Главная / Чамъият / Макомоти тандурусти

Макомоти тандурусти

Моддаи 95-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Макомоти тандурусти 

  1. Макомоти тандурусти дар доираи ваколатхои худ парвандахои хукуквайронкунии маъмуриеро, ки дар моддахои 110 –123  Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини гардидаанд, барраси менамоянд.
  2. Барои баррасии парвандахои хукуквайронкунии маъмури ва таъини чазои маъмури аз номи макомоти тандурусти инхо хукук доранд:

– сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тибби, сардорони раёсатхои он  дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва намояндагии он дар минтакаи Кулоб оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 110, 119, 120, 122 ва 123 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевти, сардорони раёсатхои он дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон,  вилоятхо ва намояндагии он дар минтакаи Кулоб оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддахои 121 ва 122 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини  шудаанд;

– сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи, сардухтурони давлатии санитарии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо, шахру нохияхо, сардухтурони санитарии муассисаи назорати санитарии давлатии шахру нохияхо оид ба хукуквайронкунии маъмурие,  ки дар моддахои 112-118 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд;

– директори Маркази чумхуриявии илмии хун, сардорони марказхои хуни Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва намояндагии он дар минтакаи Кулоб оид ба хукуквайронкунии маъмурие, ки дар моддаи 111 Кодекси хукуквайронкунии маъмурии Чумхурии Точикистон пешбини шудаанд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …