Савол: Оё рост аст, ки пас аз марги Искандари Макдуни модарашро хам якчоя гуронидаанд?
Чавоб: Бале дуруст аст.
Солхои 70-уми асри XX мачаллаи «Преподование истории в школах» хабареро чоп кард, ки олимон дар натичаи тахкики муйи сари Искандар аник кардаанд, ки уро захр дода куштаанд.
Таърих чунин шаходат медихад: Искандар пас аз хонадори бо Рухшонаи Сугди аз у як писар ба дунё меояд, ки Искандари Сони ном медиханд. Пас аз марги Искандар хамсари у – Рухшона аз сахнаи таърих гайб мезанад.
Искандарро захр дода мекушанд. Атрофиёнаш ин вокеъаро пинхон намуда, аз номи Искандар фармон медиханд, ки ба зудди аз Осиёи Миёна ба Юнон баргарданд. Чун вориди Макдуния мегарданд, Рухшонаро ба катл мерасонанд. Модари Искандар аз марги писараш ба сузу гудоз тоб оварда натавониста хохиш мекунад, ки уро хамрохи Искандар ба хок супоранд.
Макбара месозанду колбади Искандарро дар сагонаи тиллои нихода, дар мобайни макбара мегузоранд ва дар шифти марказии макбара як сурохи монда, дар он чо нимто нони кок мегузоранд ва хамрохи Искандар модарашро хам дар макбара гузошта, дарро мебанданд.
Рузи дигар гуруснаги домангири модари Искандар мегардад, у кушиши бисёре мекунад, ки он нимто нони кокро бигирад, вале наметавонад, пасон мачбур мешавад, ки пояшро ба сандуки дили Искандар монда нонро бигирад. Дар ин дакика дари махфии макбараро боз карда, модарро аз макбара мебароранд ва дарро «абади» мебанданд.