Главная / Чамъият / Мехнат, мухочират ва шугли ахоли

Мехнат, мухочират ва шугли ахоли

Тибки маълумоти омори ба холати 1 августи соли 2018 музди миёнаи мехнат 1214,6 сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали сол 66,8 сомони ё 5,8 фоиз зиёд шудааст. Дар нух мохи соли 2018 аз чониби ситодхои кории махалли оид ба бартарафсозии карздории музди мехнат доир ба чорахои андешидашуда маълумот пешниход намуда истодаанд.

Ба холати 1 августи соли 2018 маблаги карздори аз пардохти музди мехнат (бо назардошти карзхои пешин) дар микёси чумхури 23655,1 хазор сомони мебошад ва нисбат ба аввали сол 4808,6 хазор сомони ва ё 27 фоиз кохиш ёфтааст.

Карздории музди мехнат дар вилояти Сугд 10 066,3 хазор сомони, дар вилояти Хатлон 5801,9 хазор сомони, дар нохияхои тобеи чумхури 6529,0 хазор сомони, дар шахри Душанбе 645,9 хазор сомони ва ВМКБ 612,0 хазор сомони мебошад.

Зиёдшавии  карздории музди мехнат дар ВМКБ 182 хазор сомони ва вилояти Хатлон 687,9  хазор сомони ба назар мерасад.

mehnat-muhojirКохиш ёфтани карздории музди мехнат дар вилояти Сугд ба андозаи 271,5 хазор сомони, шахри Душанбе 1673,1 хазор сомони ва НТЧ 3734,4 хазор сомони ба кайд гирифта шудааст.

Тахлилхо нишон медиханд, ки сабабу омилхои пайдоиш ва  мавчудияти карздори аз музди мехнат дар сохахои иктисоди чумхури гуногунанд. Аз чумла, дар шахру нохияхои чумхури ичро нашудани накшаи даромади бучет, аз тарафи фармоишгарон пардохт нашудани маблаги корхои ичрошуда, гун накардани андозхои махалли, ба фуруш нарафтани махсулот, сари вакт маблаггузори нагардидан аз тарафи сармоягузорон, гайри максаднок истифода намудани маблагхои музди мехнат ва гайра мебошанд.

Тибки маълумоти варакахои мухочирати аз чумхури 359 054 нафар шахрванд ба хоричи кишвар ба мухочирати мехнати сафар намудаанд, ки аз инхо 310 359  нафар мард ва 48 695 нафар зан  мебошанд. Аз чумла, ба Федератсияи Россия 343 912 нафар ва ба Казокистон  9571 нафар сафар кардаанд.

Рафти мухочирати мехнати ба хорича нисбат ба хамин давраи соли гузашта 32 344 нафар ё ин ки 8 фоиз кам шудааст. Дар ин давра аз хоричи кишвар 279 398  нафар мухочири мехнати ба ватан бозгаштанд, аз ин 228533 нафар мард ва 50865 нафар зан мебошанд, ки нисбат ба хамин давраи соли гузашта 4694 нафар, ё ин ки 2 фоиз зиёд шудааст.

Дар дохили кишвар бо чойи кор таъмин намудани мухочирони мехнати – шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки воридшавиашон ба муддати муайян ба Федератсияи Россия манъ гардидааст, яке аз масъалахои мухими ин самт махсуб мебошад.

Бо назардошти ин ва бо максади бо чойи кор таъмин намудани ин категорияи шахрвандон тибки фармоиши Вазири мехнат, мухочират ва шугли ахолии Чумхурии Точикистон аз 7 апрели соли 2015, №57 «Дар бораи тасдики Барномаи бокортаъминкунии шахрвандони Чумхурии Точикистон – мухочирони мехнати, ки воридшавиашон ба ФР ва дигар кишвархо манъ аст» аз чониби сохторхои вазорат дар шахру нохияхои чумхури ба 4638 нафар ба касбомузи ва ба 2296 нафар тавсия барои чойи кор дар дохили кишвар дода шуд. Дар натича 944 нафар сохиби касб гардида, 621 нафар бо чойи кори доими таъмин карда шуданд.

Хамзамон ширкатхое, ки барои чалби кувваи кории хоричи ба чумхури ичозатнома доранд, дар баробари чалби шахрвандони хоричи таносуби бокортаъминкунии шахрвандони ватаниро риоя намуда, 7110 нафар шахрвандонеро, ки воридшавии онхо ба Федератсияи Россия манъ шудааст, ба кор чалб намуданд. Дар мачмуъ дар давраи хисоботи 7731 нафар чунин шахрвандон бо чойхои кори дар дохили кишвар таъмин карда шуданд.

Дар давраи хисоботи ба макомоти мехнат ва шугли ахоли 102689 нафар шахрванд мурочиат намуданд, ки 72273 нафари онхо хамчун корчу ба кайд гирифта шуда, ба 44344  нафар расман макоми бекори дода шуд. Тавассути татбики чорабинихои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахоли дар мачмуъ 47072 нафар шахрванд бо чойхои кори таъмин гардиданд.

Аз чумла, ба воситаи чойхои кории бандшуда (квотахо) 3379 нафар ва тавассути ташкили корхои фарди 2900 нафар сохиби чойи кор шуданд.

Дар асоси 249 шартномахои тарафайн бо корхонаву ташкилотхо 5206 нафар ба корхои чамъияти ва 16097 нафар аз хисоби маблагхои бучети барнома дар марказхои таълими касбии макомоти мехнат ва шугли ахоли ба омузиши касби фаро гирифта шуданд.

Ба 7942 нафар бинобар аз даст додани чойи кор ба муддати то 3 мох кумакпули барои бекори пардохт гардид.

Бо максади мусоидат барои дарёфти чойи кори муносиб ба шахрвандон аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли дар ин давра 610 ярмаркаи чойхои кории холи ва вазифахои озод гузаронида шуда, 5700 нафар корчу дар ин ярмаркахо сохиби чойи кор гардиданд, ба 5602 нафар роххат барои касбомузи дода шуд ва 1649 нафар ба ичрои корхои чамъиятии музднок сафарбар гардида, ба 26318 нафар шахрванд хизматрасонии касби  расонида  шуд.

Тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаи чойхои кории холи 12951 нафар шахрванди бекор ва корчу ба намудхои гуногуни шугл чалб шуданд.

Хамин тавр, дар нух мохи соли 2018 аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли дар мачмуъ ба 166569 нафар шахрванд хизматрасонии ичтимои анчом дода шуд.

Дар натичаи тадбирхои андешида дар нух мохи соли 2018 дурнамои нишондихандахои Барномаи давлатии мусоидат ба шугли ахолии Чумхурии Точикистон дар сатхи 101,6 фоиз таъмин карда шуд.

Давоми нух мохи соли 2018 тавассути макомоти мехнат ва шугли ахоли чихати машгул шудан ба фаъолияти сохибкори ба 2900 нафар шахрванди бекор ба андозаи 8,5 млн. сомони кумаки молияви дода шуд, ки аз ин теъдод 1,7 хазор  нафар зан ва 1,1 хазор нафар чавон буда, мутаносибан сохиби 4,8 млн. сомони ва 3,2 млн.сомони кумаки молияви гардиданд.

Тахлили таркиби ин самти фаъолият дар микёси чумхури нишон медихад, ки шахсони бекор зимни бархурдор шудан аз кумакхои молияви асосан ба сохахои истехсоли, тичорати ва хизматрасони ба ахоли ва холо  бошад ба рушди сохибкори дар бахши хунархои мардуми машгуланд.

Бо эълон гардидани соли 2018 соли «Рушди сайёхи ва хунархои мардуми», ки барои эхё ва рушди хунархои мардуми ва дар ин замина бо шугл таъмин намудани ахоли, бахусус занону духтарон мусоидат менамояд, корхои таблиготию ташвикоти дар байни ахоли оид ба омузиши хунархои мардуми васеъ ба рох монда шуда, курсхои кутохмуддати омузиши касбу хунархои мардуми дар муассисахои таълимии системаи вазорат ташкил карда шуданд. Дар ин замина 17950 нафар ба омузиши хунархои гуногуни мардуми аз кабили, адрасу атласбофи, заргариву зардузи ва гайрахо чалб карда шуданд, ки 22,4 фоизи шахрвандони дар мачмуъ ба касбомузи фаро гирифташударо ташкил медихад.

Чихати дастгири ва эхёи намудхои гуногуни хунархои мардуми ба 763 нафар шахрванди бекор, бахусус занону духтарон ба андозаи 2518,4 хазор сомони карзхои имтиёзнок дода шуд.

Тайи давраи хисоботи аз чониби макомоти мехнат ва шугли ахоли ба 7942 нафар шахрванд ба маблаги 3,8 млн. сомони  кумакпули барои давраи бекори таъин ва пардохт гардид, ки 126,5 фоизро аз дурнамои барнома ташкил медихад.

Вазорати рушди иктисод ва савдо дар доираи ваколатхои худ минбаъд низ тахлили вазъи иктисоди миллиро бо назардошти равандхои глобали ва тагйирёбии вазъи иктисоди чахону минтака анчом дода, чихати кохиш додани таъсири хавфхои эхтимоли ба иктисоди милли чорахои таъхирнопазир меандешад ва аз натичааш дар мухлатхои мукарраршуда ба Хукумати Чумхурии Точикистон маълумоти муфассал манзур менамояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …