Главная / Гуногун / Маркази Савдои Точикистон (СУМ) дар ш. Душанбе

Маркази Савдои Точикистон (СУМ) дар ш. Душанбе

Фурушгохи марказии шахри Душанбе, ки бо номи кутохшудаи руссии худ “ЦУМ” маъруф аст, дар пойтахти Точикистон дар  хиёбони Рудаки, 83 чойгир аст. Номи бино ба забони точики “Маркази Савдои Точикистон” аст.
СУМ- муассисаи давлати аст ва бинои он аз 3 ошёна иборат аст, ки солхои 1970 сохта шудааст. Масохати умумии бино 7500 кв. м, ки пахнои он 25 ва дарози 125 метр аст.

Маркази Савдои Точикистон
Сурати бинои Маркази Савдои Точикистон (СУМ) дар чоррохаи Кучаи Фотех Ниёзи ва хиёбони Рудаки

Солхои охир (2010-2020) дар ошёнаи якуми Универмаги маркази асосан смартфонхо фурухта мешаванд ва дар ин робита, ин маркази савдо асосан хамчун як макони харидории телефонхо маъруф аст, ки микёси он дар саросари кишвар хамто надорад.

Такрибан 20% майдони ошёнаи 1-ум  молхои дигар, аз чумла компютерхо, камерахо, тухфахои хотирави ва телефонро мефурушад.

Дар ошёнаи дуюми бино молхои гуногуни рузгор барои хона фурухта мешаванд ва дар ошёнаи сеюм офисхо хам кушода ва хам пушида ба ичора дода мешаванд. Нархи ичора дар ошёнаи сеюм нисбат ба дигар бинохои хамсоя 2-3 маротиба камтар аст.

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

Vivek-Sinha-Lor-vrach

Духтури Гушу-Гулуъ ва Бини аз Хиндустон ба Точикистон октябри 2021 меоянд

Ба диккати Пиру Барно мерасонем, ки дар Маркази тиббии «Шафран» саломатии шумо боз хам комилтар …