Маздак

МаздакМАЗДАК, Бомдод (соли таваллуд номаълум — вафот 528, Истахр), сардори шуриши халки дар ахди Кубоди 1 (488—531), асосгузори маздакия. Оид ба Маздак дар сарчашмаи пахлави — «Маздакнома», дигар сарчашмахои таърихи, «Шохнома»-и Фирдавси инчунин асархои адабиву таърихи маълумотхои мухталиф ба назар мерасанд. Чои таваллуди уро Мадарийа («Таърихи Табари»), Истахр («Муручуз-захаб»-и Масъуди), Нисо («Осор-ул-бокия»-п Беруни), Нишопур, Табрез («Табсират-ул-авом») гуфтаанд.

Номи падари Маздак дар «Занди Вохуман-Ясен»-и пахлави ва тарчумаи пахлавии «Вандидод» Бомдод омадааст. Маздак харакати дехкониро, ки дар шароити зиддиятхои иктисодиву сиёсии аристократияи феодалии ахди Сосониён ва инкишофи истисмори дехконон ба вучуд омада буд, сарвари намуд. Писари Кубод Хусрави I Анушервон Маздакро бо хиллаву найранг дастгир карда, вахшиёна ба катл расонд. Дар шароити асрхои миёнаи ибтидои чараёни дини-фалсафие бо номи маздакия ба вучуд омадааст, ки он аз таълимоти дини-дуалистии зардуштия ва монавия гизои маънави гирифтааст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …