Главная / Чамъият / Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои

Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои

Моддаи 300-и Кодекси Мехнат. Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои

  1. Макомоти асосии низоми шарикии ичтимои дар тамоми сатххо комиссияхои сетарафа (дутарафа) ба хисоб мераванд. Аз чониби комиссияхо музокироти коллективи гузаронида, созишнома ва шартномахои коллективи тахия ва баста мешаванд, хамчунин рафти ичрои онхо мавриди барраси карор мегиранд.
  2. Комиссияхои чумхурияви, сохави ва минтакави мувофики Низомнома дар бораи комиссияхои сетарафа оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати дар Чумхурии Точикистон, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон бо мувофикаи иттиходияхои намояндагони кормандон ва иттиходияи корфармоён тасдик мегардад, фаъолият мекунанд.
  3. Дар сатхи чумхурияви комиссияхои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати, макомот оид ба таъмини мутобикгардонии манфиатхои давлат ва тарафхои муносибатхои ичтимоию мехнати дар Чумхурии Точикистон барпо карда мешаванд. Комиссияхои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Хукумати Чумхурии Точикистон, Федератсияи иттифокхои касабаи мустакили Точикистон ва Иттиходияи корфармоёни Чумхурии Точикистон иборатанд.
  4. Дар сатхи сохави комиссияхои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати таъсис дода мешаванд. Хайати комиссияхои сохави, ки ба он намояндагони макомоти дахлдори ичроияи хокимияти давлати, намояндагони кормандон ва корфармоён шомиланд, аз чониби тарафхо ташкил карда мешавад.
  5. Дар сатхи минтакави комиссияхои сетарафа оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати аз хисоби намояндагони макомоти дахлдори ичроияи хокимияти давлати, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.
  6. Дар сатхи ташкилотхо оид ба танзими муносибатхои ичтимоию мехнати, тахия ва бастани шартномахои коллективи комиссияхои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба хайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.
  7. Дар сатхи гуруххои молияви – саноати ва корпоратсияхои трансмилли комиссияхои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратхои) коллективи, тахия ва бастани созишнома дар иттиходияхои ташкилотхои мазкур, аз чумла ташкилотхои берун аз худуди давлат чойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба хайати комиссияхо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мешаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …