Главная / Гуногун / Малик ва мулк

Малик ва мулк

Якеро аз мулук маразе хоил буд, ки иодати зикри он нокардан авлитар. Тоифаи хукамои Юнон мутаффик шуданд, ки мар ин дардро давое нест магар захрае одаме, ки ба чандин сифат мавсуф бошад, бифармуд талаб кардан. Дехконписаре ёфтанд бад-он сифат, ки хакимон гуфта буданд. Падару модарашро бихонд ва ба неъмати бекарон хушнуд гардонид ва кози фатво дод, ки хуни яке аз раият рехтан саломати нафси подшохро раво бошад. Чалод касди у кард. Писар Сар ба суи осмон баровард ва табассум кард. Малик пурсидаш, ки ин холат чи чои хандидан аст?
Гуфт:
– Нози фарзанд бар падару модар бошад ва даъво пеши кози баранду дод аз подшох хоханд. Акнун падару модар ба иллати хутоми дунё маро ба хун дарсупурданд ва кози ба куштанам фатво дод ва султон масолехи хеш андар халоки ман хаме бинад, ба чуз худои азза ва чалла панох намебинам:

Пеши ки бароварам зи дастат фарёд,
Хам пеши ту аз дасти ту мехохам дод.

Султонро дил аз ин сухан ба хам баромад ва об дар дида бигардониду гуфт:
– халоки ман авлотар аст аз хуни бегунохе рехтан.
Пас саручашмаш бибусид ва дар канор гирифт ва дар неъмати бендозааш бахшиду озод кард. Гуянд, хам дар он хафта султон шифо ёфт.

Хамчунон дар фикри он байтам, ки гуфт
Пилбоне бар лаби дарёи Нил:
Зери поят гар надони холи мур,
Хамчу холи туст зери пои пил.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …