Моддаи 100-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Макомоти заминсози ва геодези
- Макомоти заминсози ва геодези дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164, 676-678, 679 кисми 1, 680-682 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
- Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти заминсози ва геодези инхо хукук доранд:
– сардори раёсати назорати давлатии замин, сардорони шуъбахои хамин раёсат, рохбарон ва муовинони рохбарони сохторхои макомоти давлатии заминсози ва геодези дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахру нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 141-146, 148, 149, 151, 152, 155-164 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;
– сардори Раёсати бозрасии назорати давлатии геодези, делимитатсия ва демаркатсияи сархад оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 676-678, 679 кисми 1, 680-682 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.