Главная / Гуногун / Марокаш дар асри XIX

Марокаш дар асри XIX

Хануз дар асри XVIII Фаронса ва Испания бо султони Марокаш созишнома баста, хукукхои точирон  ва намояндагони ин давлатхоро васеъ карданд. Дар каламрави Марокаш Австро-Венгрия, Англия, ИМА, Нидерландия, Белгия ва баъзе давлатхои дигар низ хукукхои таслимкори гирифтанд. Пекин дар ишгол кардани Марокаш Фаронса фаъолтар буд. Вай аз соли 1870 cap карда минтакахои ба Алчазоир хамсархади Марокашро паси хам забт мекард. Вале ба амали шудани накшаи Марокашро забт кардани Фаронса давлатхои абаркудрати дигари Европа мукобилият нишон медоданд. Барои хамин оид ба масъалаи Марокаш соли 1880 дар Мадрид конференсияи байналхалки баргузор гардид. Иштирокчиёни он “истиклолият”- и Марокашро кафолат доданд. Дар баробари ин карор карда шуд, ки дар идораи ин давлат бе ичозати тарафхои манфиатдор ягон тагйироте даровардан мумкин нест. Ин конференсия карордоди умумиеро кор карда баромад, ки он режими таслимкуниро нисбат ба Марокаш васеъ кард. Бо ин карордод хукуки ба даст даровардани замин дар Марокаш ва дар ин мамлакат доштант моликияти гайриманкулро хамрох карданд. Хамин кисмати карордод нисбати хамаи иштирокчиёни конференсия пахн карда шуд, аз он чумла нисбати Германия, Португалия ва Русия хам, Конференсияи соли 1880-и Мадрид дар амал макоми ниммустамликавии Марокашро тасдик намуд.

220px-war_in_morocco_death_of_spanish_general_margallo

Соли 1887 Англия, Италия, Австро-Венгрия, Испания ва Германия Созишномаи дигареро ба имзо расониданд, ки бар зидди даъвохои Фаронса нисбати Марокаш равон карда шуда буд. Дар навбати худ Фаронса ишголи Марокашро вазифаи наздиктарини худ хисобида, охирхои асри XIX – огози асри XX барои амали шудани ин максад тайёрии фаъолонаи дипломатиро огоз намуд.

Муборизаи Фаронса барои ба пуштибонии худ даровардани Марокаш то соли 1912 идома ёфт. Хамон сол султони Марокаш Мулаи Хафид мачбур шуд ба шартномае имзо гузорад, ки он пуштибонии Фаронсаро бар Марокаш мукаррар менамуд.

Мукаррар намудани пуштибонии Фаронса Марокашро на танхо аз истиклолият махрум кард, балки якпорчагии онро низ аз байн бурд. Мувофики Созишномаи соли 1912-и Фаронса ва Испания минтакаи шимолии Марокаш тахти пуштибонии Испания карор гирифт.

Вале халки Марокаш ба режими мустамликавии ватани худ тан надода, муборизаи озодихохонаро давом медод. Ба империалистони Фаронса лозим омад, ки бар зидди халки Марокаш муддати дуру дароз чанги хунхорона барад, то ки ин давлатро ба худ тобеъ кунонад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …