзиши онро бехтар намегардонад.
Тарошидани ришу муйлаб ба мардон аз 19 – 20-солаги тавсия дода мешавад. Вобаста ба сабзиши М. ришу муйлабро хар руз ё руздармиён мегиранд. Бо ин максад аз риштарошаки алмоси, поку ё ришгираки электри истифода мебаранд. Ришгираки электри дар баробари гирифтани риш пустро масх низ мекунад. Пеш аз ришгири бо риштарошаки алмоси ё поку бо чуткача ба пуст кафки гарми собун мемоланд (барои ин бехтараш аз креми риштароши истифода кард). Крем М.-ро нарм карда, пустро аз ангезиш эмин медорад, лагзиши риштарошак осон мегардад. Ришро боэхтиёт (пустро андаке кашида истода) метарошанд. Хангоми ришгири бо ришгираки электри ба пуст собун намемоланд. Барои пешгири намудани ангезиши пуст пеш аз ришгири ба он упои равганин мезананд. Хангоми аз ришгираки электри истифода бурдан, онро ба пуст андаке пахш карда, даврашакл харакат медиханд. Ба чойхои буридаи пуст атр, лосён, спирт ё йод мемоланд. Баъди ришгири пустро бо лосён ва диг. махлулхо пок мекунанд, руйро аввал бо оби гарм, сипас бо оби хунуки сиркодор (1 кошукча ба 2 истакон об) мешуянд; барои пусти хушк лосён, гулоб ё оби мушкин тавсия дода мешавад. Баъд ба пусти руй як кабати тунук креми махсуси дорои витамини «Г» мемоланд. Агар пуст ангезиш ёбад, пас аз тарошидани риш ба воситаи махлули 1-фоизаи резорсин, чушобаи решаи гули хайри (докаи 3 – 4-кабатаро ба махлул тар карда, обашро каме мефишуранд ва баъд 5 – 7 дак. дар болои пуст нигох медоранд) пустро тарбанди мекунанд. Баъди ришгири ба пуст упо задан тавсия дода мешавад. Барои он ки пуст сироят наёбад, хангоми ришгири ба коидахои бехдошт катъиян риоя бояд кард. Сачокчахо бояд тозаю дарзмолкарда бошанд; чуткачаи нави ришгириро пешаки 5 – 6 соат дар махлули гафсу гарми собуни чомашуи нигох дошта, баъд шустан лозим.
Муи зери каш ва зихорро мохе як маротиба бояд чид. Агар пуст ангезиш ёбад, докаро ба махлули кислотаи борат (1 кошукча ба 1 истаон об) тар карда, 5 – 10 дак. ба руи пуст мемонанд.
Чингила кардани муй бо усули перманенти ё бо рохи хунукохунук хобондани он ба амал оварда мешавад. Перманенти чи гарм ва чи хунук (химияви) муйро дер вакт чингила нигох медорад. Аммо дар айни хол М. чандирии худро гум карда мехушкад. Хангоми перманенти гарм М.-ро ба гилзахои филизи печонда дар асбоби махсус, ки дар он харорат бо ёрии чараёни электр то 90°С мерасад, муддати дароз гарм мекунанд. Ин боиси бехад хушкидан, зудшикани ва рехтани М. (баъзан то хадди тосшави) мегардад. Аз ин ру, чингилакунии перманентии гарм ба онхое, ки М.-и хушку борик доранд, тавсия дода намешавад. Моддае, ки хангоми чингилакунии химияви истифода мешавад (кислотаи тиогликол), сохти М.-ро тагйир медихад, дар натича он камкувват мегардад. Дар давраи шифоёби аз беморихои сирояти, дар охири давраи хомилаги, хангоми хайз перманенткуни тавсия дода намешавад. Барои М. чингилакунии хунукохунук безарар аст. М.-ро мустакилона ба мутобак (бигуди) печонда, чингила кардан мумкин аст. Хангоми печондани М. пиво истифода бурда мешавад. Онхое, ки муи борик доранд, бояд мутобакхоро пеш аз хоб кушода гиранд. Барои нигох доштани ороиши М. аз локи муй низ истифода мекунанд.
Ранг кардани муй. Барои ранг кардани М. аз рангхои наботи истифода бурдан бехтар аст. Мархами муй, ки барои баркарор кардани ранги аслии муйхои сафед пешбини шудааст, сурб дорад, аз ин лихоз онро муддати зиёд истифода кардан хуб нест. Истифодаи мархами муй ба занхои хомила ва бачамаккон, онхое ки гирифтори беморихои гурдаанд, манъ аст.
Нигохубини абру ва мижгон. Мижгони зичу дароз хуснро меафзояд. Барои мустахкам намудани мижгон ва сабзиши онхо бо ёрии чутка, ки ба равгани канадона тар карда шудааст (чанд катра витамини А низ хамрох кардан мумкин), охиста масх кардани пилкхои чашм муфид аст. Хангоми масх эхтиёт шудан лозим аст, ки равган ба даруни чашм надарояд (ин метавонад боиси ангезиши мултахима гардад). Равгани офтобпараст, вазелин, равгани зайтун ё магзи шафтолу низ мижгонро нарм карда, сабзиши онхоро бехтар мегардонад. Алалхусус баъди муддати тулони истифода бурдани ранг, ки дар натича мижгонхо мурд ва хушк мешаванд, истифодаи равган мувофики максад аст. Мижгонро бо рангхои шустанашаванда (дар кабинетхои косметики) ва тушхои харранга (сиёх, кахваранг, кабуд, сабз, бунафш) вобаста ба сару либоси зан, ранги чашму муй, рушнои ва г. ранг мекунанд. Тушро боэхтиёт (то ин ки ба чашм надарояд) бо ёрии чуткача ба мижгони хушк аз боло ба поён (аз пилки чашм то нуги мижгон) мемоланд. Пеш аз хоб тушро тоза мекунанд, вагарна мижжахо мешикананд ва меафтанд. Тушро бо ёрии равгани растани, креми гизобахш ё оби гарм тоза бояд кард. Бо обу собун шустани мижгон маслихат дода намешавад, чунки ин ба хушк шудани пусти пилки чашм, пайдоиши чин ва рехтани мижгон оварда мерасонад. Абрувонро бо калами махсус ранг мекунанд. Барои ба абрувон шакли дилхох бахшидан, як кисми муи онро бо муйчинак канда мепартоянд. Тез-тез ва дагалона кандани муи абрувон (махсусан агар муйхо ба рафти сабзиши онхо канда нашаванд) боиси газаки пуст ва бо микробхои моддаовар сироят ёфтани он шуда метавонад. Аз ин ру, ин корро дар кабинетхои пардозгари ба чо овардан бехтар аст.
М. С. Исоев,
Х. Ч. Усмонова.
КЛ
Расми 1. Тархи сохти муй ва бофтахои атрофи он.
1 – тори муй; 2 – кабати шохии эпидермис; 3 – хучайрахои дарунтарини пустпарда (базалти), хучайраи хорнок, хучайраи донадор ва чилодори кабати эпидермис; 4 – пуст; 5 – гадуди чарб; 6 – пиёзаки муй; 7 – фолликули муй; 8 – пистонаки муй; 9 – хучайраи зерипусти; 10 – мушаке, ки муйро рост мекунад.
Расми 2. Намуди микроскопии муи хушк: дар боло нуги чуткашакл титшудаи муй; дар поён – тори муй, ки ба шохахо чудо шудааст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …