Главная / Маданият ва санъат / Мероси адабии Шохин

Мероси адабии Шохин

Ба навиштан натавон шеъри маро кард тамом,

Гарчи з-ошуфтадили завки сухан кам дорам.

Осори Шамсуддин Шохин ба таври нисбатан чомеъ танхо пас аз 42 соли вафоти шоир гирдовари шудааст. Дар мероси адабии лирикии Шохин чои асосиро, пеш аз хама газал ишгол менамояд. Пас аз газал касида, рубои, китъа, мусаммати мухаммас, тарчеот таркиби девони уро фарохам овардаанд. Инчунин, осори достони: «Лайли ва Мачнун», «Тухфаи дустон» ва асари мансури «Бадоеъ-ус-саноеъ»-и адиб то кунун дастрас шудааст.

 

Газалиёти Шохин

Кунад ба шеъри ту, Шохин, акиДаи комил,

Касе, ки мухлиси ашъори табъи мавзун аст.

Дар лирикаи Шамсуддин махдуми Шохин газал мавкеи маркази дорад. У дар ин чода давомдихандаи анъанахои назми беш аз хазорсолаи точик мебошад. Хидмати таърихии у хамчун шоир аз он иборат аст, ки дар заминаи суннат навпардозиву тозакорихо кард. Аз ин ру, дар лирикаи Шохин ва хусусан дар газалиёти у ишку ошики, нозу чафои махбуба, васфи хусну чамоли маъшука, исёнхои калбиву садои дилхои лабрези мухаббат, холати ошики хайрону истигнои махбубаи бемехр, пойдорию устувории ошику ношикебоию ахдшиканихои махбуба, мухаббати калбию садокати ошик ва носабуриву чафопешагии дилбар, азоби хичрону фирок, нозбардориву пуртокатии ошику кибру гурур, фахру таннозии махбуба аз мавзуъхои аввалиндарачаи газалиёти Шохин аст. Ба ин маъни, «ман»-и кахрамони лирики маънии васеътар мегирад. Ба мавзуъхои ичтимои: кувват гирифтани зулм, пешгириии ноадолатихо, химояи бенавоёну бечорагон, софдиливу рахмхори, дурандешиву назарбаланди ва гайра бештар ворид мешавад. Дар баробари мавзуъхои мазкур: васфи табиат ва махсусан манзаранигори, ситоиши бахорон ва чузъиёти пурнафосати ин фасли зебои сол: абрхои нилгуну мургобипайкар, пахтамонанду кухчусса, резиши борони найсону шилдир-шилдири обхои чуйборон, вазидани насими субху накхати гулхои муаттари бахори, чах – чахи булбулону нагмаи гунчишкхо, дамидани сабзахои махмалину гулхои гуногунранги дарахтон ва гайра, ки ин хама дар газалиёти Шохин чанбаъхои кавии ичтимои мегиранд, ифодагари хадафхои муайяну розхои гуногунанд. Ин мавзуъхоро чузъиёти дигар: маю бодагусори – хамчун рамзи хушгузаронии умр, бахрабардори аз хаёт, дури аз гаму кулфат ва ночурихои рузгорон ва гайра пурра мегардонад.

Дар баробари инхо мавзуъхои боз хам кавитари ичтимои: шикоят аз зулму золими, норизои аз ноадолатихову ноодилии зимомдорон, нотавонбинию хасудхурихо, найрангбозиву мардумфиреби, кибру гурур, бухтону дуруггуи ва гайра низ сахт махкум карда мешавад, ки Шохин дар чузъиёти ифодаву тасвири онхо низ тозакорихо дорад.

Албатта, дар газалиёти Шамсуддин Шохин ишку ошики, васфи чамоли махбуба бо кулли чузъиёт, холати ошик ва саргузашти пурпечутоби у дар чои аввал меистад, ки шоир дар ин чода хеле кавипанча ва сохибхунар аст. Чунончи, ба ин газали ишкии шоир ру меорем:

Ай, ки аз кадди расо гояти сарви чамани,

Сарви, ай мох, ба кад, лек ба ораз сумани.

Лабу дандони ту, ай сарвкади симандом,

 Бехтар аз лаъли Бадахшониву дури адани.

 Гуфтамаш шонасифат панча ба зулфи ту занам,

Ханда зад, гуфт: Илохи ба бало панча зани.

Турки ман душ газаб карду бигуфт: «улдураман»,

Гуфтам охиста ба гушаш, ки киро?

Гуфт: Сани. Кард хосияти лаъли лаби чонон,

Шохин, Тутии табъи маро шухра ба шаккар шикани.

Газали боло ишки буда, дар он симои махбуба аз хар чихат: руй, лабу дандон, каду баст, мую зулф, инчунин олами ботинии дилбар: оташин шудану газаб кардан, хандаи зохири намудану касди чон доштан ва гайра басо зебою дилкаш, гуворову чолиб, чаззобу назаррабо ба тасвир гирифта шудааст. Тасвирхо низ ухдабароёна ва мувофики хадафанд.

Бо максади кор гирифтан аз хусусиятхои шакли низ газали зикршуда хунармандона мебошад. Газал радиф надорад, вале кофияхои он хеле чолибанд ва хатто калимаи узбеки низ хамкофия оварда шудааст, ки аз забондонии шоир дарак медихад.

Дар газали боло калимахои чамани, сумани, адани, зани, сани, шаккаршикани хамкофияанд. Решаи кофия дар шакли –ани буда, «н» харфи рави ва харфи «и» васл аст. Кофия аз нигохи навъии он мутлак мебошад.

Аз нигохи коргири аз вазн бошад, газали мазкур дар бахри Рамали мусаммани махбуни махзуф иншо шудааст ва шакли афоъили он чунин аст:

  • V – – / V V – – / V V – – / V V –
  • V – – / V V – – / V V – – / V V –

яъне, фоъилотун, фаъилотун, фаъилотун фаъилун.

Аз нигохи чилои хунари бошад, шоир бо ёрии санъатхои шеъри: таносуби сухан-чаман, сарв, суман; дахон, лаб, дандон, гуфтан, лаъли лаби чонон, шаккаршикани ва гайра истиора-эй мох, турки ман, сарви ва монанди инхо. Умуман санъатхои ташбех, нидо, тавсиф, муболига, ширу шакар, суолу чавоб, ташхис ва гайра истифода гардидаанд, ки хеле гуворову макбулу матлубанд. Онхо барои тасвири зебоихои дилбар, чузъиёти хусни у, олами ботини, офаридани хулку атвор, муносибату гуфтори вай, адаби муомила ва шахсияти кахрамони лирики ва гайра истифода шудаанд.

Аз мутолиаи газал маълум мешавад, ки шоир хеле махорату дониш, истеъдоду хунар, завку салика, табъу тавони воло дошта, аз ин суннати адаби ва таърихи пайдоишу рушду инкишофи газал ва саромадани он: Саъдии Шерози, Хочуи Кирмони, Хусрави Дехлави, Хасани Дехлави, Хофизи Шерози, Камоли Хучанди, Чоми, Хилоли ва Бедил басо хуб бехабар мебошад.

Дар газалиёти Шохин махбуба бештар яклухт бахо дода намешавад. Шоир ин образи лирикиро хеле эхтиёткорона ва бо чузъиёти симои зохири ва олами маънавии у ба тасвир мегирад. Барои мисол ба газали зерин ру меорем ва мебинем, ки кахрамони лирики-ман, мани эчодкор, мушохидакор, хунарманд, донишманд низ хаст.

Хама ачзои ту хубу хама аъзои ту хуш,

Хама чои ту ба хуби зи хама цои ту хуш.

 Нест сарве ба чаман чун кади раънои ту хуб,

Нест мохе ба фалак чун рухи зебои ту хуш.

Хуштар аз чон набувад тухфа агар фармои,

Кунам ин тухфаи хуш назри кафи пои ту хуш.

З-он чунон зиндагие, к-аз ту ба хирмон гузарад,

 Ба ту савганд, ки мурдан ба таманнои ту хуш.

Хуш бувад таъми шакар, лек ба коми ман аз уст,

Захрханде зи лаби лаъли шакархои ту хуш.

Хама дилбастагии хуш ба яке дораду ман,

Бастаам дил ба хама зулфи сумансои ту хуш.

Пеши он мох бинех чону дилу сар, Шохин,

То кадомин кунад аз ин хама колои ту хуш.

Газали зикршуда бо такозои мавзуъ, мазмуну мухтаво ишки буда, дар он симои махбуба хам кулли ва хам чузъ-чузъ васф карда мешавад. Хадаф аз аъзо чузъиёти аъзост. Зеро хар аъзо дар навбати худ, аз мачмуи чузъхо иборат аст. Аз ин ру, шоир чузъхоро алохида ва узвхоро чудогона ба тасвир гирифтааст. На мохи осмон мисли руи ёр асту на сарви чаман монанди кади у. Шакар сарчашмаи ширинихост, вале коми шоир на аз у, балки аз лаъли лаби ёр ширин аст. Касон бо хар чизе дилбастагие доранд, вале шоир ба зулфайни сумансои ёр дилбаста мебошад. Аз ин ру, аз чон хуштаре барои инсон ва азизтаре дигар вучуд надорад. Кахрамони лирикии шеър-ошик розест, ки онро нисори кафи пои махбуба созад. Зеро зиндаги бидуни у бемаъност. Байтулавчи шеър бо байти тахаллус якчо эчод гардида (дар газали боло), шоир зимни он се узве, ки бе хар кадоми онхо инсон наметавонад зинда бошад, ба махбуба пешниход месозад, то кадоми онхоро ихтиёр кунад. Ин аст, ки газали мазкур дар гояти шевоию равони, салисиву ширини, гувороиву дилнишини, маргубиву макбули эчод шудааст.

Аз нигохи коргирии хунар низ газал басо хунармандона мебошад. Шоир тасвирхои лирикиро тавассути санъатхои шеърии таносуби сухан, ташбех, истиора, муболигаву игроку гулув, мачозу рамзу киноя, тавсиф ва гайра хеле ва хеле ухдабароёна ба кор мебарад. Дар натича баёнаш- гуворо, тасвирхо-зебову дилнишин, чобачогузории калимахо, иборахо мувофики табъ ва мазмунсозиву маъниофарини басо устодона мебошад. Чунин хунари эчод, албатта на ба хар адиби катори даст медихад. На хар эчодкори хохишдошта метавонад бо чунин санъату бо чунин хунари эчоди асари санъату адабиётро таълиф намояд. Аз тарафи дигар, агар Шамсуддин Шохин шоири камхунару пастистеъдод мебуд, бо саромадони жанри газал, шоирони дарачаи аввали таърихи адабиёти форс-точик пайрави намекард. Хол он ки худи пайрави, дар навбати аввал омузиш, мутолиа, чустучу аст. Шоир барои он ки пайрави кунад, онро хуб меомузад.

Аз чихати хусусиятхои шакли низ газали боло чолиб мебошад. Газали зикршуда мураддаф буда, радифи он мураккаб («ту хуш») аст. Радиф дар ин газал дар баробари таъкиди маънову максад, бештару зиёдтар бори гояви мекашад. Максади шоир дар хадди баланд васф намудани махбуба буда, аъзову ачзои васфшавандаро бо бехтарин шабехот, чолибтарин киёсхо, накутарин хисол мехохад чилва бидихад, то писанди омма бошад. Аз ин ру, бештар мечуяд, меомузад, мукоиса мекунад ва натича мегирад. Дар мантики оддии ифода хунару дониш, махорату истеъдод, санъату заковати худро ба намоиш мегузорад. То хонанда казоват кунад, ки асари санъат барои у чи арзише дорад ва оё калби уро тасхир мекунад?! Радифи мураккабе, ки Шохин барои газали боло пайдо кардааст, ана хамин гуна чанбаъхо, таъкидхоро фаро гирифтааст. Аз ин ру, махз радифи мазкур ба газал оханги хубу маргуб низ дода тавонистааст. Дарёфти кофияхо низ дар газали мазкур хеле чолиб ва хунармандона мебошад. Дар газал калимахои аъзои, чои, зебои, пои, таманнои, шакархои, сумансои, колои бо хамдигар хамкофия шудаанд. Кофияхо аз руи навъ мутлак буда, дар калимахои хамкофия харфи рави «о» мебошад ва пас аз рави унсури дигар – васл омадааст. Хадаф вахдати мавзуъ ва таъмини адои хуш дар газал аст. Газали мазкур аз нигохи интихоби вазн хам хеле чолиб мебошад. Зеро дар бахри Рамали мусаммани махбуни махзуф иншо шудааст, ки шакли афоъили он чунин аст:

  • V – – / V V – – / V V – – / V V –
  • V – – / V V – – / V V – – / V V –

Яъне: фоъилотун/ фаъилотун/ фаъилотун/ фаъилун

Яке аз тозакорихои Шохин дар мавзуъ ва мазмуну мухтавои газалсарои он аст, ки баёни шоир дар пурсузтарин газалхо хам, то андозае чанбаи зарофат касб мекунад. У газалхои басо пурсузу охро бо як тарзу усули ба худ хоси шухиангезу зарифона мавриди эчод карор медихад, ки дар гояти салосату чазолат ва дилкашиву гушнавози мебошанд. Чунин тарзи баёни шоир то ба хадде устодона аст, ки ба мавзуи марказии газал-ишку исёнхои калби заррае хам мухолиф нест, хадафи кахрамони лирикиро халалдор намекунад. Масалан, газали зерин далели гуфтахои болост:

Курбони лаби лаъли шакархои ту гардам,

Мафтуни хати голияпирои ту гардам.

Лаб мегази, ай шух, надонам, ки чи гуи,

Аз нозукии тарзи адохои ту гардам.

Як чои ту тахсис ба гаштан натавон кард,

 Ай, ман ба ту шайдо, зи хама чои ту гардам.

Чон назри саропои ту гуфтам ба шаби васл,

Рухсат бидех акнун зи саропои ту гардам.

Гуфти, ки ба Шохин занадам дарду балохо,

Кай мезанад, аз дарду балохои ту гардам.

Газали мазкур аз нигохи мавзуъ ва мазмуну мухтаво ишки буда, симои махбуба хамчун образи лирики аз калимаи нахустини мисраи аввал маълум мешавад. Ошик танхо барои лаби лаъл худро курбон кардан мехохад. Зеро мафтуни абрувону гесувони голияпирост. Лаб газидани махбуба – киноя аз рондани ошик ва огахи аз агёр аст. Вале инро ошик назокати адо мехисобад. Умуман, махбуба таннозу саркаш, бемехру бемурувват аст. Ошик бовафову устувор, росткавлу фидои мебошад, вале хануз сохибихтиёр нест. Чунин холати кахрамони лирики хоси газали аср буда, дар жанрхои достони ( хатто дар эчодиёти худи Шохин) вазъият дигархелтар аст. Яъне ошик нисбатан бепарво ва хар чи бодобод аст.

Аз чихати хусусиятхои шакли низ газали боло чолибу матлуб аст. Радифи газал мураккаб буда, аз ду калима фарохам омадааст: «Ту гардам». Аз мохияти маъноии радиф пайдост, ки ошик саргардону овора аст. Пас радифи газали боло дар баробари таъмини хушохангию равони, инчунин бори гояви бар душ дорад. Кофияхои газали боло низ чолиб буда, калимахои шакархо, голияпиро, адохо, чо, саропо, балохо хамкофия шудаанд. Хамаи калимахои хамкофияи боло бандаки изофии «и» доранд. Дар калимахои мазкур харфи решагии кофия «о» буда, аз руи хелхои кофия мутлак аст. Газали мазкур дар бахри Хазачи мусаммани ахраби макфуфи махзуф иншо шудааст. Шакли афоъили газал чунин аст:

  • – V / V – – V / V – – V / V – –
  • – V / V – – V / V – – V / V – –

яъне: мафъулу мафоъилу мафоъилу фаъулун.

Вазни мазкур яке аз маъмултарин авзон дар эчоди газал ва ба хусус газалхои ишки ба шумор меравад.

Дигар аз хусусиятхои газалхои Шохин аз он иборат аст, ки вобаста ба авзои сиёси-таърихии замон охангхои шиквои, хасбихоли нисбатан кувват мегирад. Албатта, баландтарин нуктаи чунин охангхо хануз дар асри XIII ба назар мерасанд. Эчодиёти Сайфи Исфаранги, Сайфи Фаргони, Камоли Исмоил ва дигарон охангхои бисёр кавии ичтимои доранд. Вале бунёди охангхои ичтимоии ин давра дар эчодиёти Шамсуддин Шохин комилан дигар хел аст.

Тозакорихои Шохин пеш аз хама аз он иборат аст, ки ночурихои рузгор, ноадолатихои зимомдорон, зулму золими, бухлу хасад, яъсу ноумедихо, нокомихо ва гайра дар омезиш бо мавзуъхои ишки хеле дилнишину гуворо ва басо хунармандона руи кор омадаанд. Мухимтар он аст, ки ошик ноком ва махбуба комёб мебошад. Чунончи:

Касе чу ман набувад дар чахон нишони фирок,

Хазор тири бало хурда аз камони фирок.

Нахуст руз, ки ошик шудам ба завки висол,

Набуд дар дили ман хеч аз ин гумони фирок.

Чи сон ба гунчаи табъам шукуфтаги бахшад,

Бахори васл, ки дорад зи пай хазони фирок.

Хаёти ман хама вобаста бар висоли ту буд,

Ачал, биё, ки кунун мерасад замони фирок.

Хамон наволаи захри ачал бувад, Шохин,

Нахуст туъма, ки гири агар зи хони фирок.

Дар газали боло ба чои висол фирок пеш омадааст, ки хеле чонгудоз, дилхарош, чигарсузу синакабоб аст. Ин хама шуридагию сузи ошикро баландтар намуда, баръакс махбуба хамфикру карини ракиб мебошад. Ошик чонибдори висол аст, вале махбуба дустдори хачру фирок. Ошик чидду чахд дорад, ки висолро дарёбад, вале махбуба гурезпо ва фирокчуву хичронхох аст. Аз ин ру, ошик гарки яъсу нокомихо ва навмедиву номуродихост, вале махбуба берахму золимтабиат ва бемехру бевафо мебошад. Ошик ягона илочи вокеаро дар шикваю ноилочи дармеёбад, вале махбуба бепарвою форигбол аст. Ин аст, ки Шамсуддин Шохин бахри таъкиди маъно ва таъсирпазирии мазмуни газал фирокро хамчун радиф интихоб кардааст. У фирокро хазони умр ва висолро бахори хаёт меномад, ки дар маъниофари падидаи тозаву чолиб аст.

Аз нигохи бадеиёт ва чанбаъхои хунари низ газали боло хеле хушоянда аст. Дар газали зикршуда санъатхои бадеии таносуби сухан, тазод, муболига, игроку гулув, ташбех, тавсиф, киноя, мачоз ва гайра басо хунармандона истифода шудаанд.

Унсурхои шаклии газали зикршуда: кофия, радиф, матлаъ, мактаъ, истифодаи тахаллус, интихоби вазн ва гайра низ матлуб аст. Газал дар бахри Мучтасси мусаммани махбуни махзуф ё максур иншо шудааст, ки афоъили он чунин мебошад:

V – V – / V V – – / V – V – / V V ~

яъне: мафоъилун, фаъилотун, мафоъилун, фаъилон.

Аз нигохи радифу кофия бошад газали боло боз хам чолибтар аст. Зеро газали мураддаф бо он характернок аст, ки дар матлаъ алакай мазмуну мухтаво ва мохияту максад аз эчоди он барои хонанда комилан маълум мегардад. Чунки тавассути радиф таъкиди маъно ва шахомати гоявии газал ба намоиш гузошта мешавад.

Радифи газали боло аз нигохи шакл радифи сода аст.

Газали мазкур аз нигохи кофия хам чолиб мебошад. Дар он калимахои нишони, камони, гумони, хазони, замони, хони хамкофия буда, шакли кофия мукайяд мебошад. Дар калимахои кофияшуда харфи рави «н» буда, пас аз рави харфи дигаре наомадааст. Калимахои кофияшаванда хам хадафи муайян доранд, ки холати кахрамони лирикиро ифода менамоянд. Зеро нишони фирок, камони фирок, гумони фирок, хони фирок хамаги иборахое хастанд, ки холати рухи ва хадафу максади кахрамони лирикиро ифода кардаанд. Холати мазкур кариб дар хамаи газалхои Шохин ба мушохида мерасанд. Вобаста ба авзои замон ва мухити зиндагии Шохин кахрамони лирикии газалхои у, хусусан ошик парешону нотавон, ноилочу шикастадил аст. Шикояти Шохин тадричан дар баъзе холатхо охангхои эътирози низ гирифтаанд:

Хама чун куштаи теги ту шуд инак,

Шохин, Биниход аз сари таслим ба поят гардан.

Хамаро кушти, агар мекушиям, зуд бикуш,

То бубинам, ки маро кушта чи хохи кардан.

Шикояти кахрамони лирики аз омилхои сиёсию ичтимоии чомеъа, аз ноухдабароии зимомдорон нест, бошад хам хеле чузъи аст. У бештар аз такдиру аз саршавишт, аз чархи гардун шиква дорад. Чунончи:

То кай, ай чархи муарбад, зи паи кинаи ман,

Фитнаи дахр барангезиву ошуби замон.

Ё худ:

Бар далели дониши ман гуш нанход осмон,

Варна бар даъвии худ чандин ривоят доштам.

Дар баъзе мавридхо шоир зиндагии хешро дар хадди интихо мебинад, ки нишони лашкари гаму кулфатхои рузгор шудааст. Дар чунин холат ба Офаридгор мурочиат мекунад, ки дигар ба зимомдорон бовари надорад:

Чахонпарвардигоро, нотавонам,

Ягона нотавоне дар чахонам.

Яке мургам чудо аз ошёна,

Зи хар су новаки гамро нишона.

Ба душам баски бори гам нишастаст,

Сарам бар души зону накш бастаст.

Чи бадбахтам, ки хар суе нихам руй,

Зи оби дида бинам пеши ру чуй…

Чунин охангхои кавии ичтимои дар ашъори Шохин кам нестанд. Кариб дар хамаи шаклхои шеърии эчодкардаи шоир шиква аз гардиши айёму чархи тезрав ба назар мерасад.

З-ин сон, ки хохиши дахр чуз шуру шар набошад,

Бадтар дар ин замона айб аз хунар набошад.

Дар баъзе холатхо андешахои у то андозае ба акидахои Ахмади Дониш шабохат пайдо мекунад. Аз ин монанди метавон чунин натича гирифт, ки ин холат пас аз мутолиаи «Наводир-ул-вакоеъ» рух додааст:

Хар давлате, ки бинам, омодаи завол аст,

 Дар дахр бо чунин хол будан басе махол аст.

Хасби хол ва охангхои баланди ичтимои дар газалиёти Шохин каме ба чилои нав ва хос садо медиханд. Шохин тавассути чунин охангхои часуронаи шикоятиву хасбихоли на танхо чомеаи онрузаи феодалиро танкид менамояд, балки сарварону зимомдорони вактро низ сахт мазаммат мекунад:

Ман он гулам, ки зи ошуби бесуботии дахр

 Накарда тоза димоги касе, хазон шудаам.

 Ба хеч боб маро нест руи хурсанди,

Чуз ин кадар ки гуломи шахи чахон шудаам.

Охангхои хасбихоли ва шиквоию танкидии ашъори Шамсуддин Шохин арзишманд низ хастанд. Зеро мо пеш аз хама рузгори зиёиёни эчодкор, табакахои дигари ичтимои ва умуман мардумро дар давраи муайяни таърихи меомузем. Аз тарафи дигар, хонанда муносибати эчодкоронро бо зимомдорон, бо шахсиятхои сиёси ва пеш аз хама, шоир ва шохро пай бурда метавонад. Холати мазкур барои бахо додан ба адабиёти давр ва муайян намудани арзишхои адаби мусоъидат менамояд. Эчодиёти Шохин аз он шаходат медихад, ки у дар нимаи дуюми асри XIX яке аз намоёнтарин симохои адабиёти точик будааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …