Главная / Илм / Маргимохи дар Канзи Шифо (Китоб)

Маргимохи дар Канзи Шифо (Китоб)

margimohi_dumigovМаргимохи (Думигов) — Ин гиёхро куфта, дар об андозанд, мохиёнро бехис гардонида ва онхо чаппа гашта ба руйи об мебароянд, хатто мемиранд. Бинобар хамин маргимохи ном гирифтааст. Дар баъзе махалхо точикон инро думигов низ меноманд.

Кадди ин гиёх ба хисоби миёна то як метр мехезад, баргхояш хокистарранги пашмакдор, ба руйи замин пахнгашта ва аз миёни он баргхо пояаш мехезад. Аз нимаи пояаш то сар гулхои зардранги он мешукуфанд. Дар тиб дар навбати аввал пусти пояи он, ки зардранг аст, ба кор меравад ва баъд аз он кисмхои дигараш истифода мегарданд. Кувваташ то се сол боки мемонад. Ба забони англиси онро Verbascum thapsus меноманд.  Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

margimohi_dumigov-2-218x300Хислатхои шифобахшии Маргимохи:   пусти пояашро бихуранд, хамаи навъхои балгам, ахлоти гафсро (хох сафро бошад, хох савдо) бо исхол дафъ мекунад, бодхоро пароканда месозад: дарди бугумхо, никрис (подагра) ва иркуннасо (радикулит)-ро шифо мебахшад, зеро ки ин хоричкунандаи ахлоти гафс аст аз рагхо ва пайвандхои бадан. Ин барои одамони сардмизоч, тармизоч ва балгамимизоч бисёр фоидабахш аст.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин барои рудахо зарар дорад — давояш катиро ва арпабодиён хурдан аст ва инчунин худашро бо равгани бодоми ширин чарб кардан аст.

Микдори як бор хурдан аз хар як кисми он дар як руз бо шакар то 4,5 грамм аст. Агар онро дар об чушонида, он обро нушидани бошанд, то 10,5 грамм ба об андозанд. Ин барои истиско, тахлил додани варамхои балгами ва боди даво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …