Главная / Гуногун / Магар ахли Ислом ба мафхуми «илм» илми исломи …

Магар ахли Ислом ба мафхуми «илм» илми исломи …

Савол:  Магар ахли Ислом ба мафхуми «илм» илми исломи, яъне факат китобхои диниро дар назар надоранд?

Чавоб:  Ислом худ илм аст. Чи тавр ахли Ислом офаридаи Худо – оламу наботот, хайвонот, хазандаву чаранда ва гайрахоро наомухта, мавчудияти Офаридагорро исбот карда метавонанд?!

Ибни Сино мегуяд «…шинохтани Офаридагори хамаи чизхо ва ягонагии вай ва пайванди  хамаи чизхо ба вай хам андар ин илм бошад. Ва аслхои хамаи илмхо андар ин илм (илохиёт) дуруст шавад ва ин илмро ба охир омузанд, харчанд ба хакикат аввал аст. Ва лекин мо чахд кунем, ки ба аввал биёмузонем ва лутфе ба чо оварем, то мафхум кунем ба неруи Худои таъоло, чалла чалолуху».

Вале саволи Шумо то андозае чой дорад. Аз асри XI сар карда аксари кулли ахли дини Ислом дар Осиёи Миёнаву Эрон ба мафхуми «илм» факат намозу руза, хач ва хайру саховатро мефахмидаги шуданду имруз хам баъзехо аз ин акида фориг шудани нестанд. Яъне илми табиатшиносиро хамчун илми илохиёт кабул кардани нестанд. Албатта ба ин шубхае нест. Зеро баъзе аз ахли илми табиатшиноси, ки дониши комил надоранд, ба дигаргунихои олами модди сарфахм нарафта ё ба шархи бардуруги дахрия такя карда, инро «худхаракаткунии материя» меноманд. Чунин качфахмихо хануз дар  замони Газоли хам авч гирифта буд, ки дар натича илми табиатшиносиро  на хамчун  тифли илохи кабул накарданд, балки онро ба дахрия (атеизм) хавола карда, бо ин амали хеш чомеъаро аз илми илохиёт дур андохтанд. Охир ба дахриён ситеза карда куртаи хешро ба оташ партофтан чи хочат?!

Имруз дунё дигар шудааст, гуфтахои Куръонро нав ба воситаи компютер омухта ошкор мекунанд ва аз хакикат моро огох месозанд. Ахли дини Осиёи Миёна хануз ба хакикати илми табиатшиноси сару кор надоранд. Вале рафти таърих такозо мекунад, ки ахли дин ба илми табиатшиноси, ё ба кавли Ибни Сино «илохиёт» ру оранд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …