Главная / Чамъият / Махдудияти катъи шартномаи мехнати бо занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави

Махдудияти катъи шартномаи мехнати бо занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави

Моддаи 215-и Кодекси Мехнат. Махдудияти катъи шартномаи мехнати бо занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави

  1. Бекор кардани шартномаи мехнати бо ташаббуси корфармо бо зани хомила, занон ва дигар шахсони дорои ухдадорихои оилави, ки дар тарбияи худ кудаки то се сола ё кудаки маъюб доранд, рох дода намешавад, ба истиснои холати пешбининамудаи сархати якуми кисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур, ки дар ин сурат ба катъи шартномаи мехнати баъд аз хатман бо кор таъмин кардани онхо ичозат дода мешавад. Шахсони зикршударо вориси ташкилоти бархамхурда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онхо дар интихоби кори мувофик ва бо кор таъмин кардан макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ёрии хатми расонда, дар ин давра онхоро бо кумакпулихои мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон таъмин менамояд. Корфармо ин шахсонро инчунин дар холати катъи шартномаи мехнати бинобар гузаштани мухлати он бояд бо кор таъмин намояд. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се мохи анчоми мухлати шартномаи мехнати, музди мехнати онхо нигох дошта мешавад.
  2. Агар зан дар рузи ба итмом расидани мухлати шартномаи мехнати дар хусуси зиёда аз дувоздах хафта хомиладор буданаш хулосаи тибби пешниход намояд, корфармо ухдадор аст мухлати шартномаи мехнатиро то рузи ба итмом расидани рухсати барои нигохубини кудак то ба се солаги расидан дароз кунад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …