Главная / Гуногун / Модар: иншо дар бораи оча

Модар: иншо дар бораи оча

Аввали солхои 90 холи мардум дар Душанбе хам аз холи мардуми дехот бадтар буд. Дар дехот мардум мазраа доштанд, мол доштанд, ки хадди акалли кутро барояшон медод. Дар шахр бошад, мардум аз ин хама махрум буданд. Ислохоти пайдарпайи пули пасандозхои мардумро сифр гардонда буд. Сатхи таваррум он кадр боло рафта буд, ки маоши мохонаи одамон ба як халтаи панчохкилоии орд хам намерасид. Одамон шабу руз дар назди корхонахои нонпази навбат мепоиданд. Аз як су ёрихои башардустонаи кишвархои хоричи, аз суи дигар хешовандони дехотии мардуми шахрнишин чони онхоро аз гушнамури халос мекарданд. Вале бо вучуди ин, мутаассифона, одамони зиёде аз гушнаги мурданд.

Мехри модар бар фарзанд (макола - эссе)
Мехри модар бар фарзанд (макола)

Ин кахти дар тамоми кишвархои пасошурави хукмрон буд. Ёд дорам, боре як хайати давлатии Иттиходи Аврупо аз сафар ба Русия ба сабаби кахти худдори карда буд. Онхо эълон карда буданд, ки намехоханд дар тули сафарашон маводи гизоии бе ин хам ками Русияро хуранд ва зомини ризки мардуми гурусна шаванд. Хонандаи заки худ метавонад казоват кунад, ки агар дар Русия вазъ ин гуна буд, пас дар Точикистони чангзада чи вазъе метавонист бошад?

Як хешдухтари модарам бо ахли оилааш дар Душанбе зиндаги мекард. Падараруси у – Накиб Саид амаки худаш буд. Ин мард безуриёт буда, як писарбаччаро аз хонаи ятимон ги- рифта, тарбия карда будааст. Номи ин писар Фаррух буд. Фар- рух нахифу сиёхчурда буда, зохиран, ба чугихо монанди дошт. Падархонди Фаррух духтари додари худаш – Гани Саидро, ки аз тарафи модарияш ба модари ман хеши дошт, ба ана хамин писархондаш арус карда буд. Ин хонумро Оча меноманд. Оча дар лахчаи Панчруд маънои модарро дорад. Модари Оча дар хурдияш фавтида буд ва шояд аз ин сабаб ба у номи модарашро дода бошанд. Дар Панчруд баъзан ба навзодон номи бузургони фавтидаро медиханд. Ва баъд ба у «додо», «бобо», «амак», «хола» гуфта мурочиат мекунанд. Номи Оча шояд аз хамин кабил бошад.

Модар бихишти орзухо

Рузгори Очаву фарзандонаш хеле ба сахти мегузашт. У дар бозори «Дусти» нонфуруши мекард ва нонвои хар руз хакки хизматаш ба у ноне медод, ки буду шудаш хамин буд.

Фаррух аз чавони майхорагиву дайдуи мекард. Он солхо у дигар ба нафарони дайду, ки дар хиёбонхо зиндаги мекунанд, пайваста буд ва дар ду-се руз як бор ба хонааш, он хам барои чанчолу даъво меомад, мехост хонаро фурухта, сарфи араку гизои худашу хамкешонаш кунад. Фаррух бо дигар оворагар- дон аз кутихои партов барои рузгузарони гизо меёфтанду дар зерзамину руи боми хонахои мардум русти зиндаги мекарданд. Одатан, ин тоифа ба касалихои сирояти мубтало ё дар кашо- кашхои авбошонаи куча талаф мешаванд.

Рузе Оча гирякунон ба офиси мо омада, арз кард, ки Фаррух чанд руз аст, ки нопайдост. Ва хохиш кард, ки дар ёфтани у ку- мак кунам. Ман кормандам Исмоилро ба милисахонаи нохияи зисти онхо фиристодам. Ба зуди маълум шуд, ки милисахо рузе пеш чанд мурдаи бесохибро аз сардхона бурда дар як гури умуми дафн кардаанд. Вале онхо пеш аз дафн кардан аз часадхо акс бардошта будаанд. Исмоил Очаро ба милисахона бурд ва у Фаррухро дар акс шинохт. Оча аз милисахона боз бо ашки шашкатор ба офис омада, зори мекард, ки ёри кунам, то часади Фаррухро аз он кабри хамагони берун биёранд ва у онро чаноза карда, гур кунад. У он кадар афсурдаву пургусса буд, ки ман натавонистам харфе бигуям.

Боз хам Исмоилро фиристодам, бо милисахову кормандони кабристон часади Фаррухро берун оварда, ба хонааш бурданд. Оча хамон бегох чаноза хабар карда, бо иштироки хамсоягону шиносхо часади Фаррухро тибки урфу расми мусулмони ба хок супурд ва ба кахтиву нодори нигох накарда, бо ёрии хамдехагон маъракахои маъмулро гузаронд. Ин хикояро барои он накл кардам, ки амали ин зан, аз як су, то чи андоза суннатгаро будани мардуми моро нишон дихад, аз суи дигар, намоди матонату истодагарии зани точикро, ки дар тули таърих яке аз сабабхои зинда мондани ин миллат будааст, нишон бидихам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …