Главная / Илм / МуХРА

МуХРА

muhraМуХРА (Vertebra), устухонхое, ки дар якчояги сутунмухраро ба вучуд меоваранд.М.-хо новобаста аз мансубият ба кисмхои гуногуни сутунмухра сохти умуми доранд. М. аз тана ва камонак иборат аст. Танаи М. аз кисми пеш чойгир буда, вазифаи такягохро ичро мекунад. Камонак аз кафо ба воситаи пояча ба танаи М. пайваст мебошад. Байни тана ва камонак сурохи мавчуд аст, ки баъди болоихам чой гирифтани М.-хо гузаргохи сутунмухраро ба вучуд меоваранд. Дар гузаргох (канал)-и сутунмухра хароммагз чойгох дорад.
Дар сатхи кафои танаи М. сурохии гизогири дида мешавад. Тавассути он рагхои хунгард (артерия ва венахо), хамчунин асабхо мегузаранд. Аз камони М.-хо шохачахо мебароянд, ки ба онхо ниём (мушакпарда) ва мушакхо устувор гаштаанд. Аз сатхи мобайн чониби кафо бо ном шохаи шавки (нугтез), аз камонак ба чапу рост бошад, шохахои кундаланг вучуд доранд. Аз камони М. ба боло ва поён як чуфт шохахои забари ва зерии бандхо ба чашм мерасанд. Асоси шохахои бандхо аз комахои болои ва поёнии М. иборат аст. Хангоми ба хамдигар васл шудани М.-хо комахои болои ва поёни сурохихои рост ва чапи байнимухравиро пайдо мекунанд. Ба воситаи ин сурохи рагхои хунгард ва асабхои хароммагз мегузаранд. Дар баробари ин М.-хои кисмхои гуногуни сутунмухра сохт ва хусусиятхои махсуси худро доранд.
Ниг. низ Сутунмухра, Устухон, Хароммагз.
КЛ
Расми 1. Мухраи сина. А – намуд аз пхлу: 1 – танаи мухра; 2 – чойгохи болоии кабурга; 3 – комаи болоии мухра; 4 – шохачаи болоии банд; 5 – шохаи кундаланг; 6 – шохаи шавки; 7 – шохаи поёнии банд; 8 – комаи поёнии мухра; 9 – чойгохи поёнии кабурга. Б – намуд аз боло: 1 – камони мухра; 2 – шохаи кундаланг; 3 – сурохи мухра; 4 – шохаи болоии банд; 5 – чойгохи кабургавии шохаи кундаланг; 6 – шохаи шавки (нугтез).
Расми 2. Мухраи гардан; намуд аз боло. 1 – танаи мухра; 2 – чойгохи кабурга; 3 – шохаи кундаланг; 4 – шохаи болоии банд; 5 – шохаи шавки; 6 – сурохи шохаи кундаланг (сурохи артерияи сутунмухра).
Расми 3. Мухраи аввали гардан – атлант; намуд аз боло. 1 – камони пеш; 2 – гафсии канори; 3 – шохаи кабурга; 4 – сурохи шохаи кундаланг (сурохи артерияи сутунмухра); 5 – шохаи кундаланг; 6 – чуяки артерияи мухра; 7 – камони акиб; 8 – дунгичаи акиб; 9 – сатхи болои банд; 10 – дунгичаи пеш.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …