Главная / Биология / Магзи сари одам

Магзи сари одам

Сохти магзи сар. Магзи сар дар холигии косахонаи сар чой гирифта, аз магзи дарозруя, пулак, магзча, магзи миёна, магзи мобайни ва нимкурахои калон иборат мебошад. Магзи сар аз моддахои хокистарранг ва сафед иборат аст. 

Моддахои хокистарранг аз хучайрахои асаб – нейронхо иборат буда, дар дохили моддаи сафед гурухи нейронхо дар як чой чамъ шуда, ядрохоро ташкил мекунанд. Моддаи сафед роххои гузаронандагиро хосил намуда кисмхои магзи сарро бо хам пайваст мекунад. Мавчудияти ин роххо бутунии системаи марказии асабро таъмин мекунад. 

magzi-sar-768x392

Вазифахои кисми магзи сар. Магзи дарозруя ва пулак давоми хароммагз буда, вазифаи рефлектори ва гузаронандагиро ичро мекунад. Ин магз сохти сегментари надошта, аз гурухи ядрохо иборат аст. Дар ин ядрохо марказхои барои хаёт мухим: нафаскаши, хозима, кори дилу рагхо мавчуданд. Дар холати осеб дидани ин марказхо хаёт дар зери хатар мемонад. Инчунин ба ин магз танзими фурубари, хоидан, макидан, кайкуни ва сулфа алокаманд аст. Магзи дарозруя, пулак ва магзи миёна дар якчояги танаи магзи сарро ташкил медиханд, ки аз онхо 12 чуфт асабхои косахонаи сар ва магз мебароянд. Ин асабхо магзи сарро ба узвхои хиссиёт, мушакхо ва гадудхо мепайванданд. Як чуфти ин асаб (асаби гумрох) магзи сарро бо узвхои дохили: дил, шуш, рудахо ва гайра алокаманд мекунад.

Магзча яке аз таркибхои магзи сар ба хисоб рафта, дар равандхои координатсияи (баробаркунии) харакат иштирок мекунад. Дар холати гайримукаррари кор кардани магзча кобилияти харакатхои дасту пой ва нигох доштани мувозинати баданвайрон мешавад. Чунин одамон риштаро ба сузан гузаронида наметавонанд, калавида рох мегарданд, мушакхояшон беист ларзида меистанд, тез монда мешаванд ва гайра.

Магзи миёна таркиби бисёрядрои буда, ба мушакхои устухон мунтазам импулсхои асабро мефиристонад. Дар ин магз чор теппа мавчуд аст. Аз ин ду теппаи пеш маркази якум босира буда, ду теппаи акиб маркази якуми сомеа ба шумор мераванд. 

Магзи мобайни таркиби мухимтарини магзи сар мебошад. Кариб аз тамоми ретсепторхо хабархо махз бо магзи мобайни ба кисми кишрии нимкурахои калон дохил мешаванд. Инчунин таркиби ин магз аз ядрохои сершумор иборат буда, инхо кори узвхои гуногуни дохилиро ба хам мувофик месозанд. Кисми зиёди рефлексхои мураккаби харакат, ба монанди рохгарди, давидан, шиновари бо ин магз алокаманданд. Дар магзи мобайни инчунин марказхои танзими мубодилаи моддахо, хурокхури, ташнаги, сери, гуруснаги, хоб ва танзими харорат мавчуд аст. Нейронхои баъзе ядрохои ин магз танзими хуморалиро ба чо меоранд. 

Саовлхо

  1. Магзи сар аз кадом кисмхо иборат аст?
  2. Магзи дарозруя ва пулак кадом вазифахоро ичро мекунанд?
  3. Магзча кадом вазифаро ичро мекунад?
  4. Магзи миёна ва мобайни кадом вазифахоро ичро мекунанд? 

Кори амали

Сохти магзи сари одам Тачхизот барои амалиёт: намунаи чудошавандаи магзи сари одам (муляж). 

Рафти амалиёт:

а) Намунаи магзи сарро ба ду чудо кунед. Аз як нимаи намунаи чудошаванда магзи дарозруя, пулак, магзи миёна ва мобайниро ёбед. 

б) Чойгиршавии моддахои сафеду хокистаррангро дар намуна (муляж) бинед. Ба хотир оред, ки моддахои хокистарранг ва сафед аз чи ташкил ёфтаанд.

в) Магзчаро ёбед. Дар он моддахои хокистаррангу сафед чи хел чойгир шудаанд?

г) Намунаи магзи сарро якчоя кунед. Дар сатхи поёни он чойи баромади асабхои косахона ва магзи сарро ёбед.

е) Мазмуни § 9 –и китоби дарсиро омухта, чадвали зеринро пур кунед:

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …