Главная / Маданият ва санъат / Модарномаи Мирзо Турсунзода

Модарномаи Мирзо Турсунзода

МИРЗО ТУРСУНЗОДА МУНТАХАБИ ОСОР (МОДАРНОМА)

Хайати тахрирон:
Махмадулло Лутфуллоев, Мирзо Муллоахмад, Алии Мухаммадии Хуросони, Мубашир Акбарзод, Начмиддин Зайниддинов

Т-89. Мирзо Турсунзода. Мунтахаби осор. Мураттиб М. Холов. Душанбе, «Маориф ва фарханг», 2011. 256 сахифа.

«Мухаббати поки устод Турсунзода ба сарзамини ачдоди, обу хоки Ватан, бешубха барои наслхои зиёди миллат хамчун намунаи олии ибрат хизмат хохад кард. Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеъре барои инсоният аст. Тамоми зиндагии у тимсоли хизмати содиконаи як фарди зиёи ба нафъи халку Ватани хеш мебошад.
Устод Мирзо Турсунзода вокеан Кахрамони Точикистон аст. Мехри у дар ошёни баландтарин – дили халк маъво гирифтааст ва халк хотираи неки фарзанди махбуби хешро то абад хифз хохад кард».

Имтихон

Эмомали Рахмон,
Президенти Чумхурии
Точикистон

ISBN 978-99947-1-101-1 «Маориф ва фарханг», 2011

НАЗМИ ПУРЭЪЧОЗ

Мовароуннахру Хуросон, ки як хиссаи хурди онро Точикистони азизи мо ташкил медихад, аз замони Абухафси Сугди ва Одамушшуаро Абуабдуллохи Рудаки то ба имруз дар багали гарму нарми худ, новобаста ба сарварихову сиёсатмадорихои мухталиф, суханварони мутааддиди мумтозеро тарбия намудаву ба камол расонидааст, ки яке аз онхо шоиру сиёсатмадори бузурги асри ХХ устод Мирзо Турсунзода (02. 05. 1911 – 24. 09. 1977) мебошад. Зодрузи у ба дахаи авали карни ХХ, солхои пурошубу пурхархаша, солхои инкилобхои дар Аврупо сарзада бар манофеъи табакахои поёнии чамъият, рахои аз истисморхои дохиливу беруни бар навъи башар, худшиносиву бахамоии милли ва гайра рост меояд.

Дар Мовароуннахр бархам хурдани аморати Бухоро дар авали асри ХХ ва голибияти шурохо дар Руссия, баъдтар ба узвияти Иттиходи Чамохири Шурави хамрох гардидани кишвари имрузазамон-Точикистон халки моро ба олами нав ворид сохт, ки устод Мирзо Турсунзода ва хамсолонаш дар ин миён истисно набуданд. Хушбахтона, устод дар он гирумонхо, «хокбозиву харсаворихо» ба панчаи тавонои Инкилоби Октябри Кабир, ки имруз аз бурду бохтхояш, пахлухои мусбату манфиаш барои Бани-башар хеле зиёд мегуянду менависанду Чумхурии мо тули он солхо фармонбардори хамон сиёсат буд, тавонист роху равиши худро дарёбад ва бардори хамон сиёсат буд, тавонист роху равиши худро дарёбад ва на танхо роху равиши худро дарёбад, балки дар андак муддат рахнамои бахши адабиёту фарханги хамнавъон шавад, гулгулаи шухраташбо офаридахои адабии зикиматаш Шарки озодихоро пахш намояд, сухани гирояш парчами озодихохонаи Шарки карнхо дар зери асорати ачнабиён монда гардад.

Барои точикписаре, ки тоза аз асорати тангу тори асри миёнагии Осиёи Миёна бадар омадаву аввалин нурхои дар хакикат озоди чашмхояшро фурузон намуда буданд, бехтарин машгулият хонишу омузиш ва сабак гирифтан аз устодони асил махсуб меёфт. Дар равиши тахсил чи дар мактаби миёнаи замони нав ва чи дар Дорулмуаллимини шахри Тошканд (1930) завку майли мавсуф ба харисона азбар намудани осори бадеии гузаштагони адабиёту фархангамон будааст, дар ин бора шохиди беминнат эчодиёти адиб дониста мешаванд. Вай дар маколаи «Дар хизмати халку ватан» ба ин маъни навиштааст: «Хеч як арбоби барчастаи адабу санъат аз осмон намеафтад, вай пеш аз хама дар заминаи омузиши хеш ва сониян, аз сарчашмахои дигар истифода бурда, ба воя мерасад».

Устод Мирзо Турсунзода омухт , андухт ва андухтахояшро дар колаби осори бадеи, дар шакли жанрхои гуногуни манзуму мансур, вобаста ба мавзуъхои талаботи замон руйи когаз овард, ун суханаш чавобгуи замон буд, интишор доду пешкаши ниёзмандон гардонид.

Фаъолияти эчодии устод Мирзо Турсунзода бо навиштани очерк огоз ёфтааст. Мачмуаи нахустини шеъру маколахои публисистиаш «Байроки зафар» соли 1932 интишор гардид, ки хакикати гуворову ногувори он замонро дар худ тачассум мекард. Минбаъд шоир дар мавзуъхои ватану ватандусти, захмати боманфиат, озодии занон, мехнати босамари чавонони даврони худ шеъру манзумахои зиёде, монанди «Суруди чавони», «Оханрабо», «Чаманистон», «Водии Хисор», достонхои «Офтоби мамлакат», «Хазон ва бахор», ва гайрахо эчод кардааст.

Ашъори дар давраи Чанги Бузурги Ватани (солхои 1941-1945) навиштаи шоир, минчумла достони у «Писари Ватан» (соли 1942) устод Мирзо Турсунзодаро хамун эчодкори асил ба майдони адабиёт баровард. Вазъи мураккаби он солхои муковимати шадид ва вахдату бахамои, дустии мардуми Шурави мояи асосии достон буда, ду симои асосии асар –Кодир ва Саодат мухорибахои чанги ва корнамоихои акибгохро дар худ тачассум намудаанд.

Соли 1947 дар хаёти эчодии устод Мирзо Турсунзода вокеаи мухими таърихи ба вучуд омад, ки ин баъди сафари Хиндустон эчод гардидани силсилаи шеърхои «Киссаи Хиндустон»-и шоир мебошад. Вай менависад: «Дар хамин сол ба ман хушбахтие пеш омад, ки дар хайати делегатсияи совети ба Хиндустон, ба Конференсияи якуми мамлакатхои Осиё рахти сафар бандам. Аз хамон вакт мавзуи Шарки бедоршаванда мохияти асосии эчодиёти ман гардид». Кисми аввали ин силсила шеърхои «Бозгашт», «Киссаи Хиндустон», «Мехмони магриби», «Руди Ганг», «Боги муаллак», «Тара-Чандри» ва кисми дувум шеърхои «Дар ёди кас», «Сайёхи Хинд», «Точмахал», «Дар орзуи ошён», «Кадахи ман», «Кулохи профессор Ахвледиани», “Модарнома” «Ду рох»-ро дар бар мегирад. Эчоди ин силсила ба устод Мирзо Турсунзода шухрати чахони овард, ки дар ин бора дар матбуоти собик Иттиходи Шурави борхову борхо навиштаанд. Гузашта аз ин, -«Киссаи Хиндустон» барои як идда суханварони он давраи Иттиходи Шурави, монанди Н. Тихонов, К.Симонов, М. Бажан, С. Вургун, Сулаймон Рустам, Сурков дар эчоди осорашон дар мавзуи Шарк чун намунаи сармашк хидмат намуда будааст.

Минбаъд мавзуи шарки хоричи дар манзумаву достонхои у «Ду даструймол», «Ман аз Шарки озод», «Дар мамлакати гуломон», «Садои Осиё», «Духтари мукаддас» инкишоф меёбад ва овози шоири инсондусту сулхпарвар баландтар мегардад:

Осиё гуяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавчи дарё, гурриши бахри домонро бишнавед,
Осиё бедор шуд, бедор, тарки хоб кард,
Ростиву дустиро окибат дарёб кард…

Минбаъд шеъру достонхои устод Мирзо Турсунзода «Хасани аробакаш» (1952-1954), «Чароги абади» (1958), «Чони ширин» (1959), «Рохи нури офтоб» (1964), «Аз Ганг то Кремл» (1970), «Дастовез» (1975) пай дар пай чоп шуда, бо тези ба дили хонандагони точик рох меёфтанд, тавассути тарчума ба Чумхурихои Иттиходи Шурави пахн мегардиданд, хорич аз кишвар мухлисони худро доштанд ва гайра.

Дар эчодиёти устод Мирзо Турсунзода мавзуи ватану ватандусти, сулху амони, бародари, зан ва мавкеи он дар чомеа аз мавзуъхои асоси ба шумор меравнд. Шоир бо мухаббати нисбат ба инсоният доштааш гуфтааст, ки «Шодам, аммо мехурам гамхои халки дигаре…»

Барои шоири асил шеъри коргару нишонрас навиштан кори сахлу осон нест. Бахусус шеъре, ки мардумро ба вахдату ягонаги даъват намояд ва сулхро дар байни инсонхо тараннум созад:

Менависам ман суруди сулхро бо хуни дил,
Бо тапиданхои беорому рузафзуни дил.
То яроки тез гардида ба дасти дустон,
Чангуёнро кунад шармандаи руйи чахон…

Нихоят, устод Мирзо Турсунзода бо назми пурэъчози худ аз он эчодкоронест, ки дар даврони нави созанда, замони инкилобхо бо тамоми маънояш, хаёти пурчушу хуруши сотсиалисти, бо он ки камбудиву норасоихо дошт, зухур кард ва шеъри озодиро барои халку ватани худ ва халкхои Шарки дар он замон мазлум хонд, сохту мухтавои шеърро ганитар намуд, пеш бурд ва такмил дод.
Захматхои устод Мирзо Турсунзода дар назди халку ватанаш борхо кадр карда шудааст. Вай соли 1951 академики Академияи Илмхои Чумхурии Точикистон, соли 1961 Шоири халкии Точикистон ва соли 1967 Кахрамони мехнати сотсиалисти гардидааст. Эчодиёт ва фаъолияти чамъиятиву давлатии устод бо Мукофотхои давлати (1948) ва ленини (1960), Чоизаи давлатии Чумхурии Точикистон оид ба адабиёт ва фарханги ба номи Абуабдуллохи Рудаки кадр карда шудааст.Чоизахои зиёди байналмиллали дорад.

Ба фармони Президенти Чумхурии Точикистон аз 7 майи соли 2001 ба устод Мирзо Турсунзода барои захматхои бузург ва матанат нишон доданаш дар бунёди пояхои истиклолияти Чумхурии Точикистон, барои хизматхои пурарчаш дар инкишофи адабиёт ва тахким бахшиданаш ба дустии халкхо унвони Кахрамони Точикистон дода шуд. Месазад, ки ба устод Мирзо Турсунзода ва дар хамин поя фарзандони баруманди кишварро пайрави намуд, хаёту фаъолиятхои созандаи гуногунпахлуи эшонро сармашки кори худ интихоб кард, то ояндаи Точикистон сохибистиклоламонро беш аз пеш озоду обод ва шукуфон бинем.

Алии Мухаммадии Хуросони

МОДАРНОМА

ХАЙР, МОДАРИ АЗИЗ!

Модарам, меравам аз пеши ту ман,
Ба дифои шарафу шаъни Ватан.
Меравам то ки зирех пушам ман,
Дар рахи фатху зафар кушам ман.
Хабар омад, ки ба торочи аман
Боз карда дари худ зогу заган.
Модарам, дар сари хашму газабам,
Бар сари гарму тани гарки табам.
Мепарам суйи фазо мисли укоб,
То кунам зоги сияхро дарёб.
Мепарам ру ба чанубу ба шимол,
То ки орам ба сари хасм завол.
Барксон пора кунам абри сиях,
То насозад рухи хуршед панах.
Сангаму оханаму пулодам,
Сипари мамлакати озодам.
Аз сари лонаи чугзон гузарам,
Бомба резонда чу борон гузарам.
Газабам оташу кахрам пир аст,
Синаам тупу парам шамшер аст.
Мебарам дар сари болам тобон
Ахтари толеи халкони чахон.
Ки тавонад, ки маро банда кунад?!
Ин факат хобби фашистона бувад,
Орзуи саги девона бувад.
Модар аз чехраи гулгуни писар
Нарм бусиду гирифташ дар бар,
Гуфт: « Рав, чанги далерона бикун
Чанг бо лашкари бегона бикун.
Бош фарзанди сазовори падар,
Лоики ин Ватан, ин хонаву дар».
Фурсате рафту зи пахлуи сахоб
Чилва кард ахтари пурнури укоб,
Ашми модар ба фазо духта шуд,
Рухаш аз шуъла барафрухта шуд.
1941

ДАСТИ МОДАР

Бо хамон дасте, ки чодар сухти,
Гулхани шаъну шараф афрухти,

Бо хамон дасте, ки бог орости,
Кишвари гул-гулшукуфон хости,

Ба хамон дасте, ки манзил сохти,
Касрхову кушкхо андохти,

Бо хамон дасте, ки дар руи замин,
Бахтро карди ба фарзандат карин,

Бо хамон дасте, ки карди интихоб,
Дилпурона давлати оличаноб,

Бо хамон дасте, ки шабхои дароз,
Ашми шахло карда во аз хобби ноз,

Аллагуён тифлро хобондаи,
То сахар гахворааш чунбондаи,

Ба хамон дасте, ки ширам додаи,
Суям огушат калон бикшодаи,

Бо хамон дасте,ки дастам дошти,
Дасти шафкат бар сарам бигзошти.

Бо хамон дасте, ки шодам борхо,
Пока карди ашки чашмони маро,

Бо хамон дасте, ки гул бу кардаи,
Шонаро бар кокулу му кардаи,

Суйи фатхи тоза кун аз сидки дил
Кафзанон фарзандхоятро гусел!
1963

СЕ НОЗАНИНИ ШАРК

Накл кунам сурати се нозанин,
Сурати се хусни самову замин,

Сурати се муъчиза, се нодира,
Сурати се лавхаи хушманзира,

Сурати се вокеаи безавол,
Сурати се рузи саиди висол,

Сурати се замзамаи Шаркро,
Шарки фурузандатар аз баркро.

Кисми I
Бандаи дируза зани Шарк буд,
Дар сари он зан кафани Шарк буд.

Руи зани Шарк, ки дар парда буд,
Хусни варо парда панах карда буд.

Бе рухи зан Шарк бахоре надошт,
Зан ба гами Шарк кароре надошт.

Модари машрик ба ин сарзамин,
Дод агарчи зани зеботарин,

Шарк вале чун кафаси танг буд,
Дашти гарибонаи якранг буд.

Шоири дилбохта гари намуд
Бар кадаму хоки дари зан сучуд,

Руйи занонро гули хушбуй гуфт,
Коматашон сарви лаби чуй гуфт.

Гуфт: «Дахан-гунчаву абру-хилол,
Чашми сиёхаш чу рамида гизол…»

Лек, сад афсус, зани пардапуш,
Монд ба таърифи сифоташ хамуш…

Шарк надонист, чи сон бо сухан
Зинда кунад акси хакикии зан.

Партави Октябр ба додаш расид,
Шарки ситамкаш ба муродаш расид.

Шарк музайян шуда аз руйи зан,
Шаъну шараф омада дар куйи зан.

Зан ба сари курсии иззат нишаст,
Одати леринаи маро шикаст.

Даст ба мо лаби пурханда дод,
Хусни чун хуршеди дурахшанда дод.

Кас нашунидаст чунин кашфиёт,
Дар хама таъриху гузашти хаёт.

Кас нашунидаст чунин нозанин-
Зиннату зеби Ватани дилнишин.

Кисми II
Чашмхо суйи осмон буданд,
Суйи моху ситорагон буданд.

Мохро машъали фазо гуфтанд,
Даст бардошта дуо гуфтанд.

Кисмати Шарк бедимоги буд,
Дарди он дарди бечораги буд.

Зулмати шаб замин чу мепушид,
Хуни дил ахли Шарк менушид.

Шарк мехонд мохи тобонро,
Шабчароги хама гарибонро.

Шаби махтоб ёри ошик буд,
Ёр дар ихтиёри ошик буд.

Ногахон мох мегирифт агар,
Шарк месохт дар замин махшар.

Одамон мебаромаданд тамом,
Шур бардошта ба руйи бом.

Табаку дегу коса мекуфтанд,
То набинанд мах, намехуфтанд.

Бо фалак гуиё ба чанг буданд,
Ба газаб омада тачанг буданд.

Мох мекард чун рухашро боз,
Суйи мах буд дидахои ноз.

Аз хамон дам, ки мох пайдо шуд,
Нозанин мохи пуртаманно шуд.

Як рухашро факат намоён кард,
Рухи дигар зи дида пинхон кард.

Дар фирокаш замин надошт карор,
Чустучу кард сирри мах бисёр.

Чарх зад, чарх зад ба даври хеш,
Кард пайдо ба кувваи дониш.

Руйи пинхони мохи зеборо,
Орзуву умеди дунёро.

Хикмати Октябр ёри дод,
Нозанин мох руйи худ бикшод.

Шарк дигар ду нозанин дорад,
Осмон дораду замин дорад.

Кисми III
Осмон ошики замин гардид,
Бо замин бештар карин гардид.

Гашт хайрон ба гирудори замин,
Шухрату шаъну иктидори замин.

Он замине, ки одам аз он чо
Мепарад то ба арш, авчи фазо.

Он замине, ки гар ишора кунад,
Одамаш хукм бар ситора кунад.

Он замине, ки равшан аз мох аст,
То ба хуршед аз дараш рох аст,

Он замине, ки осмонранг аст,
Туда-туда ситора дар чанг аст,

Он замине, ки аз ароги барк
Кард дар бахри пур моро гарк,

Он замине, ки киштзоронаш
Муждахо орад аз бахоронаш,

Он замине, ки чойи дилхо шуд,
О ба дилхои ахли дунё шуд,

Он замине, ки ирку аслу насаб,
Муттахиданд бахри як матлаб.

Он замине, ки хуснобод аст,
Ватани бахту мардуми шод аст.

Осмон ошики замин гардид,
Бо замин дусти карин гардид.

Аз замин ёри нозанин пурсид,
Нозанин духтаре матин пурсид.

Аз барояш рахи калон бикшод,
Куаи тоза Кахкашон бикшод.

Кард парвоз бо мушак дина
Бо фалак нозанин Валентина.

«Шарки шаш» бо ситора пайрав шуд,
Ба гумонам, ки осмон нав шуд.

Партави Октябр болафшон
Бо Валентина рафт то кайхон.

Шарк се нозанин ба бар дорад,
Бо рахи Кахкашон сафар дорад.
1965

МОДАРАМ

Тифл мондам аз ту, модар, руйи ту дар ёд нест,
Комати ту, чашми ту, абруйи ту дар ёд нест.
Дар сурогат мезанам худро бар хар як кую дар,
Унки то имруз, модар, куйи ту дар ёд нест.
Рафтам аз занхои пири деха кардам чустучу,
Рафта бо санги мазори ту намудам гуфтугу,
Гуш кардам рафта хар як чунбиши шохи дарахт,
Бо гиёху сабзахои дашт гаштам рубару.

Руд мегуфтам, ки аз у оби маро нушида буд,
Кух мегуфтам, ки дар огуши ман кушида буд,
Гуза мегуфтам, ки карбоси маро пушида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав душида буд.

Чашма мегуфтам, ки омад куза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки пояш кард захмин неши ман,
Барк мегуфтам, ки аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки буд дар гиря кардан хеши ман.

Шахд дар комаш хамеша талхтар аз захр буд,
Хам шариат, хам тарикат сарвари бакахр буд,
Модари бечораи ту, мухтасар, сар то ба по,
Як зани н-осудаю як муштипар дар дахр буд.

Як зани дигар, ки дар дех беш аз сад сол дошт,
Модарат, -мегуфт у, -дар кунчи лаб як холл дошт.
Кулару, занчирму, дар кадду комат чун ниход,
Гар саволе ояд аз мулло, забони лол дошт.

Модарам, дар ёди ту манн гашту гузоре мекунам,
Бахри мехри ту дили худро мазоре мекунам,
Хизмати шоиста бар ёру диёре мекунам,
Назми худро бар сари кабрат мазоре мекунам.

Дуст дорам, модарам, бо ёди ту кишлокро,
Рудхои нукрагину нилгун офокро,
Чилвагар дар боми мактаб лолагун байрокро,
Хамзамон кишлокиёни дар мухаббат токро.

Шеър гуям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деха гуям, маар сарам ояд хавои модарам,
Солхурда гар зане рузе дучор ояд ба ман,
Гуямаш, ки бош, то хастам, ба чои модарам!
1966

ДИЛИ МОДАР

Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд гарк манзил, манзили ман буд.
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавчи дарё монда сохил, сохили ман буд.

Агари мурдани фарзандро дар чанг дидам ман,
Агари борхо бегонаи дилсанг дидам ман,
Ба умеде, ки бинам чохканхоробар зери чох,
Намурдам, гарчи бо чашмам ачал хар ранг дидам ман.

Намурдам, зистам, фарзанди худамро калон кардам,
Шаби туйи аруси ашки шодиро равон кардам ман.
Гумон кардам, ки оби дида марчон гашт, марчонро
Ба келин пешкаш кардам, дуо чун модарон кардам.

Надорам токати доги писар дидан дигар харгиз,
Саросар сухтори пуршарар дидан дигар харгиз,
Ба хар як хона тифли бепадар дидан дигар харгиз,
Хаёти одамиро дар хатар дидан дигар харгиз!

ЗАН, ЗАН АСТ

Синну соли зан ба кас пурсидан аз одоб нест,
Синну соли хешро гуфтан ба занхо хос нест.
Зан, за насту дар хама холат чун зан мемонад он,
Ин муаммоест, ки хочат ба пурсу пос нест.

Аз зани имрузаи мо хикмату эъчоз пурс,
Дар фазои зиндаги кайфияти парвоз пурс.
Дар замин зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар хунар мумтоз, пурс.

Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Хуш дар сар, равшани дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар руйи замин накши хаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пайи мо.

Мард боши, байраки болои сар кун номи зан,
Сабт дар бобби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чу шамсу камар кун номи зан.

ДАР ЁДИ ЧАВОНИ

Агар бинам туро, орам ба ёдам навчавониро,
Ба мисли чашмахо чушу хуруши зиндагониро,
Хама лутфу адохои нихониву аёниро,
Ба ёд орам бахореро, ки харду лола мечидем,
Ба гайр аз руйи хамдигар мо чизе намедидем.
Ту тозон суйи дар меомадию боз дар мешуд,
Дамиданхои субх аз омаданхои ту сар мешуд,
Намедонистам он рузамчи сон рузи дигар мешуд,
Ракиби айбчу дигар ба холи ман намехандид,
Мухаббат дар вафодори дигар маро намесанчид.

Шукуфта дилбари озод ун гулдаста мегашти,
Ба хар як тори муят сад чавонро баста мегашти,
Дилеро ёфта, дигар диле бишкаста мегашти,
Намешуд хеч кас аз дидани хусну чамолат сер,
Хаё гардида буд аммо ба пойи ошикон занчир.

Туро бо тухфахои комсомол табрик мекардам,
Таманно дар дил аз бахти зани точик мекардам,
Худамро бо висолат сухта наздик мекардам,
Рухат медидаму мерафт аз ёдам хама дардам,
Дигар ман хеч парво аз гами дунё намекардам.

Ба ёд орам замонеро, ки ту хомуш хам буди,
Парешон дар паси деворхо рупуш хам буди,
Гарибу бенавову кухи гам дар душ хам буди,
Намуда даст оташкобу му чоруб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.

Даме, ки аз миёни обу оташхо гузар карди,
Ба суйи зиндагии нав далерона сафар карди,
Ба хар як рушнои ту харисона назар карди,
Зани зеботарину номдори Шарк гардиди,
Азизи Точикистон, ифтихори Шарк гардиди.

Саломат бош, чоно, ки бакои умри ман хасти,
Насими навбахори пурсафои умри ман хасти,
Ту охир ибтдою интихои умри ман хасти,
Маро аз ту тамоми умр ёрои чудои нест,
Ба чонат сад касам, ки дар сириштам бевафои нест.

ЗАН АГАР ОТАШ НАМЕШУД

Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо,
Норасида бодаи дар чом мемондем мо.

Зан агар моро намебахшид умри бардавом,
Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.

Гар намедидем мо аз кудаки огуши гарм,
Аз мухаббат бехабар, ноком мемондем мо.

Гар ба чашми мо намедушид модар шири хеш,
Кури модарзод дар айём мемондем мо.

Гар намеомухтем аз зан раху расми адаб,
Бадгухар, бадзот, бадфарчом мемондем мо.

Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароги равшане дар шом мемондем мо.

Гар каломи аввалин аз зан намеомухтем,
Лаб фуру баста хама чун лом мемондем мо.

Оташи зан буд, ки мо сухтему сохтем,
В-арна чун санги сари ахром мемондем мо.

ЗАН ПОСБОНИ ОТАШ АСТ

Зан хамеша рафт аз хамсояхо оташ гирифт,
Аз дигархо бо тавалло, илтичо оташ гирифт,
Баски гугирд он замон чун гавхари ноёб буд,
Аз гадои кучаю аз бенаво оташ гирифт.

Лахчаро мекард зан дар зери хокистар нихон,
То намонад беалав дигар тануру ошдон.
Дар танур оташ агар гулхан шавад, рухсори зан,
Сурх мегардад у кула ё ба мисли гарм нон.

Баски аз рузи азал зан посбони оташ аст,
Посбони оташ асту хеш кони оташ аст.
З-ин сабаб бо за нагар гаштем хар вакте дучор,
Бингари, сар то ба пойи мо чахони оташ аст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …